Перейти к содержимому

Тамоси телефонии раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо Ҳасани Руҳонӣ

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, зимни қадрдонӣ аз мавозеъи устувор ва усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва Қудси шариф, тасреҳ кард: “Аз нигоҳи миллати Фаластин, Ҷумҳурии Исломии Эрон як сутуни нерӯманд ва муқовим дар ҳимоят аз таҳаққуқи ормонҳои миллати Фаластин аст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, асри душанбе (11.12.2017) Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон тамоси телефонӣ дошт. Ҳасани Руҳонӣ дар ин тамоси телефонӣ, тасреҳ кард: “Миллати мазлуми Фаластин ва уммати исломӣ бе тардид бо ваҳдат, муқовимат ва истодагии худ, тарҳи омрикоӣ–саҳюнистиро бо шикаст мувоҷеҳ хоҳанд кард.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки “Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми Омрикоро ба шиддат маҳкум мекунад”, гуфт: “Ин иқдоми носаҳеҳ моҳияти Омрико ва режими саҳюнистиро беш аз пеш назди ҷаҳониён ошкортар кард ва нишон дод, ки онҳо ба ҳеч унвон намехоҳанд ҳуқуқи миллати Фаластинро ба расмият бишносанд.”

Руҳонӣ, муқовимат ва истодагӣ дар баробари ин тасмими иҳонатомези Омрикоро яке аз озмунҳои бисёр муҳим барои миллати Фаластин ва ҳамаи мусалмонон баршумурд ва гуфт: “Дар ин шароит ва дар гоми нахуст, ҳамаи ҷараёнҳои фаластинӣ бояд бо ваҳдати худ посухи қотеъе ба режими саҳюнистӣ ва Омрико бидиҳанд ва дар гоми дуввум низ дунёи ислом бояд бо садои воҳид ва муттаҳид, дар баробари ин тарҳи шум биистад.”

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: “Давлатҳои исломӣ дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Туркия, бе тардид бо садои расо эътирози худро ба гӯши ҷаҳониён хоҳанд расонд.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки Эрони Исломӣ ҳамонанди гузашта дар канори миллати Фаластин мемонад, ба гузориши раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос аз Интифозаи ҷадид алайҳи режими саҳюнистӣ ва шаҳодати чаҳор фаластинӣ ва маҷрӯҳ шудани беш аз як ҳазору 500 нафар ишора ва гуфт: “Мо ба миллати бузурги Фаластин ба хотири муқовимат, ҷиҳод, истодагӣ ва исорашон дар баробари душмани саҳюнистӣ ифтихор мекунем ва мутмаиннем, ки Интифозаи ҷадид масири саҳеҳи худро барои эҳқоқи ҳуқуқи миллати Фаластин идома медиҳад.”

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ дар ин тамоси телефонӣ, бо қадрдонӣ аз мавозеъи устувор ва усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва Қудси шариф, тасреҳ кард: “Аз нигоҳи миллати Фаластин, Ҷумҳурии Исломии Эрон як сутуни нерӯманд ва муқовим дар ҳимоят аз таҳаққуқи ормонҳои миллати Фаластин аст.”

Исмоил Ҳаниа тасмими Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар бораи Қудси шарифро таъаддӣ ва таҷовузи ошкор ба ҳуқуқи ҳамаи уммати исломӣ донист ва таъкид кард, ки миллати Фаластин бо муқовимати худ ҳаргиз ба Исроил ва Омрико иҷозаи таҳаққуқи ин тасмимро нахоҳад дод, чаро ки Қудси шариф ба Фаластин ва ҷаҳони ислом таъаллуқ дорад.

Вай бо ишора ба оғози Интифозаи ҷадиди миллати Фаластин ба дунболи тасмими иҳонатомези давлати Омрико гуфт: “Ин Интифоза, ки то кунун чаҳор шаҳид ва як ҳазору 500 маҷрӯҳ додааст, бо қудрат идома меёбад ва мо мусаммам ҳастем тарҳи омрикоиҳо ва саҳюнистҳоро бо шикаст мувоҷеҳ кунем.”

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин аз ҳамаи давлатҳои исломӣ хост, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Туркия, бо тасмимоти қотеъи худ, аз миллати Фаластин ва Қудси шариф пуштибонӣ кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: