Паёми табрикотии Муҳиддин Кабирӣ ба муносибати зодрӯзи Шоҳ Карим Оқохони 4

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар паёме, бо табрики зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Оқохони 4, хотирнишон кардааст: “Ӯ тавонист худ ва аксари пайравонашро ҳамчун улгуи тасомуҳ ва таҳаммулгароии мазҳабӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.”

Матни ин паём ба нақл аз сафҳаи сухангӯи ҲНИТ ба шарҳи зерин аст:

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

Зодрӯзи Шоҳзода Карим Оқохони 4-ро ба ҳама исмоилимазҳабони олам, бахусус ба ҳамватанони азизамон шодбош мегӯям.

Шахсияти ишон дар натиҷаи заҳматҳо ва талошҳои фардӣ, инчунин, дар пайи амалкардҳои пайравонаш, созмонҳо ва тарҳҳои марбут ба ӯ дар саросари олам, имрӯз ба як шахсияти фаромазҳабӣ табдил шудааст. Ӯ намунаи як чеҳраи муваффақ аст, ки тавонист фаъолиятҳо ва андешаҳояшро бар мабнои арзишҳои мазҳабӣ роҳандозӣ кунад, аммо оламро бо нигоҳи фаротар ва васеътар аз мазҳаб бубинад. Ӯ тавонист худ ва аксари пайравонашро ҳамчун улгуи тасомуҳ ва таҳаммулгароии мазҳабӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Ба хусус, дар шароите, ки башарият дучори хушунати бештар дар асоси зиддиятҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ мегардад, фаъолиятҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва инсондустонаи Шоҳзода Оқохони 4 дар таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистӣ байни адён, қавмҳо ва фарҳангҳо аҳаммияти бештар касб мекунанд.

Саҳми ишон дар сулҳи тоҷикон, дастгирии мардуми кишвари мо дар душвортарин рӯзҳо то имрӯз хеле бузург аст. Мулоқотҳои пайваста ба роҳбарону намояндагони ду тарафи низоъ дар дохилу хориҷи кившар ва тавсияҳои муфид барои ҳамдигарфаҳмии бештар дар пайдо шудани эътимод таъсири калон доштанд. Банда иштирокчии яке аз чунин мулоқотҳо бо Раҳбари фақиди ҲНИТ, устод Сайид Абддулоҳи Нурӣ, ва шоҳиди ихлосу самимият байни ин ду шахсияти бузурги таърихӣ будам. Меҳвари фаъолиятҳои фардӣ ва тамоми созмону тарҳҳои марбут ба ӯ дар кишвари мо — чи дар гузашта ва чи имрӯз — ба рушди башарӣ ва пешгирӣ аз низоъ равона шудаанд. Ин худ татбиқи амалии арзишҳои волои динӣ, бахусус дини мубини Ислом мебошад, ки ишон ҳамеша дар суханрониҳояшон ин арзишҳоро илҳомбахши андешаҳо ва амалҳои худ донистаанд.

Бо эҳтиром,

Муҳиддин Кабирӣ

12.12.2017

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Пароканда

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: