Оқохони IV

Ба баҳонаи зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон

13 декабр зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аст. Ба ҳамин муносибат, лозим донистам, зимни табрики ҳаммиҳанони исмоилии азизамон ба зодрӯзи пешвояшон, мухтасар дар бораи ин шахсият ва мазҳаби исмоилӣ бинависам.

Зиндагинома

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, имоми ҳозири шиъаёни исмоилӣ (шӯъбаи низория), дар 13 декабри соли 1936 мутаваллид шудааст. Ӯ 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ ба шумор меравад, ки дар воқеъ насли 49-ум аз фарзандони Алӣ ибни Абӯтолиб ва Фотимаи Заҳро (духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с)) маҳсуб мешавад, ки пас аз падарбузургаш Муҳаммадшоҳи Оқохон, дар синни 20-солагӣ ва дар 11 июли 1957 ба имомат расид. Вай донишомӯхтаи Донишгоҳи Ҳорворд дар риштаи таърихи ислом аст.

Оқохон яке аз сарватмандтарин мусалмонони ҷаҳон аст ва ҳамакнун 32-умин фарди сарватманди Ангилистон ба шумор меравад. Вай сармояи зиёдеро дар нуқоти фақир ва дурафтодаи дунё харҷ карда ва мекунад. Ҳамчунин талош дорад, то чеҳраи ғайри хушунатомез аз исломро ба маърази диди ҷаҳониён бигузорад. Ӯ ҳамчунин сарвати худро барои тарвиҷи иқтисоди худпойдор дар кишварҳои дар ҳоли тавсиа харҷ мекунад.

Оқохони IV дар ҷавонӣ варзишкор буд ва дар риштаи эски (лыжный спорт) маҳорати хоссе дошт ва дар олимпиёди зимистонии соли 1964 дар Утриш (Австрия) ба намояндагӣ аз Эрон дар се ришта: эскии суръат, морпеч ва морпечи бузург ширкат кард. Ӯ яке аз чаҳор варзишкори эронии ширкаткунанда дар ин олимпиёд буд.

Оқохони IV муддате ҳам масъули кӯмакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид будааст.

Ӯ поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад. Ва ҳамчунин молики “Шабакаи тавсиаи Оқохон” (AKDN) аст. Фаъолияти шабакаи ӯ дар кишварҳои ҷаҳони севвум аз ҷумла Тоҷикистон аст.

Ӯ то кунун аз кишварҳои Олмон ва Конодо унвонҳои ифтихории мухталифе дарёфт кардааст.

* * *

Исмоилиён

Исмоилиён гурӯҳе аз шиъаён ҳастанд, ки имоматро ба Исмоил фарзанди Имом Ҷаъфари Содиқ (а) хатм мекунанд ва ӯро имоми ҳафтум медонанд. Онҳо дар кишварҳое монанди Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Тонзониё, Кениё ва соири мамолик парокандаанд.

Исмоилиён ба ду шохаи бузург тақсим мешаванд: исмоилиёни низорӣ (ки имоми ҳозирашон Оқохони IV аст) ва исмоилиёни мустаълавӣ. Ва чунонки Ҳонри Корбун мегӯяд, исмоилиёни низорӣ пас аз суқути қалъаи Аламут (воқеъ дар Қазвини Эрон) ба дасти муғулон ва нобудии китобҳои мавҷуд дар он, манобеъи худро аз даст доданд. Аммо исмоилиёни мустаълавӣ, ки акнун бештар дар Ҳинд сокин ҳастанд, манобеъи дасти аввали худро ҳифз кардаанд.

Дар манобеъи исломӣ, аз исмоилиён ба Ботиния низ ном бурда мешавад. Зеро эшон Қуръонро таъвили ботинӣ мекунанд. Ин таъвил ба ӯҳдаи фарде аст, ки дар исмоилия ба ӯ Муаллим мегуфтанд.

Мазҳаби исмоилӣ, дар даврони хулафои фотимии Миср бисёр густариш ёфт. Дар садаи 4 ҳиҷрӣ кори мубаллиғони исмоилӣ дар Хуросон боло гирифт ва бисёре аз бузургони сомонӣ ба эшон пайвастанд, ки бузургтаринашон Амир Насри Сомонӣ буд. Гароиши Амир Наср ба мазҳаби исмоилӣ вокуниши ғуломони туркро, ки горди нигаҳбонони амирро бар ӯҳда доштанд дар пай дошт ва онҳо руҳониёнро ба барандозии Амир Наср таҳрик карданд. Гарчи дар оғоз тавтиаи туркон корсоз науфтод, вале саранҷом Амир Наср ба ночор канорагирӣ кард ва фарзандаш Нӯҳро ба ҷои хеш бар тахт нишонд. Фишори туркон, ки бисёр нерӯ гирифта буданд, саранҷом ҷунбиши исмоилиёнро тору мор сохт ва раҳбарони ин ҷунбиш дар Фарорӯд шиканҷа ва кушта шуданд. Аз он пас ҷунбиш ҳолати пинҳонӣ ба худ гирифт.

Бо сарнагунии Сомониён ва рӯи кор омадани туркон, вазъи исмоилиён аз он чи буд бадтар шуд. Онҳо мавриди озору куштори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ қарор гирифтанд.

Дар замони Салҷуқиён аммо Ҳасани Саббоҳ дар Эрон раҳбарии исмоилиёнро ба даст гирифт. Маркази таблиғ ва муқовимати хешро ба кӯҳҳо ва дежҳои кӯҳистонӣ расонд ва худаш дар дежи Аламут ошён гирифт. Пас аз устувор шудан, ӯ аз Миср бурид ва ҷудогона ва мустақил ба даъват пардохт. Ин рӯзгор даврони авҷи исмоилиён буд. Мутаассифона, Ҳасани Саббоҳ барои пешбурди ормонҳои исмоилӣ, даст ба хушунат ва як ришта терурҳо зад, ки муҳимтаринаш терури Хоҷа Низомулмулк (р) аст.

Пас аз марги Ҳасани Саббоҳ, ҷонишинонаш роҳи набард бо хонадонҳои турки чира бар Эронро пай гирифтанд; то ин ки бо тозиши муғулҳо ба Эрон, бо Султон Ҷалолуддини Хоразмшоҳ дар як сангар қарор гирифтанд ва бо муғулон ба ситез пардохтанд. Вале саранҷом Хуршоҳ, вопасин раҳбари исмоилиёни Аламут, дар соли 651 ҳиҷрӣ дар баробари Ҳалокухони муғул таслим шуд ва чанде пас аз он, ба дасти муғулҳо кушта шуд. Муғулон дежҳоро яке пас аз дигар гушуданд ва куштори бузурге аз исмоилиён ба роҳ андохтанд.

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Пароканда

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: