Перейти к содержимому

Валиҳади саудӣ хитоб ба Маҳмуд Аббос: “Қудс ва ҳаққи бозгашти паноҳандагонро фаромӯш кун!”

Як пойгоҳи арабзабон фош кард, ки валиаҳди саудӣ дар ҷараёни дидор бо Маҳмуд Аббос, пешниҳод дода то дар қиболи гирифтани маболиғи ҳангуфте, Қудс ва ҳаққи бозгашти паноҳандагонро фаромӯш кунад.

Пойгоҳи Арродор ҷузъиёти ҷадидеро аз дидори чанде пеши Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, мунташир кард.

Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад бен Салмон ба Маҳмуд Аббос гуфтааст: “Парвандаи Қудс ва ҳаққи бозгашти паноҳандагонро фаромӯш кун. Ба самти як ҳукумат дар Ғазза пеш бирав. Дар ин сурат, амволи зиёде насибат хоҳад шуд.”

Тибқи гузориши ин пойгоҳ, Маҳмуд Аббос барои фирор аз шароити сахте, ки бо он мувоҷеҳ шуда буд, пас аз шунидани пешниҳоди Муҳаммад бен Салмон, хитоб ба вай гуфтааст: “Эй амир! Пешниҳоди худро ба сурати мактуб ба ман бидиҳед, то онро дар Кумитаи марказии Созмони озодибахши Фаластин матраҳ кунам.”

Пештар низ хабаргузории Ройтерз аз тарҳи пешниҳоди 100 милюн дулории Муҳаммад бен Салмон ба раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар қиболи мувофиқати вай бо тасмими ахири Тромп алайҳи Қудс хабар дода буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: