Перейти к содержимому

Шайхи Алазҳар мулоқот бо муовини раисиҷумҳури Омрикоро лағв кард

Шайхи Алазҳар дар эътироз ба иқдоми Омрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти Фаластини ишғолӣ, мулоқоти муовини раисиҷумҳур Дунолд Тромп бо вайро лағв кард.

Ба гузориши расонаҳои мисрӣ, дуктур Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар, дар эътироз ба иқдоми Омрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти Фаластини ишғолӣ, мулоқоти муовини раисиҷумҳур Дунолд Тромп бо вайро лағв кард.

Алазҳари Миср, бузургтарин ниҳоди динии аҳли суннат, дар баёнияе эълом кард, ки Аҳмад Тайиб дар вокуниш ба ин иқдоми Омрико мулоқоти аз пеш таъйиншуда бо Мойк Пенес, муовини Тромпро лағв кард. Қарор аст Пенес дар рӯзҳои оянда ба Миср сафар кунад.

Тайиб ҳамчунин бо баёни ин ки тасмими ахири раисиҷумҳури Омрико дар қиболи Қудс зулм ба фаластиниён аст, аз Тромп хост аз тасмимоти ғайриқонунӣ ва золимонаи худ дар мавриди Қудс даст бикашад.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико шомгоҳи чаҳоршанбе шаҳри Қудсро ба унвони пойтахти ҷадиди режими Исроил муаррифӣ кард ва дастур дод сафорати Омрико ба ин шаҳр мунтақил шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: