Низоми иқтисодии ислом (7)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши севвум: Арзиш (2)

Дар сафҳаи 21 таҳти унвони “Кор асоси арзиш аст” мегӯяд:

Он чиро, ки қаблан гуфтаем хулоса мекунем:

1) Куллияи маҳсулоте, ки ба воситаи кори иҷтимоӣ дар режими мубодилаӣ эҷод мешаванд, номи “коло” ба онҳо итлоқ мегардад. Барои ин ки коло битавонад дар бозор қобилияти мубодиларо пайдо кунад, бояд қодир ба муртафаъ сохтани порае эҳтиёҷот бошад ё ба истилоҳи илми иқтисод, бояд дорои арзиши истеъмол бошад;

2) Ҳар коло — дар режими мубодилаӣ — дар бозор бо як миқдори муайян аз колоҳои дигар ба воситаи миёнҷигарии пул мубодила мегардад. Бад-ин тариқ ба ҳар коло миқдоре “баҳо”, ки пул муарриф ва мубайини он аст, таъаллуқ мегирад. Баҳои коло худ ба худ дар ҷараёни мубориза байни тавлидкунандагони мустақилли коло ва байни харидор ва фурӯшанда, барқарор мегардад. Навасони тараққӣ ва таназзули баҳо дар бозор, фаъолияти муассисоти тавлидкунандаи мутафарриқро танзим мекунад ва байни ин фаъолият ва эҳтиёҷоти мардум таъодуле барқарор месозад;

3) Арзиши истеъмоли як коло ё фоидаи он бастагӣ ба кайфиёти табиӣ, физикӣ, шимиёӣ ва меконикии он коло дорад ва аввали шарти лозим барои фурӯши он колост. Вале чунонки пеш аз ин гуфтем, арзиши истеъмол наметавонад мубайини баҳо бошад, зеро аз он ҷо, ки баҳо дар бозор дар натиҷаи равобит байни аъзои иҷтимои мубтанӣ бар мубодила барқарор мегардад, пас авомилеро, ки таъйинкунандаи баҳо мебошанд, набояд дар хисоли табиии коло, балки бояд дар равобит байни мардум ҷустуҷӯ кард…

Арзиши истеъмол яъне муфид будан. Муфид будан, ҳам ба ҷинс бастагӣ дорад ва ҳам ба коре, ки рӯи он ҷинс сурат гирифтааст. Навъи ҷинс яъне хисоли табиии коло, дар арзиш муассир мебошад. Аз ҳама аҷибтар бурҳоне аст, ки нависандаи “Усули илми иқтисод” иқома кардааст, ки “чун баҳо дар бозор дар натиҷаи равобити аъзои иҷтимои мубодилаӣ барқарор мегардад, пас авомилеро…” Агар ин тавр аст, пас омили таъйинкунандаи баҳо фақат бояд арзаву тақозо бошад, зеро кор низ рабте ба равобити иҷтимоӣ надорад. Ба илова, чӣ мулозимае миёни ин ду ҳаст?

(Идома медиҳад:)

4) Вақте равобит байни мардумро дар назар бигирем, мебинем баҳои коло метавонад бар ҳасби арзаву тақозо тағйир кунад, аммо арзаву тақозо сатҳеро, ки баҳо дар перомуни он навасон мекунад таъйин наменамоянд, ва чунонки дар пеш гуфтем, ба ҷуз махориҷи кори лозим барои эҷоди як коло муҳаққақан чизи дигаре наметавонад таъйинкунандаи ин сатҳ бошад…

Аз назари иқтисоди ахлоқӣ ин масъала қобили таваҷҷӯҳ аст, ки навасони қиматҳо арзиши корро болову поин мебарад. Оё ин, худ ба худ навъе ҳарҷу марҷ ва иҷҳофи қаҳрӣ дар ҳуқуқи коргарон нест, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар ин навасон ғолибан боло рафтани арзиш натиҷааш оиди коргар намешавад, балки оиди воситаи мубодила яъне тоҷир мешавад? Оё ин ҷиҳат далел бар бартарии режими сотсиалистӣ бар капиталистӣ нест?

Дар сафҳаи 23 таҳти унвони “Кори муҷассам ва кори муҷаррад” мегӯяд:

Дар иқтисоди мубтанӣ бар мубодила, ба таври куллӣ ва умуман, колоҳо бар ҳасби арзиши корашон — яъне бар ҳасби миқдори коре, ки барои тавлиди онҳо лозим аст — мубодила мегарданд. Вале колоҳое, ки дар бозор бо якдигар мубодила мешаванд, на фақат як шакл нестанд, балки ғолибан аз ҳар ҷиҳат мухталифанд. Масалан, ҳеч кас дар бозор кӯшиш намекунад як ҷуфт кафшро бо як ҷуфт кафши дигар, ки аз куллияи ҷиҳот бо якдигар шабеҳ ва назиранд мубодила кунад. Бинобар ин, мубодила ҳамеша байни ду ҷинси мухталиф анҷом мегирад… Дар ин сурат муқоиса ва санҷиши арзиши маҳсулоти корҳои мухталиф лозим меояд; кори кафшдӯз, кори бофанда… вақте ин ду ҷинс ба бозор меоянд, бо якдигар қобили таъвиз ва мубодилаанд. Ба воситаи ин амал, хасоиси зоҳирии ашколи мухталифи кор аз миён меравад. Аз ин матолиб, ки гуфта шуд, ин натиҷа ҳосил мегардад, ки корҳои пешаварони мухталиф, корҳои тавлидкунандгони арзиши истеъмолҳои гуногун, наметавонанд бо якдигар муқоиса шаванд, магар ба воситаи он ки анвоъи кор ба як мафҳуми куллӣ ва умумӣ мунҷар мешавад ва он “сарфи энержии башари” аст, бидуни он ки шакле, ки ин масрафи энержи ба худ мегирад, дар он дахолат дошта бошад. Дар иқтисоди мубодилаӣ агар корро аз назари куллӣ яъне масрафи энержии башарӣ мулоҳиза кунем, онро “кори муҷаррад” гӯем, ва агар кор аз назари шакле, ки ин масрафи энержӣ ба худ мегирад мулоҳиза шавад, “кори муҷассам” ном дорад. Пас, кори муҷаррад эҷодкунандаи арзиш (қимат, баҳо) аст, дар сурате, ки кори муҷассам эҷодкунандаи арзиши истеъмол мебошад…

Ишколе, ки дар ин ҷо ба назар мерасад ин аст, ки бо вуҷуди ин ки кор дар иқтисоди мубодилаӣ тобеъи қонуни арзаву тақозост, ва дар миёни анвоъи корҳо табъан рақобат ҳаст, яъне кори судмандтар ҷои кори камсудтарро мегирад, бо вуҷуди ин, ба иллатҳои хоссе кори пурсуд ва камсуд, ҳар ду ба бозор меоянд, ба восита ин ки дар шароити хоссе, кори пурсуд наметавонад ҷои кори камсудро бигирад. Масалан, барои тавлиди гандум ва ҷав як миқдор кори муҷаррад сарф мешавад, дар сурате, ки арзиши ҷав нисфи арзиш гандум аст. Чаро кишоварз ба ҷои ҷав гандум намекорад, то кори худро ба қимати бештаре ба фурӯш бирасонад? Ба воситаи ин ки мумкин аст замине, ки ҷав тавлид мекунад, гандум тавлид намекунад, ё замоне, ки дар он замон бояд ба кишти гандум бипардозад ва об сарф кунад ва ё маҳсулро бардорад, ғайр аз замони гандум аст, яъне замони бекории қаҳрии ӯ аз ин лиҳоз аст, ё масалан ҳамон кишоварз дар рӯзҳои барфи зимистон, ва ё дар шабҳо вақти худро сарфи нахресӣ мекунад, дар сурате, ки соати кораш дар саҳро ва рӯи замини зироатӣ, масалан даҳ риёл қимат дорад ва соати кораш дар хона ба унвони нахресӣ як риёл бештар қимат надорад. Пас, кори муҷаррад, яъне “сарфи энержӣ” таъйинкунандаи воқеии арзиш нест, муфид будан низ омили хоссе аст.

Дар сафҳаи 25 таҳти унвони “Кори шахсӣ ва кори иҷтимоъан лозим” менависад:

Гуфтем, ки арзиши як коло ба воситаи кори муҷаррад таъйин мегардад. Вале агар мо бихоҳем ашколи мухталифи корро бидуни дахолати хусусиёти зоҳирии онҳо бо ҳам бисанҷем, воҳиде, ки бо он битавонем миқдори кори масрафшуда барои тавлиди колоро андоза бигирем, лозим аст. Воҳиди андозаи кор “замон” аст…

Ин масъала низ муҳим аст, ки воҳиди миқёси кор, ки милоки арзиш аст чист? Фарз ин аст, ки кор яъне сарфи энержӣ. Ночор бояд бигӯем энержиро бояд андозагирӣ кунем. Аввалан, барои мо энержӣ қобили андозагирӣ нест. Сониян, мумкин аст ду нафар маҳсули воҳиде эҷод кунанд ва он, ки қавитар аст энержии камтар ва он, ки заъифтар аст энержии бештаре сарф кунад ва маҳсули (ду) энержӣ мусовӣ бошад. Дар боби замон низ айни ин ишкол ҳаст, яъне кори мусовиро ду нафар дар ду замони мухталиф анҷом медиҳанд, зеро яке зарангтар, ва дигаре танбалтар аст, яке моҳиртар, ва дигаре ношитар аст. Аз ин рӯ, фарзияи “кори мутавассит”-ро, ки онро “кори иҷтимоъан лозим” низ мехонанд, пеш кашидаанд.

(Идома медиҳад):

Масалан, мегӯем 12 соат кори як нонво баробар бо 8 соат кори як кафшдӯз аст. Дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки ҳар қадр барои тавлиди як коло вақти бештар масраф шуда бошад, боисте арзиши он бештар бошад, вале аз ин натиҷа ин айб ҳосил мешавад, ки: агар дар ҳақиқат қабул кунем арзиши як коло ба воситаи вақте, ки барои тавлиди он масраф шудааст таъйин мегардад, бинобар ин ҳар қадр як коргар танбалтар ва номоҳиртар бошад, албатта барои тавлиди як коло бештар вайт масраф мекунад ва бад-ин ҷиҳат бештар арзиш эҷод менамояд… Фарз кунем як ҷӯроббоф як ҷуфт ҷӯробро дар 6 соат мебофад, ҷӯроббофи дигар ҳамон ҷӯробро дар 4 соат, ва ҷӯроббофи севвуме ҳамон ҷуфт ҷӯробро дар 2 соат мебофад. Ин ихтилоф аз тарафе ба абзори кор ва аз тарафи дигар ба маҳорат ва тунду тезии кори ин 3 нафар ҷӯроббоф бастагии комил дорад… Биннатиҷа агар шароити таъодули иҷтимоӣ баҷо бимонад, яъне арзаву тақозо муъодил бошанд, фақат дар ин ҳолат, фарзияи мо — ки иборат аз фурӯши як ҷуфт ҷӯроб мутобиқи арзиши зоӣ аст — саҳеҳ мебошад…

Яке аз масоил ин аст, ки оё кор як арзиши зотӣ дорад, ки қатъи назар аз ҳар қарордоде, мусовӣ аст бо миқдори муайяни кори дигар, ва билохира бо маблағе пул, ки муаррифи он арзиши зотӣ аст? Ва ё арзиши зотӣ вуҷуд надорад? Ва билохира бояд бо қарордод ва тарозӣ (розигии тарафайн) арзишҳо таъйин шавад? Ва агар арзиши зотӣ дар кор ҳаст, оё роҳе, ки дар боло зикр шуд, барои таъйини он кофӣ аст?, ки хулосааш ин аст: “Иҷтимоъ тақозои миқдори муайяни кор дорад, ин миқдор муайяро теъдоде коргар анҷом медиҳанд, вале дар замонҳои мухталиф. Гоҳе кор, камтар аз эҳтиёҷ аст ва ба пули газофе ба фурӯш мерасад, ва гоҳе зиёдтар аз эҳтиёҷ аст ва ба қимати нозилтаре ба фурӯш мерасад. Билохира навасонот ба охир мерасад ва таъодул барқарор мегардад ва қимати воқеӣ мушаххас мешавад. Воҳиди андозагирӣ замон аст. Бояд дид, замони мутавассит, ки барои ҳар воҳид масраф шуда чӣ қадр аст, ва рӯи он замон, қимат муайян мешавад.”

Эроде, ки бар ин (баён ) ворид аст ин аст, ки чаро агар тақозо бештар буд, дар мисоли фавқ, як ҷуфт ҷӯроб ба 12 риёл ба фурӯш мерасад на бештар (масалан 64 риёл), ва чаро агар арза зиёд шуд, аз ҳадди муайян поинтар намеравад? Сониян, агар ногаҳон ба воситаи пешомаде, масалан шуюъи як беморӣ, тақозо зиёд шуд, бо ин ки арза ба қадри кофӣ аз тарафи ҳамон коргарҳо зиёд мешавад, боз қимат боло меравад? Чӣ гуна сатҳи арзиши зотӣ боло меравад? Ба назар мерасад ҳанӯз мавзӯи арзиши зотӣ комилан ҳал нашудааст.

(Сипас идома медиҳад, сафҳа 27:)

Пас бино бар он чӣ гузашт, “кори иҷтимоъан лозим” ба воситаи текники мутавассити иҷтимоъ ва чобукии мутавассит ва хибрагии мутавассити коргар ва низ шароити мутавассити кор таъйин мегардад. Вале аз тарафи дигар текники иҷтимоъ, хибрагии коргар ва шароити кор, собит ва бидуни тағйир ва дар ҳоли сукун нестанд… Агар масрафи олуминиюм дар 30-солаи ахир 8 ҳазор баробар афзоиш ёфтааст, набояд иллати поин омадани баҳои ин филизро дар равобити арзаву тақозо ҷустуҷӯ кард, балки баръакс афзоиши тақозо натиҷаи ҳатмии таназзули баҳост ва иллати аввалии поин омадани баҳо низ таназзули арзиш (яъне тақлили замон кори иҷтимоъан лозим барои тавлид) мебошад…

Зоҳиран мақсуд ин аст, ки бар хилофи он чӣ гуфта мешавад, ки таназзули нарх маълули афзоиши арза аст ва ба навбаи худ иллати коҳиши арза низ ҳаст зеро тақозо ҳамеша аз як миқдори муайян таҷовуз намекунад, ин қазия собит мекунад, ки тақозо мизони собит надорад ва коҳиши баҳо иллати афзоиши тақозо мешавад, ва иллати аввалии таназзули баҳо афзоиши арза бар тақозо нест, зеро маълум нест арза бар тақозо афзоиш дошта бошад, балки бо ин ки арзаву тақозо муъодил аст, чун замони кор тақлил ёфта, ва кор милоки арзиш аст, хоҳ нохоҳ баҳо таназзул пайдо кардааст. Пас маълум мешавад иллат аслии таъйинкунандаи баҳо, арзаву тақозо нест, кор аст.

Дар сафҳаи 30 таҳти унвони “Кори содда ва кори буғранҷ” миёни кори содда ва кори тахассусӣ тафовут қоил мешавад, вале ҳосили тафовут бармегардад ба илова шудани муддати коромӯзии мутахассис. Вале ин ҷавоб нодуруст аст, зеро замоне, ки сарфи коромӯзӣ мешавад, дар мавриди ашхос мутафовит аст; истеъдодҳои мухталиф ва нубуғҳо ва ибтикорҳо дар назар гирифта нашудааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: