Насруллоҳ: “Тасмими Тромп сароғозе барои поёни “Исроил” хоҳад буд” (филм)

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо баёни ин ки “Тасмими Тромп сароғозе барои поёни “Исроил” хоҳад буд” гуфт: “Аз ҳамаи гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа ва ҳамаи касоне, ки ба муқовимат имон доранд мехоҳем, ки мавзеъи якпорча барои муқобила бо таҷовузи омрикоӣ-саҳюнистӣ иттихоз кунанд, то Қудсро пасбигирем.” Вай афзуд: “Бояд нақшае майдонӣ ва амалии ҷомеъе, ки дар он нақши ҳар гурӯҳе тақсим шуда бошад, барои ин муборизаи бузург, тадвин кунем. Мо дар Ҳизбуллоҳ ба масъулиятҳои худ дар ин замина комилан амал мекунем.” Ӯ таъкид кард: “Ба меҳвари муқовимат эътимод дошта бошед ва бидонед, ки ин меҳвар дар ҳар майдоне, ки ворид шуд, пирӯз хориҷ шуд ва умматро аз давраи шикастҳо ба давраи пирӯзиҳо мунтақил кард.”

Ба гузориши шабакаи Алманор, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, тай суханоне ҳамзамон бо тазоҳуроти бузурги мардуми Лубнон дар маҳкумияти тасмими Дунолд Тромп, аз ҳузури густарда ва ҳамбастагии азими миллати Лубнон бо миллати Фаластин қадрдонӣ кард.

Вай гуфт: “Аз миллати Фаластин дар сарзаминҳои ишғолӣ ва Байтулмуқаддас ба хотири баргузории тазоҳуротҳои таърихӣ, ки аз ҳамон лаҳзаи нахусти тасмими хасмонаи Тромп оғоз шуд, қадрдонӣ мекунам.”

Насруллоҳ гуфт: “Бояд аз ҳамаи мавозеъе, ки дар маҳкумияти ин таҷовузи ошкор ва кинатӯзона алайҳи Қудс ва масъалаи Фаластин ва каромати уммат иттихоз шуд, қадрдонӣ кунем.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Мо ба ҳимоят аз Фаластин, миллати Фаластин, Қудс ва муқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ идома хоҳем дод.”

Вай гуфт: “Тромп тасаввур мекард, ки баъд аз ба расмият шинохтани Қудс тавассути ӯ, кишварҳои дунё ба ӯ хоҳанд пайваст, аммо ӯ бо мухолифати кишварҳои дунё рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷа танҳо монд ва мунзавӣ шуд.”

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: “Тасмими Омрико дар идомаи таҳаввулоте, ки дар минтақа шоҳиди он ҳастем ва дар ростои пружаи омрикоӣ-саҳюнистӣ барои тахриби кишварҳоямон, миллатҳоямон ва артишҳоямон, ки бо ҳимояти бархе аз кишварҳои минтақаӣ дар ҳоли анҷом аст, сурат гирифтааст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард: “Ҳамаи уммат бояд бо ин таҷовузи хатарнок муқобила кунанд ва ин масъулият бар дӯши ҳама ва дар дараҷаи аввал бар дӯши фаластиниён ва муқовимат ва интифозаи онҳост.”

Насруллоҳ афзуд: “Баъд аз тасмими Тромп ва рафтори давлати Омрико, ҳуҷҷат бар ҳамаи касоне, ки ба дахолатҳои Омрико ба нафъи Фаластин ё миллатҳо дар баробари “Исроил” чашм дӯхта буданд, ва ҳамчунин бар касоне, ки ба музокироти бенатиҷа идома медоданд, тамом шуд.

Насруллоҳ дар идома гуфт: “Вақти он расида, ки ҳама бидонанд, Омрико ҳомии сулҳ нест, балки ин кишвар ҳомии теруризм, ишғолгарӣ, вайронӣ ва фитнаҳо, созандаи ДОЪИШ ва гурӯҳҳои такфирӣ аст ва мавзеъи уммат бояд танҳо дар ду калима хулоса шавад, ва он: “Марг бар Омрико!” аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Бояд аз тариқи фишорҳои мардумӣ ва порлумонҳо ва давлатҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва тазоҳуротҳо, режими саҳюнистиро комилан мунзавӣ кард ва бояд бар давлатҳои арабӣ ва исломӣ барои қатъи равобити худ бо “Исроил” фишор овард.”

Насруллоҳ таъкид кард: “Бояд тамоми иртиботот ва ҳар гуна оддисозии равобит бо душман қатъ шавад ва “Исроил” бояд таҳрим шавад ва ман ба аҳолии Фаластин мегӯям, ки ҳар гуна ҳайъате, ки барои оддисозӣ бо душман назди шумо меоянд, онро тард кунед.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “Ташкилоти худгардони Фаластин, Иттиҳодияи Араб ва нишасти сарони кишварҳои исломӣ бояд таваққуфи раванди созишро эълом карда ва аз Омрико бихоҳанд, ки аз ин тасмими худ сарфи назар кунад.”

Насруллоҳ афзуд: “Муҳимтарин вокуниш ба тасмими хасмонаи Тромп, эъломи Интифозаи севвуми Фаластин дар тамоми манотиқи Фаластини ишғолӣ аст ва ҳамаи кишварҳои арабӣ ва исломӣ бояд аз миллати Фаластин ҳимоят кунанд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “Ба меҳвари муқовимат эътимод дошта бошед ва бидонед, ки ин меҳвар дар ҳар майдоне, ки ворид шуд пирӯз хориҷ шуд ва умматро аз давраи шикастҳо ба давраи пирӯзиҳо мунтақил кард.”

Насруллоҳ гуфт: “Бояд шикасти диплумотики низомҳои арабиро ба пирӯзӣ барои миллатҳо ва муқаддасот табдил кунем.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: “Тасмими Тромп сароғозе барои поёни “Исроил” хоҳад буд иншоаллоҳ!

Насруллоҳ гуфт: “Мо дар Лубнон, кишвари муқовимат ва ҷонфишонӣ ва шуҳадо ва сарзамини пирӯзиҳо, дар канори Фаластин мондем ва боқӣ хоҳем монд ,то мусалмонон дар Масҷидулақсо ва масеҳиён дар калисои мақбараи муқаддас ибодат кунанд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “Қудс бояд пойтахти абадии Қудс боқӣ бимонад.”

Насруллоҳ хитоб ба уммати исломӣ гуфт: “Бояд ба Худоятон ва ба ваъдаи Ӯ, ки фармудааст: “Агар маро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ мекунам” имон биёваред. Агар бо ҳузури худ, ваҳдати худ ва масъулиятпазирӣ ва адами тарсамон Худоро ёрӣ кунем, Худо моро ёрӣ мекунад. Ба Худоятон ва уммататон ва ба ҷунбишҳои муқовимат ва меҳвари муқовимат эътимод дошта бошед.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: “Аз ҳамаи гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа ва ҳамаи касоне, ки ба муқовимат имон доранд мехоҳем, ки мавзеъи якпорча барои муқобила бо таҷовуз иттихоз кунанд, то Қудсро пасбигирем. Бояд нақшае майдонӣ ва амалии ҷомеъе, ки нақши ҳар гурӯҳе дар он тақсим шуда бошад, барои ин муборизаи бузург, тадвин кунем. Мо дар Ҳизбуллоҳ ба масъулиятҳои худ дар ин замина комилан амал мекунем.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: