Перейти к содержимому

Оғози 4-умин Ҳамоиши байналмилалии Мавлоно дар Қунияи Туркия

4-умин Ҳамоиши байналмилалии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба муносибати солгарди вафоти ин шоир ва орифи номдор бо ҳузури мақомот, андешамандон ва муҳаққиқон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, дар Донишгоҳи Салҷуқи шаҳри Қунияи Туркия оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, ин ҳамоиш рӯзи гузашта бо унвони “Ҳазрати Мавлоно ва бародарӣ дар ҷаҳони ислом” бо ҳузури мақомот, андешамандон ва донишҷӯён дар солуни конфронси Донишкадаи иқтисод ва улуми идории Донишгоҳи Салҷуқи шаҳри Қунияи Туркия оғоз шуд.

Профессор Мустафо Шоҳин, раиси Донишгоҳи Салҷуқ, дар ин ҳамоиш гуфт: “Барои барпоии бошукӯҳи 744-умин солгарди вафот ё ба қавли худи ҳазрати Мавлоно, рӯзи васлати вай, имсол беш аз як ҳазору 300 барнома тадорук дида шуда, ки дар 6 мавзӯи аслӣ баргузор мешавад.”

Вай баён кард: “Шиори барномаҳои имсол бо шиори бародарӣ аст ва тамомии ин барномаҳо бар ин меҳвар баргузор мешавад, чаро ки дар даврони пурбӯҳрони кунунӣ, ки чизе кам аз ҳамлаи муғулон бар сарзаминҳои исломӣ надорад ва бисёре аз мардум ба иҷбор аз шаҳру диёри худ муҳоҷират кардаанд, бояд ба андешаҳои исломӣ ва каромати инсонӣ бар меҳвари бародарӣ баргардем ва дар чунин давроне ба андешаҳои Мавлоно бисёр ниёз дорем.”

Профессор Алӣ Тамизол, мудири Муассисаи таҳқиқоти Мавлонои Донишгоҳи Салҷуқ низ дар ин ҳамоиш гуфт: “Дар ҷомеаи имрӯз ниёзи мубраме ба бародарӣ дар ҷаҳон дорем ва умедворем ин ҳамоиш низ василае дар ростои дастёбӣ ба ин амр бошад.”

Дар ин ҳамоиши 2-рӯза 34 андешаманд ва муҳаққиқ аз 21 донишгоҳ ва аз 10 кишвари мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд.

Ин ҳамоиш шомили 9 нишасти мухталиф бо ановине ҳамчун: ҷангу сулҳ дар ҷаҳони ислом, таърихчаи забонҳои шарқӣ, ғарбӣ ва туркӣ, таърих, ирфон, фалсафа, мусиқӣ ва ҳунарҳои зебост ва муҳаққиқони ҳозир дар ин нишастҳо бо ироаи мақолоти худ, дар хусуси шеваҳои баҳрагирӣ аз афкор ва осори Мавлоно дар ростои эҷоди ваҳдат ва ҳамбастагии бештар дар ҷаҳони ислом, ба ироаи дидгоҳи худ мепардозанд.

Лозим ба ёдоварист, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар 5-уми ҷамодиулохари соли 672 вафот ёфт ва ин рӯзро ба сабаби даргузашти ӯ, рӯзи ъурс номидаанд ва ба ҳамин хотир 27 озармоҳ (17 декабр) ба муносибати солрӯзи даргузашти Мавлавӣ “Рӯзи ъурс” номида шудааст.

Маросими “Рӯзи ъурс” ҳамасола аз аввал то 17-ум декабр дар шаҳри Қуния ва дар боргоҳи Мавлоно баргузор мешавад ва ҳазорон алоқаманд аз саросари ҷаҳон ба ин шаҳр сафар мекунанд.

Шаҳри 700 ҳазорнафарии Қуния ба воситаи мақбараи Мавлоно аз шӯҳрати хоссе дар ҷаҳон бархӯрдор аст ва бо баргузории маросими ъурс, гардишгарони бисёре аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба ин шаҳр меоянд ва илова бар ҳузур дар маросими вежа ва зиёрати оромгоҳи Мавлоно, ба тамошои рақси самоъ низ мепардозанд.

Маросими шаби ъурс ҳар сол ба муддати даҳ шаб дар муҷтамаъи фарҳангии Мавлавия аз 10 то 17 декабр мусодиф бо солгарди даргузашти Мавлоно дар Қуния баргузор мешавад.

Мақбараи ҳазрати Мавлоно маконест, ки дар он қубури бисёре аз наздикони Мавлоно ва муридони ӯ қарор гирифта ва ҳуҷраҳои даровиш ва матбахи Мавлоно ва китобхона низ мулҳақ ба ин биност ва маҷмӯи он ба чанд равоқ тақсим мешавад, ки сабки ҳамаи равоқҳо гунбадӣ ва шабеҳи якдигар аст.

Боргоҳи Мавлоноро дар истилоҳи маҳаллӣ “Даргоҳ” мегӯянд, ки ин бино ба масоҳати 6500 метри мураббаъ дар соли 1926 ба сурати музейи ашёи атиқаи Қуния даромад ва дар соли 1945 музейи Мавлоно ном гирифт.

Қабри ҳазрати Мавлоно пӯшида аз атласи сиёҳе аст, ки тавассути Султон Абдулҳамиди дуввум дар соли 1894 ҳадия шуда ва бар ин атлас, оёте аз Қуръон бо мӯҳри подшоҳӣ нақш баста ва хаттоти он Ҳасани Сиррӣ будааст.

Зареҳи аслии Мавлоно аз чӯб буд ва дар қарни 16-ум онро аз онҷо бардошта ва бар қабри падараш Баҳоуддин Валад қарор доданд.

Зареҳи баланди Мавлоно шоҳкоре аз манбаткории даврони Салҷуқиёни Рум аст ва он тавассути ду ҳунарманд яке ба номи Салим писари Абдулвоҳид ва дигаре ба номи Ҳисомуддин Муҳаммад писари Кунак кандакорӣ шуда ва дар пешонӣ ва паҳлӯ ва ақиби зареҳ оёти қуръонӣ ва ашъори ирфонӣ аз Мавлоно омадааст.

Дар шаби даргузашти ҳазрати Мавлоно маросими самоъ низ бо “наъти шариф”, ки шеъре аз Мавлоно ва мадиҳае бар ашрафи коинот ҳазрати Муҳаммад (с) аст, баргузор мешавад, ки ин самоъ аз чаҳор бахш ташкил шуда ва ҳар кадомаш “салом” номида мешавад.

Маросими самоъ, ки дар 27 озармоҳ (17 декабр) баргузор мешавад, поёнбахши ойинҳои вежаи солгарди даргузашти ҳазрати Мавлавӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: