Перейти к содержимому

Каромат Шарипов дар Тоҷикистон

Ба гузориши расонаҳо, Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”, ки бо қарори додгоҳи Русия аз ин кишвар ихроҷ шуд, шаби гузашта ба Тоҷикистон фиристодаанд. Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми декабр дар гузорише навишт, Шарипов соати сеи шаб ба фурудгоҳи Кӯлоб расид. Ин расона афзуд: “Вай аз Маскав тавассути ҳавопаймои “Сибир авиалинии” ба Кӯлоб омад.” Сойти Ахбор (Салимпур) низ видеои замони хуруҷи Шариповро мунташир кард.

Сойти Ахбор дар ин хусус навиштааст, шабакаи НТВ, як шабакаи телевизионии наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, рӯзи 13 декабр видеои лаҳзаи ихроҷи президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро нашр кард. Дар ин видео лаҳзае дида мешавад, ки Каромат Шариповро савори аробачаи маъюбӣ вориди толори фурудгоҳи Домодедово мекунанд.

Бар пояи гузориши Ахбор, додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ҳукми додгоҳи шаҳри Любертси аз 30 ноябр дар мавриди ихроҷи Каромат Шарипов аз қаламрави Русияро тасдиқ кард ва ӯро алакай чанд соат баъд аз судури ин ҳукм аз боздоштгоҳи Егоревск ба фурудгоҳи Домодедово оварда бо парвози Маскав–Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристоданд.

Дар фурудгоҳи Кӯлоб дар сӯҳбат бо сомонаи Ахбор тасдиқ карданд, ки Каромат Шарипов соати сеи шаб бо парвози Маскав–Кӯлоб расид, вале дар бораи сарнавиштии баъдии вай изҳори бехабарӣ карданд. Каромат Шарипов аз фурудгоҳ бо наздиконаш як тамоси кӯтоҳ гирифта, танҳо ҳамин қадар хабар додааст, ки ҳоло мақомот бо вай сӯҳбат доранд.

НТВ дар гузоришаш бо такя ба манобеи худ дар мақомоти Русия Каромат Шариповро ба таҳрики муҳоҷирони тоҷик ба эътирозҳо дар Русия ва даст доштан дар фурӯши асноди кору иқомат ба муҳоҷирон айбдор мекунад.

НТВ дар гузоришаш ҳамчунин бо эътирофи фарзияи асосии даст доштани соҳибони пурнуфузи бозори Люблино дар ихроҷи Каромат Шарипов мегӯяд, ки косаи сабри мақомоти Русияро маҳз саҳми ин раҳбари ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар эътирози шоми 20 сентябр дар назди бозори Люблино лабрез кард.

Бар асоси гузориши Ахбор, шоми 20 сентябр дар пайи латукӯби Наврӯз Зикиров ном аробакаши тоҷик аз сӯи посбонони ин бозор даҳҳо муҳоҷири тоҷик бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон дар назди бозори «Москва” дар минтақаи Люблино гирди ҳам омаданд ва нирӯҳои ОМОН шоми 20 сентябр ва рӯзи 21 сентябр ҳудуди 350 эътирозгарро дастгир карданд.

Каромат Шарипов мегуфт, ки дар ташкили ин эътирозҳо даст надорад, вале додситонии Люблино ӯро расман ҳушдор дод, ки дар сурати такрори чунин эътирозҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: