Перейти к содержимому

Ардуғон: “Исроил режими теруристӣ ва кӯдаккуш аст!”

Раисиҷумҳури Туркия, ки дар рӯзҳои ахир борҳо мухолифаташро дар бораи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ эълом карда, имрӯз (якшанбе, 10.12.2017) ин режимро давлати теруристӣ ва кӯдаккуш хонд.

Ба дунболи иқдоми ахири раисиҷумҳури Омрико дар эъломи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, мақомоти кишварҳои мухталиф ба вежа кишварҳои исломӣ, алайҳи ин иқдом мавзеъгириҳои мухталифе кардаанд.

Мақомоти Туркия ҳам, ки борҳо мухолифати худро бо чунин иқдоме эълом кардаанд, дар рад ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, хостори баргузории нишасти изтирории раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ шуданд.

Ҳоло расонаҳои хабарӣ аз қабили хабаргузории Фаронса, аз изҳори назари раисиҷумҳури Туркия алайҳи режими саҳюнистӣ хабар додаанд.

Тибқи гузориши ин расонаҳо, Раҷаб Тайиб Ардуғон, режими саҳюнистиро “давлате теруристӣ ва кӯдаккуш” хондааст.

Раисиҷумҳури Туркия эълом карда, ки кишвараш “аз ҳамаи абзорҳо барои ҷангидан” бо ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ истифода хоҳад кард.

Вай тасреҳ кард: “Фаластин қурбонии бегуноҳӣ аст. Мо Байтулмуқаддасро дар дасти давлате, ки кӯдаконро мекушад, раҳо нахоҳем кард.”

Ардуғон дар нишасти Ҳизби адолат ва тавсиа идома дод: “Мо ба ҳамаи мухотабонамон тавзеҳ додем, ки тасмими Омрико (дар бораи Байтулмуқаддас) мутобиқи қавонини байналмилал, диплумосӣ ё инсоният нест.”

Ардуғон бо ишора ба иҷлоси изтирории ояндаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истонбул афзуд: “Мо бо нақшаи роҳе, ки дар нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ эҷод хоҳем кард, нишон хоҳем дод, ки иҷрои ин тасмим (ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил) осон нахоҳад буд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: