Баёнияи поёнии нишасти сарони “Созмони Ҳамкории Исломӣ”

“Созмони Ҳамкории Исломӣ” таъкид кард: “Тасмими раисиҷумҳури Омрико дар бораи Қудс пуч ва беэътибор аст, онро намепазирем ва ба шиддат маҳкум мекунем.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти изтирории сарони “Созмони Ҳамкории Исломӣ” дар Истонбул, бо судури баёнияе дар бораи Қудс ба поён расид.

48 кишвари узви ин созмон дар баёнияи поёнии нишаст таъкид карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд Қудси шарқиро ба унвони пойтахти ишғолии давлати Фаластин ба расмият бишносад.

Дар ин баёния, аз Омрико хоста шудааст, ки аз нақши худ ба унвони миёнҷӣ дар музокироти сулҳи Ховари Миёна даст бикашад ва тасмимаш дар бораи Қудсро лағв кунад.

“Созмони Ҳамкории Исломӣ” бо баёни ин ки давлати Фаластин ба пойтахтии Қудси шарқиро ба расмият мешиносад, таъкид кард: “Тасмими раисиҷумҳури Омрико дар бораи Қудс пуч ва беэътибор аст, онро намепазирем ва ба шиддат маҳкум мекунем.”

Баёнияи поёнии нишаст ҳамчунин аз Шӯрои амният хост, то вазъияти қонунӣ ва бетарафи шаҳри Қудсро муҷаддадан эълом кунад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои поёни ишғолгарӣ ва ҳифозат аз ҳуқуқи фаластиниён талош кунад.

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Дар сурате, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи тасмими Омрико дар мавриди Қудс иқдоме накунад, ин парвандаро ба Маҷмаъи умумӣ хоҳем бурд.”

Намояндагоне аз 48 кишвар бо шумули раисиҷумҳур, шоҳ ва шоҳзода дар нишасти сарони “Созмони Ҳамкории Исломӣ” ҳузур доштанд. Нуктаи қобили таваҷӯҳ, адами ҳузури Малик Салмон, подшоҳи Арабистон ва ё Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ӯ дар ин нишаст буд.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта зимни ба расмият шинохтани Қудс ба пойтахтии “Исроил”, дастури интиқоли сафоратхонаи Омрико аз Телавив ба Қудсро имзо кард.

“Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) рӯзи панҷшанбеи гузашта зимни даъват ба тазоҳурот дар саросари Фаластини ишғолӣ, ҷумъаро оғози Интифозаи чаҳорум ва Рӯзи хашм эълом кард.

Ҳамчунин дар иқдоме камсобиқа 14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милал аз ҷумла Ангилис, Фаронса ва Русия, дар ҷаласае, ки рӯзи ҷумъа баргузор шуд, зимни интиқоди шадид аз эълом шудани Қудс ба пойтахтии режими саҳюнистӣ тавассути Омрико, гуфтанд сафоратхонаҳояшонро аз Телавив мунтақил намекунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: