Бедил ва “корманди илм”

Ба қалами Ҳафиз Бобоёров

Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба Бедил баргузор гардид. Аммо агар қазияи “корманди илмӣ” намебуд, шояд бисёриҳо аз воқеияти илму дониш дар ниҳоде, ки худ ба таҳқиқи илмӣ машғул аст, огаҳ намешуданд. Хуб аст, ки як нафар он чӣ дили тангаш мехост, гуфт. Албатта, назару эҳсосе, ки ӯ ошкор кардааст, аз нодонию ҷаҳолат аст. Аммо мисли ӯ кам нестанд, ки ба хотири чизе (тарс, манфиат…) назарашонро изҳор намекунанд. Инаш хатарноктар аст. Худи Академияи илмҳо на фақат ба як муҳити бесамар табдил ёфтааст, балки мисли саратоне аст, ки худро ошкор намекунад ва лаҳзаи кӯтоҳе пеш аз марг хуруҷ ва қурбониашро ғафлатгир мекунад. Ман инро ҳавоӣ намегӯям, ин системаро муддати қариб 20 сол аз дохилаш шинохтаам ва барои ислоҳи он кӯшишҳои беҳудае ҳам кардаам. Охирин сухане, ки раиси Академия вақти аз кор рафтанам гуфт, ин буд, ки унвони илмии ман, ки дар Олмон гирифтаам, ба талаботи илмии онҳо мувофиқ нест. Беҳтараш, унвонро аз ВАК-и Русия бигирам. Акнун мебинем, ВАК чӣ гуна тавонистааст сатҳи илмиро дар Академияи илмҳо нигоҳ дорад. Ҳоло инҳо тамоми кӯшишро ба он равона кардаанд, ки исбот кунанд, ВАК-и тоҷикӣ ба манфиати илм нест ва боиси афзоиши олимони “тасодуфӣ” мегардад. Магар айни ҳол чунин олимон нестанд?

Агар роҳбарияти Академияи илмҳо аз пайи ислоҳ мешуд, пеш аз ҳама, ба тавсия ва танқиди олимон гӯш медод. Ҳар касе танқид кард, ҳатман аз ин ниҳод бо ҳар роҳе берун карда мешавад. Адолатро на бо қасос гирифтан, балки ислоҳ кардан метавон устувор кард. Он чӣ дар робита ба “ходими илм”-и дашном (намехоҳам номашро бигирам, чунки ӯ «единственный случай» ва ё «исключение» нест) сурат мегирад, роҳи ҳалли қатъӣ нест. Як нафарро ҷазо додан метавонад бештар таъсири манфӣ дошта бошад, аз он ҷумла тарсро дар дили дигар ходимони илм меандозад. Дигарон хомӯштару эҳтиёткортар хоҳанд шуд. Аммо мушкилоти система боқӣ мемонад. Дар ошкоргӯии ин “ходими илм” аққалан ду мушкилии асосии система фош гардидааст:

1) Якум, ҷудоӣ ва ҳатто душманӣ дар байни илмҳо. “Ходими илм” мегӯяд, ӯ мутахассиси илмҳои дақиқ аст ва барояш фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ беаҳамият мебошанд. Ҳатто бовар дорад, ки фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ барои рушду инкишофи ҷомеа зарур нестанд. Бояд гуфт, ки ин назари фақат як нафар нест, балки дар даҳсолаҳои охир ба таври системавӣ дар зеҳни насли нав ҷо карда шуд. Дар ҳама ҷо иддао мекарданд, ки мо ба илмҳои дақиқ, техника ва технология бештар ниёз дорем. Вазорати маориф ҳам пайваста соатҳои илмҳои гуманитарӣ (мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ)-ро дар донишгоҳҳо кам мекард. Ҳам донишгоҳҳо ва ҳам Академияи илмҳо то ҳанӯз барнома, лоиҳа ва ё семинари илмие надоранд, ки байнисоҳавӣ бошанд. Ин нишонгари қафо мондани илми тоҷик аз воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Пешрафтатарин муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷаҳон лоиҳаҳо, барномаҳо, шуъбаҳо, кафедраҳо ва факултету институтҳои байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд. Финландия, ки пешрафтатарин системаи маориф дар ҷаҳон дорад, аз тадриси фаннӣ ба тадриси мавзӯӣ рӯ овардааст. Акнун фалсафа, забоншиносӣ, равоншиносӣ дар якҷоягӣ бо илмҳои табиӣ ва дақиқ (физика, химия, биология, математика, информатика) моделҳои ягонаи инкишофи ин ё он соҳаи зиндагиро месозанд. Шинохти ҳақиқат (эпистемология) низ дигар байнисоҳавӣ шудааст. Соҳаҳои таҳқиқотӣ ва омӯзишии “Омӯзишҳои рушд”, “Илмҳои зиндагӣ” ва монанди инҳо дар бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадаанд. Ҳатто дар замони Шӯравӣ фанни Информатика дар мактаби миёна чун фанни байнисоҳавӣ дониста мешуд, ки қонуниятҳои мантиқ, фалсафа, забоншиносӣ, математика ва монанди инҳоро истифода мебарад. Аммо аз ин таҳаввулоти чанд даҳсолаи охир насли нави «ходимони илм» бехабар ҳастанд. Онҳо бехабар ҳастанд, ки илмҳои фалсафӣ илмҳои теологию схоластикӣ нестанд, балки қонуниятҳои умумии илмҳоро меомӯзанд. Ба ҳамин хотир, фанҳое чун фалсафаи илм, мантиқи аналитикӣ, футурология ва ғайра арзи ҳастӣ кардаанд. Фарзи мисол, барои омӯхтан ва ҳалли мушкилоти вобаста ба иқлим на фақат илмҳои табиӣ чун физикаро бояд донист, балки аз илмҳои инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҳам истифода бурд ва ҳамчунин аз илми компютеру математика огоҳ буд, то модели беҳбудии иқлимро сохта, баҳри амалӣ кардан ба ҳукумат пешниҳод кард. Барои Тоҷикистон пойдорӣ ва самаранокии сохтмони НОБ-и Роғун, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва монанди инҳо бе таҳқиқот ва моделсозии байнисоҳавӣ ғайриимкон хоҳад буд. Вагарна аллакай дар аҳди охири Шӯравӣ илми байнисоҳавии экология ба вуҷуд намеомад. Ин ҳақиқати содаро на фақат “корманди илм”, балки иддае аз роҳбарони илмӣ ҳам намефаҳманд.

2) Дуюм, маҷбурӣ будани илм. Худи “корманди илм” эътироф кардааст, ки ӯро маҷбурӣ ва бо таҳдид ба толори Академияи илмҳо оварда буданд. Як нафар номзади илмҳои фалсафа низ чунин тарзи пур кардани толорро эътироф кардааст. Аз як ҷиҳат, ин методи роҳбарияти Академияи илмҳоро фаҳмидан мумкин аст. Онҳо медонанд, ки агар маҷбур накунанд, толор пур намешавад. Чунки мавзӯъҳои ҷашнӣ ҷолиб нестанд. Аслан мушкилӣ дар шахсият ва осори маънавие соҳибҷашнҳо, дар ин маврид Бедил нест. Мушкилӣ боз ба система бармегардад. Профессор Султон Наврӯзов дар китоби худ бо номи “Игры в науку” (китоби 1, Душанбе: Ирфон, 2012, 360 саҳ.) Академияи илмҳоро “академияи ҷашнвораҳо” (“академия юбилеев”) номидааст. Чунонки ӯ мегӯяд, фақат дар соли 2008 ҳафт конференсияи ҷашнӣ гузаронда шуда буд. Конференсияи ҷашнӣ ба ин ё он шахс бахшида шуда, аз ҳукумат маблағҳои зиёд ситонда мешавад. Мушкилии ташкили конференсияҳои илмӣ дар чунин шакл, пеш аз ҳама, дар он аст, ки масалан Бедилро ҳамагӣ як рӯз ба ёд меоранд, олимон мақолаҳои дар архив будаашонро бароварда қироат мекунанд ва иштирокдорони бо дархосту иҷбор ва таҳдид ҷамъомада гӯш мекунанд, хоб мераванд, шоҳмот бозӣ мекунанд ва бо ҳамин тамом. Қуллаи илм фатҳ мешавад. То санаи бузурги дигар. Илм чунин нест. Бахусус дар замони муосир он бояд байнисоҳавӣ бошад, мушкилоти ҷомеаро низ фаро гирад, баррасӣ кунад ва моделҳои рушд пешниҳод кунад. Аз ин нуқтаи назар, шахсият ва осори Бедил низ метавонад аҳамияти илмӣ ва байнисоҳавӣ дошта бошад. Ӯ ба мо шароити ҳамкории байниминтақавӣ ва байналмилалиро меомӯзад.

Бо вуҷуди чунин «тасодуфҳо», бовар надорам, ки роҳбарияти илму маорифи Тоҷикистон аз пайи ҳалли мушкилот шаванд. Балки ин гуна ҳолатҳоро чун «тасодуфӣ» эълон мекунанд ва бо ҷазо додану аз муассиса рондан мушкилиро ҳалшуда эълон мекунанд ва ба зинаҳои болоии ҳукумат ҳисобот медиҳанд. Аммо ба назар намегиранд, бе ислоҳи системавӣ вазъият бадтар хоҳад шуд. Албатта, баъд аз ин «корманди илм» дар конфронси ҷашнӣ хоб намеравад, шоҳмот бозӣ намекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дашном намедиҳад, вале саратон табобат намешавад.

Дар чунин вазъият ҷазо додан роҳи ҳалли фардӣ аст. Як “корманди илм”-и дашном аз системае берун мешавад, ки худ чунин кормандонро тарбият кардааст.

(ЭЗОҲ: Гарчанде дар худи матлаб возеҳу равшан баён шудааст, бори дигар ин ҷо таъкид мекунам, ки ин матлабро на ҳамчун ҷавоб ба як нафар «корманди илм», балки ҳамчун масъалагузорӣ дар мавриди системаи илми кишвар бипазиред. Ҳатто намехоҳам ин нафар ҷазо гирад, чунки ӯ «тасодуфӣ» нест, балки системавӣ, ҳамагонӣ ва фарогир аст. Бо ишорат ба ин як нафар ҳам навиштанӣ набудам, аммо чун огоҳ шудам, ки «ҷазо гирифтааст» ва дигаре «ронда шудааст», ба навиштани ин матлаб даст задам. Намехостам ва намехоҳам, ки ин навишта ба зарари касе тамом шавад, чунки ӯ сабаб нест, балки симптом ва натиҷа аст. Ӯ қурбонӣ, «гӯсфанди қурбонӣ» аст, агар хоҳед чунин номаш гузорам.)

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи муаллиф.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: