Тағйироти бузурге дар ҳоли рух додан дар Ховари Миёна аст

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, танҳо касе набуд, ки дар ҳисобҳои худ иштибоҳ кард ва арзёбии баде аз вокунишҳои исломӣ ва арабӣ дар бораи тасмими фоҷеабораш дар заминаи ба расмият шинохтани Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти режими ишғолгари исроилӣ ва интиқоли сафорати Омрико аз Телавив ба Қудс муртакиб шуд. Пурвозеҳ аст, ки наздиктарин ҳампаймононаш дар минтақа мисли Арабистони Саудӣ, Аморот ва Миср низ иштибоҳи бузурге муртакиб шуданд, зеро мавзеъе қавӣ ва боздоранда дар қиболи ин тасмими Тромп нагирифтанд ва ба Тромп дар бораи паёмадҳои ин тасмим ҳушдор надоданд ва аз усули собити уммати исломӣ ва хашми кунунии миллатҳои исломӣ ҷонибдорӣ накарданд. Ҳамин мавзеъгирӣ ҳам боис шуд, то исроилиҳо дар расонаҳои худ шодмонӣ кунанд.

Вақте ҳазорон мӯътаризи хашмгин дар саросари Ӯрдун барои аввалин бор дар таърихи ин кишвар дар маҳкумияти Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, шиор медиҳанд ва ӯро муздури Омрико мехонанд ва Абдулфаттоҳ Ассисӣ раисиҷумҳури Миср низ бо шиорҳои мушобеҳе дар чанд кишвари арабӣ рӯ ба рӯ мешавад ва нерӯҳои амниятии ӯ гурӯҳе аз тазоҳуркунандагонро — ки дастуроти расмиро зери по гузошта ва ҷилави Иттиҳодияи синфии рӯзноманигорон гирди ҳам меоянд — боздошт мекунанд; ин амр на танҳо бад-он маъност, ки меҳвари мавсум ба “эътидоли арабӣ” дар саффи Омрико ва Исроил қарор гирифтааст, балки ҳамчунин ба ин маъност, ки гусаст ва инзивои меҳвари “миёнарави арабӣ” дар сатҳи ҷаҳони араб ва ислом оғоз шудааст.

Намедонем, ки ин меҳвари “миёнарави арабӣ” асоси роҳбурди худ дар минтақаро бар чӣ асосе бино ниҳодааст ва доктринаи низомӣ ва сиёсии худро бар чӣ меъёре поярезӣ кардааст, аммо инро хуб медонем, ки рақибони минтақаии ин меҳвар (яъне меҳвари муқовимат) самараи ин иштибоҳотро мечинанд ва миллатҳои арабро бо худ ҳамроҳ мекунанд. Ва муҳимтар аз ҳамаи инҳо, ин рақибони минтақаӣ аъзои меҳвари миёнарави арабро дар саффи Омрико дар ҳимоят аз нажодпарастии теруристи Исроил қарор медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки муъодилоти қудрат ва эътилофҳо дар минтақа ба суръат ба зиёни нуфузи Омрико тағйир мекунад.

* * *

Душвор аст бо қатъият бигӯем, ки кӣ киро гумроҳ кардааст. Оё Тромп ҳампаймонони “миёнарав”-и худро гумроҳ кард, зеро фикр кард, ки саргарм будани ин ҳампаймонон ба бӯҳронҳои дигаре — назири вахомати авзоъи иқтисодии Миср ё ҷанг дар Яман ва нуфузи Эрон — муҳимтар аз пардохтани онҳо ба масъалаи Қудс ва Фаластин аст? Ё ин ҳампаймонон буданд, ки Тромпро гумроҳ карданд ва ба вай гуфтанд, ки миллатҳои арабӣ ва исломӣ дар “хоб” ба сар мебаранд ва бинобар ин вай бояд гоме дар нақшаи худ барои интиқоли сафорат ва ба расмият шинохтани сиёсати Исроил дар таҳмили шароит бо зӯру қудрат дар саросари Фаластини ишғолӣ бардорад?

Гумроҳкунанда ё гумроҳшуда ҳар касе, ки бошад, бояд гуфт, ки ин иқдом ҷараққаи бедорӣ дар ҷаҳони араб ва исломро равшан кард.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, аз ин лаҳзаи таърихӣ истифодаи дуруст кард ва тасмим гирифт аз иштибоҳҳои “меҳвари эътидол” ва ҷонибдории ин меҳвар аз Омрико, барои раҳбарии сареъаш барои ҷаҳони ислом истифода кунад. Ӯ дар садади пайвастан ба “меҳвари муқовимат” — ки Эрон, Ироқ, Сурия ва Ҳизбуллоҳро дарбар мегирад – ва пушт кардан ба Иёлоти Муттаҳида Омрикост. Мо баъид намедонем, ки Конфронси изтирории Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки Ардуғон даъват ба баргузории он дар Истонбул дар рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба ин иҳонати Омрико кард, гоми барҷаста ва бориз дар масири таҳким ва таъмиқи ин раҳбарӣ аст.

Сарони саудӣ аз тариқи қарордодҳои сармоягузорӣ ва таслиҳотӣ, беш аз 500 милёрд дулор ба Тромп ришва доданд ва дар масири оддисозӣ ба суръат равобити худ бо ишғолгарони исроилӣ гом бардоштанд ва ба бархе нависандагони худ барои беҳбуди виҷҳаи яҳуд ва исроилиҳо ва ситоиш аз онҳо ва муҷрим донистани фаластиниҳо, ки соҳибони қазияи арабӣ ва исломии одилонаи Фаластин ҳастанд, чароғи сабз нишон доданд. Ҳама инҳо ба манзури бистарсозӣ барои ҷанги эҳтимолӣ бо Эрон дар оянда аст. Лекин саудиҳо намедонанд, ки ин гуна рӯйкардҳо подоше аст, ки раҳбарони Туркия ва Эрон мунтазири он ҳастанд, бидуни он ки ҳатто як дулорро дар муқобил аз даст бидиҳанд.

Ду кишвари аслӣ яъне Ӯрдун ва Мағриб (Марокаш) аз гурӯҳи мавсум ба “эътилофи эътидоли арабӣ” хориҷ шуданд ва ҷои тааҷҷуб нахоҳад буд, ки Миср — дар сояи шӯълавар шудани оташи хашми ҷомеаи худ ба хотири эътои ду ҷазираиТирон ва Санофир ба Арабистон, афзоиши гузоришҳо дар хусуси тарҳи мавсум ба “эҷоди миҳани ҷойгузин барои фаластиниҳо дар Сино” ва афзоиши саркӯбгарии худ ва мусодираи озодиҳо дар сояи тадовуми бӯҳрони иқтисодӣ ва шикаст хӯрдан дар расидагӣ ба ин мушкил — севвумин кишваре бошад, ки дар ояндаи наздик роҳи Ӯрдун ва Мағрибро дар пеш бигирад ва аз ин гурӯҳ хориҷ шавад.

Мо бар ин бовар нестем, ки дуктур Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар, яке аз боризтарини марҷаъиятҳои исломӣ дар ҷаҳон ва Поп Туозруси дуввум, попи Искандария, ба шакли худҷӯш ва ба ихтиёри худ рафтор кардаанд замоне, ки ба шакли қотеъ ба дархости расмии дидори Мойк Пенес, муовини аввали раисиҷумҳури Омрико мабнӣ бар дидор бо онҳо мухолифат карданд, дар эътироз ба тасмими давлаташ дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими ишғолгари исроилӣ. Ин дар ҳолест, ки ин ду маръаҷаъияти динӣ қаблан бо ин дидор мувофиқат карда буданд.

Ду тафсир барои ин мавзеъи пурифтихори дуктур Аҳмад Тайиб, боризтарин ҳаводори меҳвари “эътидоли арабӣ” ва сиёсатҳояш ва Поп Туозрус, ки дар ҷаҳони араб ва Миср аз эҳтироми зиёде бархӯрдор аст, вуҷуд дорад:

1) Аввал: онҳо ин иқдомро бо дархости Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар талош барои розӣ кардани афкори умумии Миср анҷом доданд. Афкори умумии Миср наметавонад масъалаи Қудс ва масъалаи Фаластинро, ки барои ёрӣ расондан ба он ҳазорон шаҳид тайи чанд даҳа тақдим кард нодида бигирад.

2) Дуввум: шайхи Алазҳар ва Поп Туозрус ҳамон мавзеъеро иттихоз кардаанд, ки миллатҳои минтақа иттихоз кардаанд ва наметавонистанд ғайри онро иттихоз намоянд.

* * *

Чӣ басо ҳанӯз зуд аст, ки ин тафсир ё тафсири дигареро тарҷеҳ диҳем, ҳама чиз дар ибтидои кори худ аст, вале чизе, ки аз он яқин дорем ин аст, ки Миср бо таваҷҷӯҳ ба таърих ва тамаддун ва ҷойгоҳи раҳбарият (-и ҷаҳони араб) ва мероси миллии бузургаш, ки дар қарнҳо имтидод дорад, наметавонад дар муқобили ин ситамҳо ва иҳонатҳои омрикоӣ ва исроилӣ сукут кунад ва табдил ба абзоре барои тасвиби тарҳҳои яҳудисозии сарзаминҳо ва муқаддасот дар Фаластин шавад.

Замоне, ки шайхи Алазҳар аз мудофеъони Қудс ва ҳамаи фаластиниҳо мехоҳад, ки ҷараққаи Интифозаро шӯълавар кунанд, ин як таҳаввули бузург дар мавзеъгириаш аст, чӣ бо дастури давлат, чӣ дар тамарруд алайҳи сиёсатҳои давлат бошад; давлате, ки бо раисиҷумҳури аблаҳи Омрико табонӣ кардааст.

Нишасти сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки Ардуғон рӯзи чаҳоршанбе дар Истонбул раҳбарӣ мекунад, дар вокуниш ба нишасти сарони исломӣ аст, ки Арабистони Саудӣ дар моҳи майи гузашта дар Риёз баргузор кард, он ҳам барои хушомадгӯӣ ба Тромп ва зану духтараш ва тоҷгузориаш ба унвони раҳбари “меҳвари эътидол”. Ва аммо хашми шайхи Алазҳар як паём аст, чӣ аз тарафи Ассисӣ, чӣ аз тарафи худаш, мабнӣ бар ин ки идомаи боқӣ мондани Миср дар қафаси Саудӣ ва такя бар Омрико, умре тӯлонӣ нахоҳад дошт, агарчи бояд бигӯем ба поёни худ расидааст.

Ба ҳамон андоза низ шӯриши расмӣ ва мардумии ӯрдуниҳо алайҳи сайтараи Арабистон бар тасмимгирии кишварҳои арабӣ ва рафтани Малик Абдуллоҳи дуввум ба Истонбул аҳаммият дорад, ки бузургтарин ишора дар ин замина аст барои таҳкими оштӣ сипас эътилоф миёни марҷаъиятҳои исломии Усмонӣ ва Ҳошимӣ ва муқаддима барои тавсиаи он ба тавре ки Қум ва Наҷафро низ шомил шавад.

Рикс Тилерсун, вазири хориҷаи Омрико, раҳбарони Арабистони Саудиро насиҳат кард, ки дар расидагӣ ба парвандаҳои бӯҳронҳо ва ихтилофҳояшон дар Яман, Лубнон ва Қатар, оромиши бештаре аз худ нишон диҳанд ва сиёсатҳояшонро дар ин замина мавриди бознигарӣ қарор диҳанд.

Ва мо ба онҳо ва ҳампаймононашон дар Миср ва Аморот насиҳат мекунем, ки ҷиҳатнаморо ба самти Қудси ишғолӣ нишона раванд ва бо ин нанги омрикоӣ, ки онро ҳадаф қарор дода, муқобила кунанд.

Ин ғайриқобили қабул аст, ки сарзамини ҳарамайни шарифайн ҳамбастагии камранге бо Қудс ва Фаластин бикунад ва аз мудофеъоне, ки аз ҳарами севвум дар Қудс, маҳалли меъроҷи ҳазрати Паёмбари ислом (с) дифоъ мекунанд, ёрии камтаре кунад.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: