Дидор ва гуфтугӯи Кабирӣ бо мақомоти Литва

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти расмии Литва, аз мавзеъи созандаи ин кишвар ҷиҳати қазияҳои марбут ба Тоҷикистон ситоиш намуда, муносибати Литваро дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирини тоҷик намунавӣ номидааст.

Ба навиштаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати Олии ҳизб ва Муҳаммадҷон Сафарзода, ёвари Раиси ҳизб, дар таърихи 5 ва 7 декабри 2017 ба шаҳри Вилнюси Литва сафар намуданд.

Ҳадафи сафар ширкат дар мизи гирд дар мавзӯи “Муҳоҷирати (ғайри) қонунӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Урупо” буд. Ин мизи гирд бо ташаббуси Институти муносибатҳои байналмилалӣ ва илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи Вилнюс ва Маркази мутолеоти шарқшиносии Донишгоҳи Вилнюс ва дар ҳамкорӣ бо Асоссиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар мизи гирд намояндагони мақомоти расмии Литва, сафоратҳои мавҷуд дар ин кишвар, коршиносон, устодон ва донишҷуёни донишгоҳи Вилнюс ва рӯзноманигорон ширкат намуданд. Илова бар ин, намояндагони созмонҳои байналмилалии шинохта оиди дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидабони ҳуқуқи башар, ширкат карданд.

Раиси ҲНИТ, устод Муҳиддин Кабирӣ дар мавзӯъи “Зуҳуроти тундгароӣ байни муҳоҷирин: сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он” суханронӣ намуда, ба саволу мулоҳизаҳои ҳозирин атрофи мавзӯи мавриди назар ва инчунин вазъи Тоҷикистону минтақа ҷавоб дод.

Ба эътирофи масъулини литвонӣ ва дигар ширкаткунандагони мизи гирд, ин аввалин чорабинии муҳим дар чунин мавзӯи ҳассос дар ин кившар будааст. Зеро, раванди муҳоҷират дар ин кишвар қаблан чандон фарогир набуда, аз Осиёи Марказӣ шумораи хеле кам дархости паноҳандагӣ мекарданд. Аммо, тайи ду соли охир ин адад якбора афзуд, ки боиси таваҷҷӯҳи мақомоти ин кишвар нисбати ин раванд гашт.

Коршиносон дар мизи гирд, адади муҳоҷирини тоҷик дар Литваро болои сад нишон дода, равандро рӯ ба афзоиш арзёбӣ карданд. Бар асоси гузоришҳои коршиносон, Литва дар ҳоли ҳозир, кишвари чорум аз рӯйи адади паноҳандагони тоҷик дар Урупо маҳсуб мешавад.

Ҳайати ҳизб инчунин бо мақомоти гуногуни расмии Литва мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқотҳо вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ башар дар Тоҷикистон, омилҳои таъсиррасон дар рушди бесуботии сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи муҳоҷирини тоҷик дар кишварҳои урупоӣ ва масоили дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раҳбари ҲНИТ аз мавқеъи созандаи ин кишвар ҷиҳати қазияҳои марбут ба Тоҷикистон ситоиш намуда, муносибати Литваро дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирини тоҷик намунавӣ номид.

Дар ҳошияи ин сафар Муҳиддин Кабирӣ бо рӯзноманигорони литвонӣ ва инчунин, тоҷикони муқими ин кишвар мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: