Фалсафа ва равиши реализм (138)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (6)

Матни мақола

Ишкол

Мумкин аст ба баёни гузашта эътироз карда ва бигӯед, ки баёни гузашта бо он чӣ улуми имрӯз ташхис медиҳанд вифқ намедиҳад; зеро донишмандони имрӯза ба субут расонидаанд, ки сохтмони аҷсом муттасили воҳид нест ва ҳар ҷисме мураккаб аз як даста аҷзои кучаку рез аст, ки қобили табдил ба энержӣ мебошанд. Ва дар ҳақиқат, ҳар ҷузъи моддӣ аз тарокуми як тӯдаи анбӯҳе аз энержӣ ба вуҷуд омада ва худи энержӣ низ сохтмони дона-дона, ки ҳар донае “квонтум” номида мешавад дорад.

Ва аз сӯи дигар, мо ҷуз модда ва энержӣ ва бо таъбири саҳеҳтар, ҷуз энержӣ дар ҷаҳони табиат чизе надорем ва аз ин рӯй “иттисол ва пайвастагӣ” як мафҳуми пиндорӣ беш нест.

Посух

Баҳси гузаштаи мо бар бутлони фарзияҳо ё назарияҳои гузашта мубтанӣ ва устувор нест ва сару кори мо танҳо бо воҳидҳое аст, ки дар воқеияти хориҷ мавҷуд мешаванд. Иттисоле, ки мо дар миёни ашёи хориҷӣ ё дар миёни сифоти онҳо исбот менамоем, на дар миёни ду то атом ё молекула ё дар миёни ду квонтум мебошад, балки дар миёни ду воҳиди хориҷӣ ва ба иборати дигар, дар миёни ду мартиба аз як воҳиди хориҷӣ аст ва мо ҳаргиз наметавонем воҳидҳои воқеиро дар хориҷ инкор намоем. Ва пурравшан аст, ки ҳар воҳиди мафруз бо вуруди қисмат аз миён меравад. Як фарди инсон як воҳид аст ва як гӯсфанд ё мурғ ё дарахти бед як воҳид аст, агарчи мо гоҳе ҳам дар ташхиси воҳид хато намуда ва ғайривоҳидро воҳид бишуморем. Ва то андозае дар мақолаи 5-ум дар хусуси касрат ва ихтилофоти хориҷӣ, ин масъаларо тавзеҳ додаем.

Ба ҳар ҳол, бо дар назар гирифтани ин матлаб, агар ҷисмеро, ки ҳаргиз аз макон холӣ нахоҳад буд фарз кунем, ки бо ҳаракати худ аз маконе ба макони дигар мунтақил мешавад, хоҳем дид ҳамин ки макони аввали худро бо ҳаракати худ раҳо кард, дар ҳар лаҳза аз лаҳзоти замони ҳаракати худ, як макони тоза (нисбати ҷисм ба аҷсоми хориҷ ва дур бар худ) гирифта, дар лаҳзаи баъд макони тозатаре мегирад, ва ҳамчунин… Он гоҳ агар ҷисмро бо чанд воҳид аз ин маконҳо фарз карда маконҳои мафрузаро ба тартиб паҳлӯи ҳам бичинем, ҳар воҳид аз маконҳои мафруза ба воситаи имконе, ки дар макони пешини худ дорад (ва ин имкон, ҳам бо феълияти макони пешин яъне “ҷисм дар макони пешин”, ки ҳомили ӯст муттаҳид аст ва ҳам бо феълияти макони пасин, ва ҷисм низ ъалалфарз аз макон холӣ нест ва феълияти макон низ бе имкон ва қувва нахоҳад буд) бо ҳамон макони пешин иттисол пайдо мекунад ва ҷамъан воҳидеро ташкил медиҳанд, вале воҳиде, ки ин сараш бо он сар ихтилоф дошта ва ғайри ҳамдигаранд. (1) Яъне ин воҳид як имтидод ва инқисоме дорад, ки ба воситаи он, ҷузъи аввал ва пешин имкони ҷузъи дуввум ва пасинро дорад, на феълияти онро, яъне ҷузъи пасини ин воҳид ба ҳамроҳи ҷузъи пешини он нест, яъне дар айни ваҳдат, адами ҷузъи лоҳиқро аз ҷузъи собиқ интизоъ мекунем.

Ин назар ва лиҳозро вақте, ки нисбат ба ҳамаи маконҳое, ки фарз намуда будем анҷом диҳем, хоҳем дид ваҳдат ва тағйири номбурда ба ҳама сироят намуда ва як воҳиди равон ва сайёл пайдо мешавад (2) ва ҳар қитъаи онро, ки бигирем, бо ин ки як воҳид бештар нест, ба ҳамроҳи қитъаи пешин ва ё қитъаи пасини худ нест (яъне ба ҳасби феълият), вале имкони вай дар қитъаи пешин ва имкони қитъаи пасин дар он мавҷуд аст. Ва бо таъбири соддатар, маҷмӯи маконҳои мафруз як воҳиди мумтаддеро ташкил медиҳанд, ки имкон ва феълият дар он ба ҳам омехта ва вуҷуд ва адам дар он бо ҳам сириштааст. (3) Зеро ҳар ҷузъи мафруз, имкони ҷузъеро, ки пас аз он аст дорад ва ҷузъи пасин низ бо феълияти худ, адами онро дорад. Пас, маҷмӯъ ва пайкараи ин имтидод, ҳам вуҷуди худ ва ҳам адами худро муштамил аст ва чун як воҳид беш нест, бояд гуфт, вуҷуд ва адам дар вай бо ҳам омехта ҳастанд.

Ва аз нуқтаи назари дигар, ин пайкараи мутағайир, нисбат ба ҷисм, ки бо ин васила макони охириро мехоҳад феълияте аст, ки пеш аз ҳаракат надошт, ва нисбат ба макони охирӣ қувва ва имкон аст. (4)

Ин баён — ё наздик ба ин баён — ро метавонем дар мавриди ҳар феълияте тоза, ки ҷисм феълияти кӯҳнаи худро табдил ба он мекунад иҷро кунем ва дар натиҷа “имкон”-ро исбот намуда ва ду феълиятро ба як феълият таҳвил диҳем ва маънои табаддули феълияте ба феълияти дигарро равшан созем. (5)

Ва бо баррасӣ ва кунҷковӣ дар мавориди тағйироте, ки дар ҷаҳони табиат падид мешавад ва иттисоле, ки ба воситаи имкон ва феълият ба ҳамдигар пайдо мекунанд, метавон ба назарияи зерин ҳадс зад:

“Ҳамагуна таҳаввулоти ҷаҳони табиат аз роҳи ҳаракат анҷом мегирад.” (6) Ва аз ин рӯй мо аз баррасӣ ва кунҷковӣ дар ҳақиқати “ҳаракат” ва мафҳуми он гурезе надорем.

* * *

Таълиқот:

(1) Соддатарин ва баситтарин падидае, ки машҳуд ва маҳсус ва ғайриқобили инкор аст, ҳаракати маконӣ аст яъне интиқоли ҷисм аз ҷое ба ҷое.

Роҷеъ ба ин ки ҳақиқати макон (ҷойгоҳ) чист, ду назари асосӣ вуҷуд дорад: баъзе мӯътақиданд, макон ҳақиқате аст муҷаззо аз ҷисм ва собит ва ғайримутағайир аст, ва он ҳақиқат аст, ки фазоро ташкил медиҳад ва аҷсом дар он шиноваранд ва ҳар ҷисме ба таносуби ҳаҷми худ қисмате аз фазоро ишғол кардааст ва бо ҳаракати худ он қисматро раҳо мекунад ва қисмате дигарро ишғол мекунад. Агар фарз кунем ҳеч ҷисме ғайр аз як ҷисми маҳдуд вуҷуд надошта бошад яъне агар фарз кунем ҳамаи аҷсоми ҷаҳон маъдум шаванд ва як ҷисм боқӣ бимонад, барои он ҷисм аз назари ҷо имкони ҳаракат ҳаст, зеро қисмате аз фазоро, ки ишғол карда раҳо мекунад ва қисмате дигарро ишғол мекунад (қатъи назар аз ин ки халаъ ва ҳаракат дар халаъ маҳол ҳаст ё нест).

Назарияи дуввум ин аст, ки фазо ва маконе ҷудо аз аҷсом вуҷуд надорад. Ҳар ҷисме ба таносуби ҳаҷми худ қисмате аз фазоро ташкил медиҳад ва ба вуҷуд меоварад. Аҷсом чун дар муҷовирати якдигаранд ва ба якдигар иҳота доранд, хоҳ нохоҳ миёни онҳо нисбатҳое аз дуриву наздикӣ ва васлу фасл ва муҳит будану муҳот будан ва ғайра пайдо мешавад. Ҷисм чӣ сокин бошад ва чӣ мутаҳаррик, нисбатҳое бо аҷсоми дигар дорад, ки дар сурати сукун, он нисбатҳо собит, ва дар сурати таҳаррук, он нисбатҳо мутағайир аст. Тибқи ин назария, ҳаракати маконӣ иборат аст аз тағйири мутаволӣ ва иттисолии ин нисбатҳо. Дар китобҳои фалсафаи исломӣ, назарияи аввалро ба “Ишроқиюн” нисбат медиҳанд ва назарияи дуввумро ба “Машшоъин”. Вале зоҳиран маншаъи ин нисбат Шайхи Ишроқ аст. Назарияи “буъди муҷаррад” ва “фазои муҷаррад” зоҳиран аз тарафи худи Шайхи Ишроқ ибдоъ шуда ва монанди бисёре аз назарияҳои дигари ӯ чунин фарз шуда, ки ин назария аз Афлотун, ки раиси Ишроқиюн фарз мешавад иқтибос шудааст. Вале мо дар ҷои дигар собит кардаем, ки ин назарияҳо рабте ба Афлотун надорад. Иттифоқан, дар бораи хусуси ин назария Бӯалӣ дар “Илоҳиёти Шифо” дар мабҳаси марбут ба “мусул”, тасреҳ мекунад, ки Афлотун мункири фазои муҷаррад аст. Ҳол тибқи назарияи “буъди муҷаррад” ҳангоме, ки ҷисм ҳаракат мекунад ва нақли макон медиҳад, воқеан қисмате аз фазоро раҳо месозад ва қисмате дигарро ишғол менамояд. Вале тибқи назарияи дуввум, ҳангоми ҳаракат он чӣ ҳаракат мекунад, айни фазост ва он чӣ ҳаракат дар ӯ воқеъ мешавад, ҳамон нисбатҳост, ки гуфта шуд. Тибқи ин назария, агар ҳамаи аҷсом маъдум шаванд ва фақат як ҷисм боқӣ бимонад, аз барои он ҷисм аз назари “ҷо” имкони ҳаракат нест. яъне дигар ҷо вуҷуд надорад, то он ҷисм битавонад дар “ҷо” ҳаракат кунад.

Мо хоҳ он ки қоил ба фазои муҷаррад аз ҷисм бошем ва хоҳ набошем, ҳангоме, ки ҷисм ҳаракат мекунад, нисбатҳои номбурда тағйир мекунад. Яъне дар ин ки нисбатҳои номбурда тағйир мекунад, ба ҳар ҳол, баҳсе нест. Ин аст, ки дар матн ҳамин ҷиҳат мафруз ва мусаллам гирифта шудааст.

Ба ҳар ҳол, маконро ҳар гуна тафсир кунем, ҷисм ҳангоми ҳаракат, маконеро раҳо ва дар лаҳзаи дигар макони дигаре, ки қаблан надошт ишғол мекунад ва дар лаҳзаи баъдтар ин маконро низ раҳо ва макони тозатаре ишғол мекунад. Ишғоли ҳар як аз ин маконҳо падидае аст, ки дар лаҳзаи қабл аз ишғол набуда ва дар лаҳзаи ишғол падид омадааст. Дар лаҳзаи қабл аз ишғол, имкони он вуҷуд дошта ва дар лаҳзаи ишғол, он имкон ба феълият расидааст. Ва ҳамчунин аст дар тамоми лаҳазоте, ки ҷисм ҳаракат мекунад ва масофатеро тай менамояд.

Қаблан собит кардем, ки ҳар имкон бо феълияте, ки ҳомили он имкон аст муттаҳид аст, ҳомил ва маҳмул ду амри ҷудо аз якдигар нестанд. Ва ҳамчунин қаблан собит кардем, ки ҳар имкони қаблӣ бо феълияти баъдӣ маҷмӯъан як воҳиди муттасилро ташкил медиҳанд, яъне имкони қаблӣ ва феълияти баъдӣ низ ду амри ҷудо аз якдигар намебошанд. Натиҷаи ин ду назар ин мешавад, ки маҷмӯи маконҳое, ки ҷисм дар ҳоли ҳаракат ишғол мекунад, як воҳиди муттасили мутадарриҷ аст. Пас, мо дар мавриди макон, ду навъ макон дорем: як навъ макони собитулвуҷуд ва ғайримутадарриҷул-вуҷуд, ва як навъи дигар макони мутадарриҷул-вуҷуд. Макони мутадарриҷул-вуҷуд як навъ имтидод ва қобилияти инқисоме дорад ба тавре, ки зеҳн қодир аст онро таҷзия кунад ба аҷзое, ки баъзе аз он аҷзоъ бар баъзе дигар тақаддум дорад ва нисбат ба мутааххиртар аз худ билқувва аст ва фоқиди он аст, яъне ҷузъи пасин ҳамроҳи ҷузъи пешин нест. Макони мутадарриҷул-вуҷуд дар айни ваҳдати воқеӣ, навъе касрат дорад ва дар айни ин ки мавҷуд аст маъдум аст, яъне ҳар мартибае дар мартибаи дигар маъдум аст. Ва ба иборати дигар, аз лиҳози ваҳдат мавҷуд аст ва аз лиҳози касрат маъдум аст, зеро ҳар мартибае дар мартибаи дигар маъдум аст.

Бадеҳист, ки ин қоида ихтисос ба макон надорад, дар ҳар ҷо, ки имкон ва феълият ва хуруҷ аз қувва ба феълият (ҳаракат) ҳаст, ин қоида ҷорӣ аст. Яъне чун ҳамеша “имконҳо” бо ҳомили худ муттаҳиданд ва ҳомилу маҳмул ду амри ҷудогона ва мухталифул-вуҷуд нестанд, балки муттаҳидул-вуҷуданд он чунон ки ҳар мубҳам бо мутаъайин ва ҳар мутлақ бо муқайяд муттаҳид аст. Ва чун ҳар имкон бо феълияти баъдӣ низ муттаҳид аст ва маҷмӯъан як воҳиди воқеиятро ташкил медиҳанд, пас маҷмӯъи кайфиятҳо ё каммийятҳо ва ҳатто маротиби ҷавҳарӣ, ки шайъ дар ҳоли ҳаракат тай мекунад, як воҳиди кайфият ва ё як воҳиди каммийят ва ё як воҳиди ҷавҳар аст, вале воҳиде муттасил ва мумтадд ва кашишдор ба имтидоди замон ва воҳиде мутадарриҷул-вуҷуд.

* * *

(2) Ин ки гуфтем ҳар мартибае аз маротиби макони мутадарриҷул-вуҷуд ҳамроҳи мартибаи дигар нест, дар бораи маротиби ҳар як аз мартибаҳо низ содиқ аст ва боз ҳар як аз ин маротиб низ қобили таҷзия ба маротиби дигар ҳастанд ва дар бораи онҳо низ содиқ аст ва билохира қитъае аз макони мутадарриҷул-вуҷуд наметавон пайдо кард, ки қобили таҷзия ба маротибе набошад ва ё мартибаи собиқ фоқиди мартибаи лоҳиқ набошад. То бе ниҳоят ҳар чӣ пеш биравем ин қоида барқарор аст. Ин андоза нуфузи адами лоҳиқ дар вуҷуди собиқ ва ин андоза адами маъияти аҷзоъи як шайъ ба замимаи ин ки нисбати ҳар собиқ бо лоҳиқ нисбати имкону феълият аст, мафҳум “саялон”-ро ба вуҷуд меоварад, яъне метавонем бигӯем, макони мутадарриҷул-вуҷуд бо ин ки як воҳиди мумтадд аст, як воҳиди равон ва сайёл аст.

* * *

(3) Ин ки имкон ва феълият ба ҳам омехта аст ва лузуман омехта аст, яъне ду вуҷуди ҷудогона наметавонанд дошта бошанд, ҳам дар бораи феълияте содиқ аст, ки ҳомили имкон аст ва ҳам дар мавриди феълияте, ки имкон мутаваҷҷеҳ ба он аст ва дар инҷо манзури аслӣ шиққи дуввум аст ва ба ҳамин далел аст, ки мо муддаӣ ҳастем, ки табдили имкон ба феълият, бар хилофи назари Арасту ва Ибни Сино ва пайравонашон, ба ду гуна нест: дафъӣ ва тадриҷӣ, балки мунҳасиран тадриҷӣ ва ба сурати ҳаракат аст ва ин худ далели мустақилле аст бар “ҳаракати ҷавҳария” ва ин ки тағайюрот ва табаддулоти ҷавҳарӣ ба шакли “кавну фасод” нест, балки ба шакли ҳаракат аст. Садрулмутааллиҳин, ки қаҳрамони “ҳаракати ҷавҳария” аст, бурҳонҳои зиёде бар ҳаракати ҷавҳария овардааст ва аз роҳҳои мухталиф рафтааст, аммо аз ин роҳ истифода накардааст, вале аз матовии бархе калимоташ дар ҷоҳои дигар фаҳмида мешавад, ки то андозае ин нуктаро дарёфта будааст. Мо баъдан дар бораи ин матлаб баҳс хоҳем кард.

Омехтагии имкон бо феълият, ва адам бо вуҷуд, ба ин ҷиҳат аст, ки ҳар андоза зеҳн як шайъи мутадарриҷул-вуҷудро ба аҷзое таҷзия кунад, имкони таҷзияи дигар вуҷуд дорад ва ҳадди яқиф надорад ва ҳар як аз аҷзои фарзӣ, имкон аст нисбат ба ҷузъи баъдӣ ва феълият аст нисбат ба ҷузъи қаблӣ, адам аст нисбат ба ҷузъи баъдӣ ва вуҷуд аст нисбат ба худ. Ва албатта хоссияти омехта будани вуҷуду адам аз “имтидод” ношӣ мешавад хоҳ он шайъи мумтадд мутадарриҷул-вуҷуд бошад ва ё набошад, вале омехта будани имкону феълият, аз ҳаракат ва тадарруҷи вуҷуд ношӣ мешавад ло ғайр.

* * *

(4) Баъдан гуфта хоҳад шуд, ки ҳеч ҳаракате бидуни ғоят нест, яъне ҳар ҷисме ҳар навъ ҳаракатеро, ки анҷом медиҳад, ниҳоят ва мақсадеро ҷустуҷӯ мекунад ва мехоҳад бо ҳаракат ба он мақсад бирасад, ва ба иборати дигар, ҳаракат барои шайъи мутаҳаррик ҳамвора васила аст, на ҳадаф. Бинобар ин, агар ҳаракати як ҷисмро якҷо дар назар бигирем ва онро дар муқобили ҳадаф ва мақсади ҳаракат қарор диҳем, худ феълияте аст, ки қабл аз оғози ҳаракат набуд ва фақат имкони он вуҷуд дошт ва ҳамон феълият нисбат ба ҳадафи аслии ниҳоӣ қувва ва имкон аст. Ин аст, ки мегӯянд: ҳаракати як шайъ камоли он шайъ аст, аммо на камоле, ки худи он камол матлуб бошад, балки камоле, ки дар айни ин ки камол аст ва феълият аст, моҳияташ моҳиятталаб аст, на матлуб. Талаб аз он ҷиҳат, ки талаб аст, метавонад билқувва бошад ва метавонад билфеъл бошад. Бадеҳист, ки талаби билфеъл нисбат ба талаби билқувва, навъе камол ва феълият аст. Дар айни ҳол табиати ин камол ва ин феълият ин аст, ки худ, матлуби шайъи толиб нест, матлуб чизи дигар аст. Ин аст, ки мегӯянд: “Ҳаракат камоли аввал аст на камоли сонӣ”. Фалосифаи исломӣ мӯътақиданд, ки дар миёни таъорифи мутаъаддиде, ки аз “ҳаракат” шудааст, дақиқтарин таърифот ҳамон аст, ки аз Арасту расидааст.

Аз Арасту дар таърифи “ҳаракат” ҷумлае расидааст, ки муфодаш ин аст:

الحركة كمال أول لما بالقوة من حيث أنه بالقوة

Яъне “ҳаракат камол аст, аммо камоли аввал — яъне камоле, ки васила аст на ҳадаф — барои амри билқувва аз он ҷиҳат, ки билқувва аст.”

* * *

(5) Пас аз он ки маълум шуд ҳар феълияте нисбат ба феълияти баъдӣ имкон аст ва нисбат ба имкони қаблӣ феълият аст, ду чиз равшан мешавад: яке ин ки вақте, ки мегӯем имкон табдил ба феълият шуд, дар воқеъ феълияте табдил ба феълияти дигар шудааст. Дигар ин ки: маҷмӯъи феълияти мутабаддилшуда ва феълияти бавуҷудомада, феълияти воҳидро ташкил медиҳанд, ки ду сараш бо якдигар мутафовит аст, яъне нисбатҳои тақаддуму таъаххур ва имкону феълият миёни онҳо ҳукмфармост. Ваҳдати ду феълият аз он ҷо дониста мешавад, ки қаблан гуфтем миёни имкону феълият “адам” фосила намешавад.

* * *

(6) Роҷеъ ба таҳаввулоти табиат махсусан таҳаввулоти ҷавҳарӣ ду назария аст:

а) Кавну фасод;

б) Ҳаракати ҷавҳарӣ.

Тибқи назарияи кавну фасод ҳангоме, ки як шайъ аз ҳолати билқувва ба ҳолати билфеъл дармеояд, модда сурати аввалиро раҳо мекунад пас сурати аввалӣ фосид ва табоҳ мешавад, сипас сурати баъдӣ падид меояд — монанди ин ки касе пероҳани худро биканад ва пероҳани дигаре бипӯшад — ҳамчунон ки имкони қаблӣ низ маъдум мегардад ва феълияте ҷонишини он мешавад. Пас, дар ҳақиқат дар ҳар табаддули ҷавҳарӣ “табодул” сурат мегирад: сурате ҷо холӣ мекунад ва сурате дигар ҷои онро пур мекунад, имконе маъдум мешавад ва феълияте ҷонишини он мегардад. Аз ин рӯ қаҳран навъе гусастагӣ миёни сурати пешин ва сурати пасин вуҷуд дорад, ҳамчунон ки миёни имкони пешин ва феълияти ҷонишини ӯ ин гусастагӣ вуҷуд дорад.

Аммо тибқи назарияи ҳаракати ҷавҳария “табодул” нест, балки “табаддул” аст ба маънии воқеии калима, ки мулозим аст бо пайвастагӣ ва иттисол ва ваҳдати сурати пешин ва сурати пасин, ва ҳамчунин иттисол ва ваҳдати имкони қаблӣ ва феълияти баъдӣ.

Агар ин муддао собит бишавад, ки миёни имкону феълият фосила наметавонад вуҷуд дошта бошад ва феълиятҳо маҷмӯъан як феълиятро ташкил медиҳанд, собит мешавад, ки ҳар чӣ дар ҷаҳон рух медиҳад, аз тариқ “ҳаракат” аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: