Вокуниши тунди Натонёҳу ба суханони Ардуғон дар бораи “Исроил”

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар вокуниш ба суханони Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки Исроилро “давлате терурист ва кӯдаккуш” хонд, гуфт: “Он касе, ки рустоҳои ҳамватанони курди худро бомбборон мекунад, он касе, ки ба Ҳамос дар Ғазза кӯмак мекунад, он касе, ки ба Эрон барои давр задани таҳримҳо кӯмак мекунад ва он касе, ки хабарнигоронро зиндонӣ мекунад, дар ҷойгоҳе нест, ки моро мавъиза кунад.”

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Бенёмин Натонёҳу имшаб (10.12.2017) меҳмони Эмонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса буд. Раисиҷумҳури Фаронса дар баробари меҳмони худ, мухолифати Порис бо эъломи Қудси шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро эълом кард ва гуфт: “Ба Натонёҳу гуфтам, ки баёнияи Тромп дар хусуси Уршалим (Қудс), таҳдиде аст барои сулҳ ва мо мухолифи он ҳастем.”

Натонёҳу ба навбати худ гуфт: “Уршалим (Қудс) дар 3 ҳазор соли пеш, мутаъаллиқ ба яҳудиён ва дар 70 соли ахир, пойтахти Исроил буда ва ҳеч гоҳ пойтахти ҳеч кишвари дигаре набудааст.”

Вай идома дод: “Ба Мокрун эҳтиром мегузорам, аммо мо дар ҳамаи мавзӯъҳо ҳамназар нестем. Инҷо Порис, пойтахти Фаронса аст. Уршалим (Қудс) ҳам пойтахти мост. Дар Созмони Милал ва Юнеско, барои қатъи иртиботи яҳудиён бо Уршалим (Қудс) талошҳое мешавад, ки хандаовар аст.”

Натонёҳу сипас масъалаи Эронро пеш кашид ва гуфт: “Имрӯза кишварҳои арабии дигар Исроилро душмани худ намедонанд, балки моро муттаҳиди зарурӣ дар баробари Эрон мебинанд. Бо раисиҷумҳур Мокрун иттифоқи назар доштем, ки бояд ҷилави таҷовузгарии Эрон дар минтақа гирифта шавад.”

Вай идома дод: “Эрон ҳамаҷо ҳаст; дар Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Ғазза. Онҳо ошкоро хоҳони нобудии мо ҳастанд. Онҳо дар ҳоли тақвияти ҳузури нерӯҳои дарёӣ, ҳавоӣ ва заминии худ дар Сурия ҳастанд ва ҳадафашон ҳам, ҷанг бо мост. Мо ин равандро таҳаммул намекунем ва пуштвонаи ҳарфамон, иқдомамон аст.”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар идома гуфт: “Тарҳи дуввуми Эрон барои нобудии Исроил, интиқоли ҳазорон мушак ба унвони силоҳи тағйирдиҳандаи раванди бозӣ ба Лубнон аст. Аз сарони кишварҳои масъул мехоҳам, ки ба мо дар ақиб рондани Эрон кӯмак кунанд.”

Натонёҳу дар идома ба сухани имрӯзи раисиҷумҳури Туркия ҳам вокуниши тунд нишон дод ва гуфт: “Он касе, ки рустоҳои ҳамватанони курди худро бомбборон мекунад, он касе, ки ба Ҳамос дар Ғазза кӯмак мекунад, он касе, ки ба Эрон барои давр задани таҳримҳо кӯмак мекунад ва он касе, ки хабарнигоронро зиндонӣ мекунад, дар ҷойгоҳе нест, ки моро мавъиза кунад.

Гуфтанист, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия имрӯз дар вокуниш ба талоши Омрико ва Исроил барои табдили Қудси шариф ба пойтахти як режими ҷаълӣ, гуфта буд, ки “аз ҳамаи абзорҳо барои ҷангидан” бо ин тарҳ истифода мекунад. Ардуғон режими саҳюнистиро “давлате теруристӣ ва кӯдаккуш” хонда буд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: