Руҳонӣ: “Эрон омодагӣ дорад барои дифоъ аз Қудс бидуни ҳеч гуна мулоҳизае бо ҳамаи кишварҳои исломӣ ҳамкорӣ намояд”

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки бояд таҳаррукоти режими саҳюнистӣ ба таври мустамир мавриди расад қарор гирад ва “Созмони Ҳамкории Исломӣ” дар сурати ниёз барои иттихози тадобири лозим дар сатҳи вузаро ё сарон ташкили ҷаласа диҳад, изофа кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад бо так-таки кишварҳои исломӣ барои дифоъ аз Қудс бидуни ҳеч гуна мулоҳиза ва пешшарте ҳамкорӣ намояд.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар суханоне дар нишасти фавқулодаи сарони кишварҳои узви “Созмони Ҳамкории Исломӣ”, ки бо мавзӯи Қудси шариф дар Туркия дар ҳоли баргузорӣ аст, изҳор дошт: “Интифозаи мардуми муҷоҳиди Фаластин дар рӯзҳои гузашта алайҳи Омрико ва ишғолгарони саҳюнист, як бори дигар ошкор сохт, ки фаластиниён ба тарҳҳои пуч дил набаста ва бар хостаи баҳаққи худ пофишорӣ мекунанд.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки бояд аз ҳамаи роҳҳои мумкин монеъи иҷрои иқдоми ғайриқонунии давлати Омрико шавем изҳор дошт: “Аммо ҷои тарҳи ин суол вуҷуд дорад, ки чӣ аносур ва авомиле боис шуд раисиҷумҳури Омрико инчунин густохона ҳурматшиканӣ кунад?!

Вай афзуд: “Ба ақидаи ман, он чи беш аз ҳар чизи дигаре муҳаррик ва мушаввиқи ин тасмимгирӣ буда, талоши бархе барои эҷоди иртибот бо режими саҳюнистӣ ва ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо он режим аст, ки ба ҷои муқобила бо таҳдидҳои саҳюнистҳо, дар ҳамроҳӣ бо Омрико ва режими саҳюнистӣ, нусхаҳоеро барои ояндаи Фаластин таҷвиз мекунанд, ки дар сурати амалӣ шудан, саҳюнистҳо барои ҳамеша бар Фаластин мусаллат хоҳанд шуд.”

Руҳонӣ, режими саҳюнистиро масъули куштор ва оворагии фаластиниён ва беҳурматӣ ба муқаддасоти исломӣ дар тӯли чанд даҳаи гузашта донист ва хотирнишон кард: “Дар тамоми ин ҷиноёт, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бо он ҳамроҳ, ва дар Шӯрои амният бо ветои худ онро ҳимоят кард ва дар ирсоли анвоъи силоҳи мухарриб аз ҳеч талоше фурӯгузор накард ва мутаассифона бархе Омрикоро дар тӯли солҳои музокира, довар гирифтанд ва ё аз он ҳимоят хостанд ва дил дар гарави миёнҷигарии он супурданд.”

Раисиҷумҳури Эрон, ваҳдати ҷаҳони ислом дар баробари режими саҳюнистиро бисёр зарурӣ унвон кард ва тасреҳ кард: “Агар дар бархе аз масоил бо ҳам ихтилофи назар дорем, аммо дар мавриди дифоъ аз Қудс ва ормони Фаластин набояд ихтилофе дошта бошем. Ҳамаи муъзалоти ҷаҳони ислом аз тариқи гуфтугӯ қобили ҳал аст. Танҳо аз тариқи ваҳдати исломӣ аст, ки беҳтар метавон аз ҳуқуқи уммати ислом ва Қудс ҳимоят кунем.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки бояд таҳаррукоти режими саҳюнистӣ ба таври мустамир мавриди расад қарор гирад ва “Созмони Ҳамкории Исломӣ” дар сурати ниёз барои иттихози тадобири лозим дар сатҳи вузаро ё сарон ташкили ҷаласа диҳад изофа кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад бо так-таки кишварҳои исломӣ барои дифоъ аз Қудс бидуни ҳеч гуна мулоҳиза ва пешшарте ҳамкорӣ намояд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: