Сарлашкар Ҷаъфарӣ: “Қудс қабристони режими ҷаълии саҳюнистӣ хоҳад шуд”

Сарлашкар Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ бо таъкид ба ин ки ҳадафи аслии Омрико ва режими саҳюнистӣ тахриби Масҷидулақсо аст, гуфт: “Ба фазли илоҳӣ, Қудс қабристони режими ҷаълии саҳюнистӣ хоҳад шуд.”

Ба гузориши Сипоҳнюз, сарлашкар Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Эрон, тайи суханоне дар ҷамъи теъдоде аз коркунони ситоди фармондеҳии кулли Сипоҳи Посдорони ин кишвар дар бораи тасмими ахири давлати Омрико мабӣ бар интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудси ишғолӣ ва ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими ғосиби Исроил, изҳор дошт: “Ҳамаи инҳо муқаддимаи тахриби Масҷидулақсо аст ва мусалмонон бояд бидонанд агар ҳамин алъон ва ба фаврият, муқобили ин тавтиаи шум наистанд, замон ба суръат аз даст хоҳад рафт.”

Вай таъкид кард: “Омрико ва режими саҳюнистӣ таърихитарин ҳамоқати худро алайҳи Қудси шариф муртакиб шудаанд ва ба фазли илоҳӣ Қудс қабристони режими ҷаълии Исроил хоҳад шуд.”

Ҷаъфари хотирнишон кард: “Ин тасмими Омрико муқаддимаи инкори комили ҳаққи мавҷудияти кишвари Фаластин ва ҳаққи зиндагии мардуми Фаластин дар кишвари Фаластин аст ва онҳо барои таҳаққуқи ин ҳадаф ҳатто дӯстони собиқи худ дар Ҷунбиши “Фатҳ”-ро ҳам нодида гирифта ва таҳқир кардаанд.”

Вай бо ишора ба ин ки мо иттилоъ дорем, ки ин тасмим маҳсули ройзаниҳо, тавофуқот ва ҳамоҳангиҳои паси парда бо бархе кишварҳои арабӣ ба вежа Арабистони Саудӣ аст ва онҳо аз чанд моҳ қабл дар ҷараёни мавзӯъ будаанд, гуфт: “Режими Саудӣ талош мекунад мавзеъгирии мусалмонон алайҳи ҷинояти тозаи Омрико дар ҳадди ҳарф ва баёния боқӣ бимонад. Онҳо бо Исроил ва Омрико тафоҳум кардаанд, ки иқдоми амалӣ барои ҳифозат аз Қудс сурат нагирад ва масъалаи Фаластинро аз доираи манофеъ ва ҳассосиятҳои ҷаҳони ислом хориҷ созанд.”

Ҷаъфарӣ таъкид кард: “Ин бор ҳам ҳамчун масъалаи Курдистон, масъалаи Лубнон ва масъалаи Яман, уммати исломӣ тарҳҳо ва муҳосиботи душманонро баҳам хоҳад рехт ва хоинонро муҷозот хоҳад кард.”

Вай бо ишора ба паёмадҳои шикастҳои минтақаии душманони уммати исломӣ тасреҳ кард: “Шикастҳои пай дар пай дар минтақа системи муҳосиботӣ ва тасмимгирии душманро барҳам рехтааст ва дар чунин шароите муҳимтарин коре, ки ҷаҳони ислом бояд анҷом диҳад, баҳрагирии дақиқ ва ба мавқеъ аз ин фурсатҳост.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: