Тақиюддин Набиҳонӣ ва Ҳизбут-таҳрир

Ба муносибати солгарди вафоти Шайх Тақиюддин Набиҳонӣ, поягузори Ҳизбут-таҳрир

11 декабри соли 1977 солрӯзи вафоти поягузори Ҳизбут-таҳрир Шайх Тақиюддин Набиҳонӣ аст. Ба ҳамин баҳона лозим дидам, мухтасар дар бораи ин мард ва ҳизбе, ки таъсис карда ва имрӯза дар ҷаҳони ислом пайравон ва ҳаводорони бисёре барои худ дорад, бинависам.

Зиндагинома

Шайх Тақиюддин Набиҳонӣ дар соли 1909 дар рустои Иҷзими шаҳри Ҳифои Фаластин ба дунё омадааст. Падараш Шайх Иброҳим муаллим ва муфтии Шом буд. Тақиюддин таҳсилоти муқаддамотиро дар Сурия гузаронд ва онро дар соли 1922 дар зодгоҳаш такмил кард. Вай дар 13-солагӣ ҳофизи Қуръон шуд. Сипас ба Миср сафар кард, то дар Алазҳар ба таҳсил бипардозад. Вай тавонист ба дараҷаи “донишманд” аз Донишкадаи шариати Донишгоҳи Алазҳар ноил ояд ва пас аз он ба “Конуни ҷаҳонии қонуни шариат” зери назари Донишгоҳи Алазҳар ворид ва иҷозаи қазоват бигирад ва ҳамчунин муваффақ ба дарёфти гувоҳиномаи таҳсили забон ва адабиёти араб шавад.

Баъд аз итмоми таҳсилот, ба зодгоҳаш Ҳифо бозгашт ва мударриси улуми шаръӣ гардид. Ӯ муддате баъд ба қазоват дар додгоҳҳои шаръии Бисон, Табария, Қудс, Ромуллоҳ ва Ҳифо пардохт.

Пас аз қиёми мардуми Фаластин ва шаҳодати Шайх Иззуддин Қассом, Тақиюддин илова бар фаъолиятҳои қазоӣ, ба фаъолияти сиёсӣ пардохт ва “Ҷамъияти эътисоми исломӣ”-ро дар соли 1938 таъсис кард, ки аҳдофи он “берун рондани ишғолгарони ангилисӣ аз Фаластин ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати яҳудиён ба он сарзамин” буд.

Ӯ ҳамроҳи хонаводааш, баъд аз таъсиси давлати Исроил дар соли 1948, ба Бейрут рафт ва ҳангоме, ки каронаи Бохтарӣ ба Ӯрдун мулҳақ шуд, ба унвони яке аз аъзои додгоҳи шаръии Қудс мансуб гардид. Дар соли 1951 аз шуғли худ истеъфо дод ва номзади намояндагии маҷлис (порлумон) шуд, аммо муваффақ ба роҳёбӣ ба он нагардид; аз ин рӯ ба унвони мударриси Донишкадаи исломии Уммон (пойтахти Ӯрдун) ба кор пардохт.

Набиҳонӣ ба узвияти ҷамъияти Ихвонулмуслимин даромад, аммо пас аз муддате бо гурӯҳе аз ҳамфикрони худ аз ин ҷамъият канора гирифт. Дар соли 1952 аз тадрис даст кашид ва ба фаъолиятҳои динӣ пардохт ва “Ҳизбут-таҳрир ал-исломӣ” (Ҳизби озодибахши исломӣ)-ро ба умеди бозсозии ҳаёти исломӣ ва барпоии “Хилофати исломӣ” дар Байтулмуқаддас бино ниҳод.

Ӯ мӯътақид аст, ин ҳизбро ба пайравӣ аз ояти 104 сураи Оли Имрон ташкил додааст. Ва дар ҳамин сол ду китоб таълиф намуд, ки асоси фикрии Ҳизбут-таҳрирро ташкил медод: яке, “Ад-давлат ул-исломия” (тарҳи муқаддимотӣ ва куллии низоми ҳукуматӣ дар ислом) ва дигар, “Низом ул-ҳукм фил-ислом” (муаррифии низоми ормонии ислом).

Ҳадафи аслӣ ва асосии ин ҳизб, барқарории муҷаддади хилофати исломӣ (бар асоси нигариши ин ҳизб) буд. Давлати Ӯрдун ҳеч гоҳ ҳизби ӯро ба расмият нашинохт ва вазорати кишвари он, ба сабаби таъорузи барномаҳои Ҳизбут-таҳрир бо қонуни асосии Ӯрдун, барояш муҷаввиз содир накард.

Набиҳонӣ дар соли 1953 ба далели маҳдудиятҳое, ки давлати Ӯрдун барояш эҷод кард, ба Сурия рафт. Даъвати Набиҳонӣ дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ интишор ёфт ва ӯ ҷиҳати густариши афкораш ногузир ба дигар кишварҳои исломӣ чун Лубнон ва Туркия сафар кард ва номаҳоеро барои ҷалби ҳокимони араб фиристод, то онҳо ҳукуматро раҳо карда ва тибқи барномаи Ҳизбут-таҳрир хилофати исломиро аз нав барқарор созанд, вале даъваташ хушоянди ҳукуматҳои арабӣ воқеъ нашуд, аз ин рӯ вай дар маърази боздошт ва шиканҷа қарор гирифт.

Набиҳонӣ дар соли 1954 маҷаллаи “Арроя”-ро мунташир намуд, ки се моҳ давом овард. Ҳамчунин нашриёти сиёсии дигаре низ интишор дод. Ҳамин амр сабаб гардид, то гурӯҳи зиёде аз мардум ба ҳизби ӯ бигараванд. Набиҳонӣ дар соли 1956 ба Лубнон рафт ва ба ҷиҳати мушкилоти пешомада аз сӯи ҳукуматҳо махфӣ шуд.

Ҳизбут-таҳрир пас аз ҷанги июни 1967-и арабу Исроил, дар Ӯрдун тавсиа ёфт ва раҳбарияш ба Уммон мунтақил гардид. Тақиюддин Набиҳонӣ дар 11 декабри соли 1977 дар Лубнон даргузашт.

* * *

Афкор ва андешаҳои Ҳизбут-таҳрир

Ин ҳизб, бо ин ки пайравонаш аз оғози таъсис то ба кунун ҳаргиз дар ҳеч ҷое аз дунё амале теруристӣ анҷом надодаанд, аммо дар шуморе аз кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистони худамон ба унвони як ҳизби теруристӣ шинохта шудааст.

Ҳоло бибинем, ин ҳизб чӣ мегӯяд ва аҳдофаш чист (бо такя ба манобеи худаш):

Ҳадафи асосии Ҳизбут-таҳрир, барқарории хилофати исломӣ дар сар то сари ҷаҳони исломӣ аст. Барои расидан ба ин ҳадаф, дар марҳилаи аввал бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба ҷанбаи фарҳангӣ намуд.

Ҳизбут-таҳрир мароҳили тағйирро ба се бахш тақсим менамояд:

Марҳилаи аввал: муқобилаи фикрӣ ва фарҳангӣ.

Марҳилаи дуввум: инқилоби фикрӣ.

Марҳилаи севвум: ба даст гирифтани зимоми ҳукумат.

Шайх Тақиюддин мӯътақид аст, ки мушкилоте, ки дар муқобили барпо шудани давлати исломӣ қарор доранд, аз қарори зайланд:

1) Вуҷуди афкори ғайриисломӣ;

2) Вуҷуди барномаҳои таълимии бегона;

3) Бузург донистани баъзе аз маориф ва фарҳангҳо ва онро “улуми ҷаҳонӣ” ҷилва додан;

4) Зиндагии мардуми мусалмон дар ҷаҳони ислом тибқи меъёрҳои ғайриисломӣ;

5) Вуҷуди ҳукуматҳое, ки бар асоси низоми демукротик барпо шудаанд;

Ҳизбут-таҳрир дорои асосномае аст дорои 187 модда. Ин қонун барои давлати исломӣ, ки интизори онро доранд таҳия гардидааст.

Албатта, ин як муаррифии бисёр мухтасар аст, барои ошноии комил азизон метавонанд ба китобҳои ин ҳизб муроҷеа кунанд.

Лозим ба ёдоварист, ин ҳизб бо интиқодҳои бисёре аз сӯи уламо ва донишмандони исломӣ рӯ ба рӯ шудааст. Муҳимтарини интиқодҳо аз ин ҳизб он аст, ки: Ҳизбут-таҳрир бештар “ормонгаро” аст, то “воқеънигар”. Сониян, замоншинос ва маконшинос нест. Солисан, пайравонаш таъассуби хоссе ба дидгоҳҳои бунёнгузораш яъне Набиҳонӣ доранд ва ҳозир нестанд кучактарин интиқоде аз онҳо ба амал ояд. Ва як силсила интиқодҳои дигар.

Бо ин ҳама, наметавон ҷойгоҳ ва нақши муассиси он яъне Шайх Тақиюддин Набиҳониро дар амри бедории уммати исломӣ нодида гирифт. Худованд раҳматаш кунад!

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: