4 шаҳид ва беш аз 1000 захмӣ дар хезиши Фаластин

Вазорати беҳдошти Фаластин шаҳодати 4 нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 1000 нафар дар даргириҳои ахири каронаи Бохтарӣ, Қудс ва навори Ғазза барои ҳимоят аз Қудсро таъйид кард.

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ҳамалоти низомиёни режими саҳюнистӣ ба фаластиниҳо тайи ду рӯзи гузашта (панҷшанбе ва ҷумъа) мунҷар ба шаҳодати 4 фаластинӣ ва маҷрӯҳ шудани 1114 тан шуд.

Бар асоси гузориши вебгоҳи Аррисола (наздик ба Ҳамос), дар баёнияи Вазорати беҳдошти Ғазза омадааст, 954 маҷрӯҳ ба сурати майдонӣ мудово ва 160 тани дигар ба бемористонҳои Ғазза, каронаи Бохтарӣ ва Қудс мунтақил шудаанд.

Бино ба гузориши мазкур, теъдоди маҷрӯҳони каронаи Бохтарӣ ва Қудс 935 ва теъдоди маҷрӯҳони Ғазза 179 тан эълом шудааст; ҳоли 5 тан аз захмиҳо вахим аст ва ҷароҳоти мобақӣ байни мутавассит ва сатҳӣ гузориш шудааст.

Рӯзи ҷумъа, ки дар эътироз ба иқдоми Омрико барои ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Фаластини ишғолӣ, “Ҷумъаи хашм” эълом шуд, даргириҳои шадид миёни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни режими саҳюнистӣ дар каронаи Бохтарӣ, Қудс ва Ғазза даргирифт.

Ду ҷавони ба шаҳодат расида Маҳмуд ал-Мисрӣ (30-сола) ва Моҳир Атоулло (45-сола) аз аҳолии навори Ғазза ҳастанд.

* * *

Ҳамос: Интифоза оғоз шудааст

Дар ҳамин ҳол, Ҷунбиши Ҳамос эълом кард, Интифозаи муборак оғоз шуда ва то бозгардондани комили ҳуқуқи Фаластин, мутаваққиф нахоҳад шуд. Ҳамос дар баёнияи дишаби худ аз тамоми гурӯҳҳо ва мардуми Фаластин дархост кард, ин интифозаро идома диҳанд.

Ин ҷунбиши фаластинӣ аз ҳама хост зери парчами муқовимат муттаҳид шаванд ва ба иқдомоти муқовимати худ алайҳи режими саҳюнистӣ идома диҳанд. Дар ҳамин хусус, Холид Машъал, раиси собиқи дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос гуфтугӯе бо шабакаи хабарии Алҷазира дошт, ки дар гузоришҳои баъдӣ машрӯҳи онро хоҳем овард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: