Перейти к содержимому

Ҳушдори Мавлавӣ Абдулҳамид ба Омрико ва “Исроил”

Мавлавӣ Абдулҳамид, руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон, бо ҳушдор ба Омрико ва “Исроил” гуфт: “Банда аз ин трибуни намози ҷумъаи як кишвари исломӣ ба Омрико ва “Исроил” ҳушдор медиҳам, ки бозии бисёр хатарнокеро оғоз кардаед. Шумо мусалмононро водор мекунед, ки ба ҷиҳод бархоста ва дар муқобили шумо биистанд. Шумо ҳастед, ки минтақаро ноамн карда, сулҳу амниятро ба хатар меандозед.” Вай афзуд: “Раисиҷумҳур ва соири сиёсатмадорони Омрико бидонанд, ки ин тасмими Тромп сабаби ваҳдат, инсиҷом ва бедории ҷаҳони ислом хоҳад шуд.»

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ин руҳонӣ, вай дар маросими намози ҷумъаи ин ҳафта изҳор дошт: ”Раисиҷумҳури Омрико сароҳатан эълом кардааст, ки Байтулмуқаддас пойтахти “Исроил” хоҳад буд ва сафорати Омрико ба ин шаҳри муқаддас мунтақил мешавад, ин дар ҳолест, ки ҳеч кадом аз руасои ҷумҳури Омрико то кунун ҷуръати иттихози чунин тасмимеро надоштаанд.”

Ин руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон, эъломи ахири Тромпро “орзуи деринаи Исроил” донист ва хотирнишон кард: “Таъйини Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти “Исроил” аз орзуҳои деринаи режими ишғолгар, мутаҷовиз ва теруристии саҳюнистӣ аст, аммо дар тӯли таърих на режими саҳюнистӣ ва на Омрико ҷуръати эъломи сареҳи ин орзуро надоштаанд. Вале аз он ҷое, ки оқои Тромп инсони бетадбир ва камақле аст, ба худаш иҷозаи ин иқдоми ношоистро додааст.”

Мавлавӣ Абдулҳамид афзуд: “Давлат ва кишвари Омрико бидуни ҳеч таваҷҷӯҳе ба эҳсосот ва ҳуқуқи миллати Фаластин ва соири мусалмонони ҷаҳон, дар канори яҳудиён ва саҳюнистҳо қарор мегиранд ва бо тавассул ба зӯр мехоҳанд сарзамини Фаластинро барои ҳамеша ба номи худашон сабту забт кунанд.”

Вай дар идома Омрико ва “Исроил”-ро мавриди хитоб қарор дод ва гуфт: “Банда аз ин трибуни намози ҷумъаи як кишвари исломӣ ба Омрико ва “Исроил” ҳушдор медиҳам, ки бозии бисёр хатарнокеро оғоз кардаед. Шумо мусалмононро водор мекунед, ки ба ҷиҳод бархоста ва дар муқобили шумо биистанд. Шумо ҳастед, ки минтақаро ноамн карда, сулҳу амниятро ба хатар меандозед.”

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идома, мухолифати қудратҳои ҷаҳонӣ бо ин тасмими Тромпро хостор шуд ва афзуд: “Урупо, Русия ва соири қудратҳои ҷаҳонӣ набояд дар муқобили ин тасмим бетафовут бошанд, балки бояд дасти Тромпро бигиранд, зеро ӯ мехоҳад илова бар худаш, ҷаҳони ислом ва тамоми дунёро ба оташ бикашад.”

Вай дар идома хотирнишон кард: “Раисиҷумҳур ва соири сиёсатмадорони Омрико бидонанд, ки ин тасмими Тромп сабаби ваҳдат, инсиҷом ва бедории ҷаҳони ислом хоҳад шуд. Уммати исломӣ бояд аз хоби ғафлат бедор шавад, зеро душманони ислом мехоҳанд қиблаи аввали мусалмононро барои ҳамеша тасоҳуб карда ва ибодатгоҳи худашонро дар онҷо бино кунанд, ки дар ин сурат, дар Байтулмуқаддас дигар ҷое барои мусалмонон нахоҳад буд, ки дар онҷо ба ибодат ва ниёиш бипардозанд. Агар мусалмонон дар муқобили душманонашон яди (дасти) воҳид набошанд, қиблаи аввалро аз даст хоҳанд дод.”

Мавлавӣ Абдулҳамид таъкид кард: “Сарони кишварҳои исломӣ бояд бо якдигар муттаҳид бошанд. Эрон ва Арабистон бояд ихтилофоти худашонро канор бигузоранд. Тамоми кишварҳои исломӣ аъамм аз арабӣ ва ғайриарабӣ бояд ихтилофоти ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ ва соири ихтилофоти манфиатталабонаро канор бигузоранд ва мутаваҷҷеҳ бошанд, ки душманон аз ихтилофоти мавҷуд суистифода карда ва дар ростои манофеи худашон баҳрабардорӣ мекунанд.”

Вай хотирнишон кард: “Агар давлатҳо ва кишварҳои исломӣ дар муқобили Омрико ва “Исроил” бо ҳам муттаҳид нашаванд, миллатҳои исломӣ ҳатман дар муқобили онон муттаҳид шуда ва хоҳанд истод. Сарони кишварҳои исломӣ бидонанд, ки ин хостаи миллатҳост, ки барои муқобила бо душманон бо якдигар муттаҳид шаванд, то мусалмонон аз ин бештар шоҳиди зарба хӯрдан ба эҳсосот ва эътиқодоташон набошанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: