Таъкиди шайхи Алазҳар бар ҳимоят аз Интифозаи миллати Фаластин

Шайхи Алазҳари Миср бар ҳимоят аз Интифозаи миллати Фаластин то замони ташкили давлати мустақилли ин кишвар ба пойтахтии Қудси шариф таъкид кард.

Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, бар ҳимоят аз Интифозаи миллати Фаластин то ташкили давлати мустақил ба пойтахтии Қудси шариф таъкид кард.

Дар баёнияи содиршуда аз Алазҳар омадааст, ки дуктур Аҳмад Тайиб аз Ҳаниа тамоси телефонӣ дарёфт кард ва Ҳаниа аз мавзеъи шайхи Алазҳар дар мухолифат бо тасмими ахири раисиҷумҳури Омрико дар бораи Қудс қадрдонӣ кард.

Ба навиштаи рӯзномаи Алқудс ал-арабӣ, Ҳаниа ҳамчунин мавзеъи шайхи Алазҳарро шуҷоъона ва таърихӣ хонд ва шайхи Алазҳар низ бар мавзеъи худ дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва муборизоти он то бозпасгирии сарзамини ишғолии Фаластин ва ташкили давлати мустақилли Фаластин ба пойтахтии Қудси шариф таъкид намуд.

Чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико эълом кард, ки Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад ва сафорати Омрико низ аз Телавив ба Қудс мунтақил хоҳад шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: