Тазоҳуроти имрӯзи кишварҳои ҷаҳон дар ҳимоят аз Фаластин (тасовир)

Дар пайи тасмими ахири Омрико мабнӣ бар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти “Исроил”, мардуми кишварҳои мухталифи ҷаҳон имрӯз (якшанбе, 10.12.2017) низ дар ҳимоят аз Фаластин тазоҳурот баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар ҳамин росто садҳо мӯътариз дар наздикии сафорати Омрико дар Лубнон таҷаммӯъ карданд. Нерӯҳои амниятии Лубнон барои мутафарриқ кардани мӯътаризони тарафдори Фаластин дар наздикии сафорати Омрико дар Бейрут аз гози ашковар ва оби пурфишор истифода карданд.

Нерӯҳои амниятӣ барои мутаваққиф кардани ин тазоҳурот мавонеъеро дар хиёбони мунтаҳӣ ба сафорат қарор доданд.

Хабарнигори хабаргузории Фаронса эълом кард, ки чандин тан дар ин тазоҳурот маҷрӯҳ шуданд. Нерӯҳои амниятии Лубнон ҳанӯз посухе дар ин бора надодаанд.

Мӯътаризон парчамҳои Лубнон ва Фаластинро дар даст дошта ва бархе аз онҳо чафия бар даври гардани худ андохта буданд ва шиорҳое алайҳи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ки рӯзи чаҳоршанбе Қудсро ба унвони пойтахти “Исроил” эълом кард, сар доданд.

Дар миёни мӯътаризон аъзои аҳзоби Фаластин ва ҳамчунин чапгароҳо, кумунистҳо ва исломгароҳои лубнонӣ ҳузур доштанд.

Садҳо ҳазор тан аз паноҳҷӯёни Фаластин дар Лубнон зиндагӣ мекунанд, ки дар тӯли солиёни гузашта аз хонаи худ ба далели иқдомоти хасмонаи “Исроил” фирор кардаанд.

Ҳамчунин наздик ба 10 ҳазор тан аз мардуми Андунезӣ (Индонезия) дар тазоҳуроте эътирозомез дар муқобили сафорати Омрико дар Ҷокорто эътирози худро ба тасмими ахири Вошингтун дар бораи Қудс эълом карданд.

Ин севвумин ва бузургтарин тазоҳурот дар Андунезӣ пас аз эъломи шиносоии Қудс ба унвони пойтахти “Исроил” аз сӯи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикост.

Ҳамчунин чандин тазоҳуроти мушобеҳ дар дигар шаҳрҳои Андунезӣ баргузор шуд.

Дар Маскав низ даҳҳо тан бо таҷаммӯъ муқобили сафорати Фаластин, ҳимояти худро аз Қудс ва мардуми Фаластин эълом карданд.

Тазоҳуркунандагон тасмими ахири Тромп дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти “Исроил”-ро маҳкум карданд.

Дар Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Ғазза низ тазоҳуроте дар маҳкумияти ин иқдоми Тромп баргузор шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: