Ҳароси “Исроил” аз ифшои асноди моликияти Қудс

Як рӯзномаи туркӣ дар хабаре эълом кард, ки асноди моликият бар шаҳри Қудс, ки дар оршивҳои (архивҳои) Туркия аз давраи Усмонӣ нигаҳдорӣ мешавад, боиси нигаронии шадиди исроилиҳо шудааст.

Пойгоҳи интернетии рӯзномаи туркии “Яни Шафақ” дар хабаре навишт: “171 ҳазору 360 санади моликияти Қудс, ки марбут ба давраи Усмонӣ аст, дар оршивҳои Туркия нигаҳдорӣ мешавад, ки 133 ҳазору 365 санади он марбут ба дороиҳои хусусӣ ва 37 ҳазору 671 санади он мутаъаллиқ ба дороиҳои умумӣ аст.”

Ба навиштаи ин расона, вуҷуди ин аснод аз Қудс, ки марбут ба ҳудуди сад сол пеш буда ва дар ихтиёри Туркия аст, мӯҷиби нигаронии исроилиҳо шудааст.

Яни Шафақ” навишт: “Ин асноди моликият, ки ҳамагӣ исботкунандаи таъаллуқи сарзамини Фаластин ба фаластиниҳост, пештар ба мақомоти давлати худгардон дар Фаластин низ ирсол шуда, аммо давлати “Исроил” ҳанӯз дархосте расмӣ барои дарёфти ин аснод аз Туркия накарда; зеро дар сурати анҷоми ин кор, ба воқеъ бояд адами моликияти худ бар сарзаминҳои фаластиниро бипазирад.”

Гуфтанист, Султон Абдулҳамиди дуввум, 34-умин халифаи Усмонӣ ва охирини онҳост, ки дар 21 сентябри соли 1842 мутаваллид шуд ва дар соли 1876 ба тахти подшоҳӣ нишаст. Вай дар соли 1909 аз хилофат барканор шуда ва то соли 1918 дар боздошти хонагӣ қарор дошт.

Вай зери назари бузургони илму ахлоқи замони худ ба фарогирии илм пардохт ва таъриху адабро фаро гирифт ва ба ҷуз забони модариаш, бар забонҳои форсӣ ва арабӣ низ тасаллут дошт.

Ӯ хадамоти шоёне барои ислом ва мусалмонон анҷом додааст. Ҳангоме, ки саҳюнистҳо дар соли 1897 аввалин ҷаласаи худро дар Суис (Шветсария) ва ба риёсати Теодор Ҳертзл баргузор карда ва тасмим гирифтанд то як кишвари яҳудӣ дар Фаластин таъсис кунанд, бо пешниҳодҳои гуногуне барои касби ризояти Султон Абдулҳамиди дуввум талош карданд, аммо вай ҳамаи пешниҳодҳоро рад кард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: