Ардуғон: “Исроил ишғолгар ва терурист аст”

Раисиҷумҳури Туркия бо баёни ин ки Исроил ишғолгар ва ҳамчунин терурист аст, гуфт: “Бар асоси қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал, ҳеч кишваре ҳақ надорад дар Қудс сафоратхона дошта бошад.”

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар нишасти фавқулодаи “Созмони Ҳамкории Исломӣ” дар Истонбул гуфт: “Тасмими Тромп аз манзари таърихӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ фоқиди эътибор ва танҳо ҷиҳати муҷозоти фаластиниёни таҳти ишғол иттихоз шудааст. Аз соли 1947 то кунун Исроил гом ба гом ба ишғоли сарзамини Фаластин идома медиҳад. Ин амр, ғайри қонунӣ аст. Сарзамини Фаластин таҷзия шудааст. Исроил ишғолгар ва ҳамчунин теруристӣ аст. Кӯдаки 10-соларо боздошт ва ӯро зиндонӣ кардааст.”

Ардуғон таъкид кард: “Аз тамоми бародарони кишварҳои мухталиф, ки бо даъвати инҷониб барои инсоният ба инҷо омаданд, қадрдонӣ мекунам. Шиносоии Қудс ба унвони пойтахти Исроил аз сӯи раисиҷумҳури Омрико дар таърихи 6 декабр ҳеч синхияте бо қавонини байналмилалӣ надорад. Ҳар касе ба Қудс рафта бошад, медонад, ки ин шаҳр ишғол шудааст. Тасмими Тромп фоқиди эътибор аст. Бар асоси қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал, ҳеч кишваре ҳақ надорад сафоратхона дар Қудс дошта бошад. Аз тамоми кишварҳое, ки ин тасмими Омрикоро рад кардаанд, ташаккур мекунам. Поп низ аз ин тасмими мо истиқбол мекунад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: