Чаро бояд барои Қудс садо баланд кунем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

(Баёни чароии ҳимоят аз Қудс ва сарзамини Фаластин ба забони содда)

Ин суол ахиран аз банда шуд, ки чаро мани тоҷик бояд барои Қудс ва Фаластин садо баланд кунам ва аз он дифоъ намоям.

Ҷавоби ин пурсиш, пас аз баёни таърихчаи ин сарзамин, хоҳад омад:

Таърихчаи Фаластин

Сарзамини Фаластин таърихан мутаъаллиқ ба сокинони аслии он аст, ки иборатанд аз мусалмонон, яҳуд ва масеҳиён. Тибқи омори расмии Созмони Милали Муттаҳид, аксарияти сокинони он, мусалмонон, сипас яҳуд ва масеҳиён ҳастанд. Аз ин рӯ, ҳеч як аз ин се қавмият ба танҳоӣ ҳаққи ташкили давлат бидуни мушорикати дигар қавмиятҳоро надорад.

Бале, чанд ҳазор сол пеш, Банӣ Исроил (яҳуд) дар ин сарзамин давлат ташкил карда буданд; дар сарзамине, ки сокинони аслии онро арабҳои канъонӣ ташкил медоданд, яъне ниёкони фаластиниҳои имрӯз. Албатта, лозим ба ёдоварист, давлате, ки Банӣ Исроил ташкил дода буданд, беш аз ин ки давлати яҳуд бошад, давлати паёмбарон буд; паёмбароне мисли ҳазрати Довуд (а), Сулаймон (а) ва дигарон.

Қабл аз зуҳури Ислом, ҳукумат дар ин сарзамин дар дастони Рум буд. Ҷолиб ин ки: ҳам дар замони ҳукумати паёмбарони Банӣ Исроил ва ҳам дар даврони ҳукумати Рум, аксарият дар ин сарзамин ҳамеша арабҳо будаанд, чӣ араби масеҳӣ ва чӣ араби бутпараст.

Аз ин рӯ, иддаъои саҳюнистҳо, ки ин сарзамин таърихан мутаъаллиқ ба онҳо будааст, мисли ин иддаъост, ки мақдуниҳо имрӯз иддаъо кунанд, ки аз Юнон то марзи Чин мутаъаллиқ ба онҳост; зеро пас аз фатҳи Искандар, ин сарзаминҳо муддате таҳти ҳукумати мақдуниҳо-юнониҳо қарор дошт. Ва ё муғулҳо иддаъо кунанд, ки аз Муғулистон то Русия ва то Офриқо мутаъаллиқ ба онҳост, зеро замоне дар ин сарзаминҳо ҳукумат кардаанд.

Пас аз зуҳури Ислом, Фаластин ба дасти мусалмонон идора мешуд, ва ба шаҳодати таърих, мусалмонон ҳаргиз ба соири қавмиятҳои сокин дар ин сарзамин, чӣ яҳуд ва чӣ масеҳият, фишор намеоварданд ва балки дар озодии комил зиндагӣ ва ба маросими ибодии худ машғул буданд.

Сипас, масеҳиёни салибӣ ба ин сарзамин юриш бурданд ва чӣ мусибатҳое ба бор наёварданд, ки дар таърих сабт шудааст! Салибиҳо беш аз он ки ба мусалмонон ситам раво дошта бошанд, ба яҳуд зулм карда буданд. Фаластин ҳудуди 100 сол зери ишғоли салибиҳо буд.

Сипас Амир Салоҳуддини Айюбӣ, Фаластин ва Қудсро аз салибиҳо озод кард. Пас аз озодии Қудс, яҳуд аз нав тавонистанд нафаси озод бикашанд. (Р.к: Таърихи тамаддуни Вил Дурон).

Чунонки медонед, яҳуд дар ҳамаи ҷои дунё — аз Омрико ва Урупо бигир то Русия ва кишварҳои исломӣ аз ҷумла Бухоро ва Самарқанди худамон — пахшу пароканда буданд.

Ҳудуди 130 сол пеш (яъне охирҳои қарни 19-уми милодӣ) ҷунбиши саҳюнистӣ – ки як ҷунбиши сад дар сад нажодпарастонаи яҳудӣ аст – дар Урупо ба дасти чанд нафар яҳудӣ аз ҷумла Теодор Ҳертзл таъсис шуд, ки ҳадафаш ташкили як давлати соф яҳудӣ буд. Ин ҷунбиш, аввал қасд дошт давлати худро ё дар Уругвай (Офриқо) ва ё Оржонтин ташкил диҳад. Яъне, ин ҷунбиш дар ибтидо аслан ба фикри ташкили давлати худ дар Фаластин набуд, зеро яҳуд дар Фаластин дар он даврон ҳамагӣ 7 дарсади кулли ҷамъияти Фаластинро ташкил медоданд.

Вақте Уругвай ва Оржонтин барои саҳюнистҳо сарзаминҳои муносибе дониста нашуданд, онҳо ба Султон Абдулҳамид (имперотурии Усмонӣ) нома навишта ва аз ӯ дархост карданд, ки иҷоза бидиҳад, яҳуд дар гӯшае аз Фаластин ҳукумат ташкил диҳанд. Султон Абдулҳамид ба шиддат мухолифати худро изҳор дошт. Пас аз Усмонӣ, Фаластин мустаъмараи Бритониё шуд.

Саҳюнистҳо бо Бритониё равобити бисёр наздик ва гарм доштанд, аз ин рӯ, зимни як ҳамкорӣ бо онҳо, бар он шуданд, то Бритониё ба онҳо иҷоза диҳад ҳукуматашонро дар Фаластин ташкил кунанд. Аммо аз он ҷо, ки дарсади яҳуд дар Фаластин бисёр андак буд, ҷунбиши саҳюнистӣ тасмим гирифт ба тадриҷ аз арабҳои фаластинӣ замин харидорӣ кунад ва аз тамоми гӯшаву канори дунё яҳудҳоро ба Фаластин мунтақил созад. Бинобар ин, аз ибтидои қарни 20-ум, яҳудиёни Омрико ва Урупо ва Русия ва ғайра ба тадриҷ ба Фаластин кӯч дода шуданд, албатта бо ҳамкории давлати истеъмории Бритониё, ки Фаластин ҷузъи мустаъмараи он буд.

Саранҷом, соли 1948 (пас аз поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум) саҳюнистҳо бо ҳамкории Бритониё, Омрико ва Шӯравӣ (яъне кишварҳои пирӯзи ҷанг) давлати худро дар Фаластин эълон ва Созмони Милал ҳам онро расман эътироф кард. Албатта, Созмони Милал яъне се кишвари Омрико, Бритониё ва Шӯравӣ.

Пас аз эълони ин давлати ҷаълӣ ва сохтагӣ, саҳюнистҳо шурӯъ ба қатли омми соири сокинони Фаластин, яъне мусалмонон ва масеҳиён намуданд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор фаластинӣ кушта шуда ва милюнҳо фаластинии дигар ба дигар кишварҳо муҳоҷират карданд. Қатли омми ин мардуми бечора худаш ниёз ба навиштани як мақолаи ҷудо дорад, ки сари фурсат менависам.

Ин аст таърихчаи бисёр мухтасари ин сарзамин.

Ҳол, чаро барои Қудс бояд садо баланд кунем? Ба ду далел:

* * *

1) Ба далели он, ки ИНСОН ҳастем:

Аз он ҷо, ки ИНСОН ҳастем, бояд аз Фаластин дифоъ намоем. Зеро дар қарни 21, дигар ҳеч ҷое дар дунё боқӣ намонда, ки ба унвони “сарзамини ишғолӣ” хонда шавад ба ҷуз Фаластин. Ба кадом далел ва кадомин ҳақ, як ҷунбиши нажодпараст (саҳюнизм) сарзаминеро ишғол ва сокинони аслии онро берун ронда ва яҳудро аз ақсо нуқоти олам ҷамъ оварда ва дар ин сарзамин сокин созад? Ба кадом далел? Ин иқдом иқдоме ғайриинсонӣ аст, ки бояд башар ва инсони мутамаддин ҷилави онро бигирад.

Ин ки саҳюнистҳо дар тамоми ҷаҳон ба хусус Омрико нуфуз доранд ва пул доранд ва зӯр доранд ва расона доранд, далел намешавад, ки барояшон ин ҳақро бидиҳем, ки мардумони бечораро аз хона ва кошонаи худ берун биронанд ва сарзамини онҳоро ғасб намоянд. Ин камоли ваҳшоният ва таваҳҳуш аст.

Аз ин рӯ, мо, сарфи назар аз ин ки мусалмон ҳастем, ба унвони ИНСОН бояд дар канори мазлум ва бечора биистем ва аз ҳаққаш дифоъ намоем.

Мо мусалмонҳо ва ҳатто худи фаластиниҳо ҳаргиз нагуфтаанд, ки Фаластин фақат мутаъаллиқ ба онҳост. Баъзеҳо муғолата мекунанд ва амдан ва ё нодониста ин пиндорро илқо мекунанд, ки мусалмонон гӯё зидди яҳуд бошанд. Ҳаргиз чунин нест. Мо зидди нажодпарастӣ ва зидди саҳюнизм ҳастем, на зидди яҳуд. Тамоми ҳарфи фаластиниҳо ин аст, ки дар ин сарзамин давлате бино шавад, ки тавассути сокинони аслии он, яъне мусалмонон ва яҳуд ва масеҳиён, идора шавад, на тавассути як қавми хосс. Ҳарфи фаластиниҳо ин аст, ки сокинони аслӣ ба хонаву кошонаи худ баргарданд ва “меҳмонҳои нохонда” ба кишварҳои худ баргарданд.

Ин ки мусалмонон мегӯянд, “Исроил” бояд маҳву нобуд шавад, муродашон яҳуд нест, набояд халт шавад, балки манзурашон давлати ҷаълӣ ва сохтагии “Исроил” аст, ки аз сӯи саҳюнистҳо ташкил шуда.

Мо мутмаин ҳастем, ки чунонки давлати опортойд дар Офриқои ҷанубӣ маҳв шуд, давлати худхонда ва нажодпарастонаи “Исроил” ҳам дер ё зуд аз байн хоҳад рафт, ва сипас мусалмону яҳуду масеҳӣ дар канори ҳам зиндагии мусолиматомезе хоҳанд дошт.

* * *

2) Ба далели мусалмон будан:

Далели дуввуми ин ки бояд барои Қудс ва Фаластин садо баланд кунем ва барои дифоъ аз он даст ба кор шавем, мусалмонии мост. Қудс қиблаи аввали мусалмонон аст ва бароямон қадосат дорад. Мусалмонон ҳаргиз иҷоза нахоҳанд дод, ки қиблаашон ба дасти чанд нажодпарасти саҳюнист тахриб шавад ва ба ҷояш “Ҳайкали Сулаймон” бино гардад; коре, ки саҳюнистҳо қасд доранд бикунанд. Дини мо, шариати мо ва ҳувияти мо бароямон ин иҷозаро намедиҳад, ки дар баробари ин ҷиноят сукут кунем. Ҳаргиз! Қудс фақат мутаъаллиқ ба фаластиниҳо нест, мутаъаллиқ ба якуним милёрд мусалмон аст, аз Марокаш то Андунезӣ.

Ва аз он тараф ҳам, мусалмонон, ба фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), аъзои пайкари воҳид ҳастанд, ки вақте узве дар он ба дард ояд, соири аъзо ҳам ба дард меояд. Ин аст мусалмон. Вақте бародарон ва хоҳарони фаластинии онҳо ранҷ мекашанд, дигар мусалмонон низ шарики ранҷи онҳо ҳастанд.

Касе, ки субҳ кунад ва ба андешаи мусалмонони дигар набошад, ӯ мусалмон нест.” (Ҳадис)

Ин буд баёни мухтасари ин масъала.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Пароканда, Торих, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: