Перейти к содержимому

Интифозаи феълӣ моҳҳо ва шояд солҳо идома ёбад

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо ба расмият шинохтани Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти режими ишғолгари “Исроил”, муттаҳидони худ дар кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс ва ҳамчунин Мисрро, ки дар меҳвари мавсум ба “миёнаравҳои араб” ҳастанд, аз пой даровард ва шӯълаи интифозаеро равшан кард, ки чӣ басо то чанд моҳ ё ҳатто чанд сол идома дошта ва муқаддимае барои ҷанги минтақаӣ бошад.

Қимори Тромп, ки бо истиқболи густардаи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил” ва лоббии яҳудӣ дар Вошингтун ҳамроҳ шуд, муҳимтарин муттаҳидони араби Омрикоро ба инзиво кашонд. Манзури мо Арабистон ва Миср аст. Ва дар муқобил, ҷойгоҳи ду кишвари дигари ғайриарабӣ яъне Эрон ва Туркияро боло бурд.

Вақте женерол Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ошкоро бо фармондеҳони гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос ва гурдонҳои Қудс, шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ тамос гирифта ва бар омодагии Эрон барои ҳимояти ҳамаҷониба аз нерӯҳои муқовимат дар муқобила бо “Исроил” таъкид кард ва сойтҳои эронӣ тасовире аз женерол Сулаймониро бар фарози қуббаи Қудси ишғолӣ ва марзи Лубнон ва Фаластин мунташир карданд, ин яъне Эрон қавитарин муттаҳиди фаластиниён ва интифозаи онҳо шудааст, он ҳам замоне, ки бештари рақибони араби Эрон дар ҳошияи халиҷи Форс саргарми оддисозии равобити худ бо “Исроил” ва ҳамдастӣ бо иқдоми Тромп дар яҳудисозии Қудси шариф ҳастанд.

* * *

Бояд бидонем, ки женерол Сулаймонӣ дар ҳеч ҷанге ворид нашуд магар он ки пирӯз аз он берун омад. Дар Курдистони Ироқ ворид шуд ва ҳамапурсии ҷудоии он аз Ироқро ноком гузошт. Дар Сурия дар канори артиши Сурия истод ва ӯро дар бозпасгирии шаҳрҳои ин кишвар ва тасаллуташ бар сарзаминҳо кӯмак кард. “Алҳашдуш-шаъбӣ”-ро дар Ироқ таъсис кард ва ба онҳо қудрат дод, то Мавсил ва соири шаҳрҳои Ироқро озод кунанд. Ва ҳаминак, Сулаймонӣ ба самти Фаластин ва Қудси ишғолӣ нуфуз ёфта, он ҳам дар шароите, ки кишварҳои арабӣ бо парвор кардани артишҳояшон, бе ҷиҳат фахрфурӯшӣ мекунанд.

Арабистони Саудӣ ба ташкили эътилофе аз кишварҳои арабии исломӣ, барои рӯёрӯӣ бо густариши доираи нуфузи Эрон дил баста буд, аммо масъалаи кунунии Қудс ва паёмадҳои он, зарбае қавӣ ба ин зиёдахоҳиҳо зад, то нишон бидиҳад, ки як ҷабҳаи исломии ташилшуда аз ду қудрати бузурги исломӣ таъсис шуда, ки бо якдигар барои муқобила бо “Исроил” ва ҳампаймони он, Тромп, муттаҳид шуданд. Ва он ду қудрат, Туркияи суннӣ ва Эрони шиъӣ аст ва масеҳиёни араб низ аз онҳо ҳимоят мекунанд. Ва ин ду қудрат моҳияти муноқишаро дар минтақа, ба асолати воқеии худ бозгардонданд; муноқишае мутамаддинона дар муқобила бо режими нажодпарасти “Исроил”. Ва ин таҳаввуле бузург аст, ки “Исроил” ва муттаҳидонаш дар эътилофи миёнаравҳо, рӯи он ҳисоб накарда буданд.

Мубориза бо пружаи нажодпарастонаи шаҳраксозиҳои “Исроил” имрӯз дар раъси авлавиятҳои меҳвари Эрон ва Туркия ва муттаҳидони араб ва мусалмони он аст, ва мо итминон дорем, ки ин иттифоқи ҷадид ва бесобиқа, дар баҳсу гуфтугӯҳо, суханрониҳо ва баёнияи поёнии Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ бозтоб хоҳад дошт, ки аз имрӯз (чаҳоршанбе) дар Истонбул ба даъвати Раҷаб Тайиб Ардуғон баргузор мешавад ва чӣ басо нуқтаи атфи таърихиро ташкил бидиҳад.

Мавзӯи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки Арабистони Саудӣ худро аз ин иҷлос ва фаъолиятҳои он мунзавӣ карда ва бо эъзоми вазири авқоф ва умури исломии худ ба он, дар поинтарин сатҳ ҳузур пайдо кард, ва Миср низ ба ҳузури Сомиҳ Шукрӣ, вазири хориҷаи худ дар ин иҷлос иктифо карда, ки ин масъала нишонаи коҳиши нақши давлатҳои Миср ва Арабистон дар масъалае аст, ки ҳамаи таваҷҷӯҳоти ҷаҳони исломро ба самти худ ҷалб карда, ва он ҳам яҳудисозии Қудси шариф ва аз байн бурдани моҳияти арабӣ ва исломии он бо иқдоми Омрикост.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон низ билофосила ба ин таҳаввули роҳбурдӣ мулҳақ шуд ва душанбешаб тайи нутқе дар ҷараёни тазоҳуроти бошукӯҳи зидди Омрико ва “Исроил”, ки дар Зоҳияи ҷанубии Бейрут баргузор шуд, гуфт: “Ҳизбуллоҳ ва муттаҳидонаш дар минтақа пас аз пирӯзиҳое, ки дар дигар манотиқи Ховари Миёна ба даст оварданд (ишораи ғайримустақим ба Сурия, Ироқ ва Яман), бори дигар бар масъалаи Фаластин мутамаркиз мешаванд…” Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин хоҳони тарроҳии нақшаи майдонии якпорча барои муқобила бо “Исроил” шуд, ва ба дунболи он, мардум шиори “Марг бар Омрико!”, “Марг бар Исроил!” ва “Омодаем милюнҳо шаҳид тақдими Қудс кунем!” сар медоданд.

Муҳимтарин дастоварде, ки роҳбурди Эрон дар минтақа ҳосил кард, ташкили ниҳодҳои низомӣ буд, ки моҳияти мардумӣ ва ғайрирасмӣ дорад ва метавонад бо вуруд ба ҷангҳои шадиди чарикӣ, аз ҷангҳо пирӯз берун ояд, назири Сипоҳи Посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва “Алҳашдуш-шаъбӣ” дар Ироқ, Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Ансоруллоҳ дар Яман, Ҳамос ва Чиҳоди Исломӣ дар Фаластини ишғолӣ. Эрон ҳамаи инҳоро бо мушак муҷаҳҳаз мекунад, то мувозинаи боздорандагӣ дар рӯёрӯӣ бо душманоне, ки то буни дандон мусаллаҳ ба таслиҳот ва ҳавопаймоҳои омрикоӣ ҳастанд, эҷод кунанд.

* * *

Интифозаи мардумӣ, ки дар Қудси ишғолӣ калид хӯрд ва Натонёҳуро водор ба барчидани қуфлҳои электруникии Масҷидулақсо кард, бо таҳаққуқи комили хостаҳояш хотима ёфт. Ин интифозаи худҷӯш аммо ғайринизомманд буда ва аз ҳимояти хориҷӣ баҳрманд набуд, аммо вазъияти интифозаи кунунӣ фарқ мекунад, чун мавриди ҳимояти бузурги мардумӣ дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ қарор дорад ва ниҳодҳо ва кишварҳои минтақаии исломии бузурге аз он ҳимоят мекунанд, ки интизор меравад барои муддате тӯлонӣ яъне моҳҳо ё солҳо идома дошта бошад.

Иқдоми Тромп ҷойи қадрдонӣ дорад, чун мӯҷиби якпорчагии ҷаҳони ислом шуда ва зарбае маргбор ба фитнаи мазҳабӣ зада ва муттаҳидони араби онро, ки бо “Исроил” оддисозӣ карда ва ин режимро дӯсту муттаҳиди худ карданд мунзавӣ кард ва дар натиҷа раҳбарии ҷаҳони ислом аз онҳо салб шуда ва нақши онҳоро ба ҳошия кашонд. Ва муҳимтар аз ҳамаи инҳо, муттаҳидони исроилиро дар доираи хатар қарор дод ба гунае, ки ваҳшат ва нигаронии онҳоро барангехтааст.

Истиқболи бо хашм аз ҳайати баҳрайнӣ дар Қудси ишғолӣ ва берун ронда шудани онҳо аз сӯи нигаҳбонони Масҷидулақсо ва баста шудани навори Ғазза ба рӯяшон ва таҳдид дар бораи партоби кафш ба самти онҳо, нишонаи бурузи инқилобе бузург дар афкори умумии арабӣ ва исломӣ ё дар ағлаби он аст ва паёме қудратманд ба оддисозии равобит бо “Исроил” ва ҳомиёни Тромп ва тасмими нажодпарастонаи он мухобира мекунад, ин ки дар марҳилаи ҷадид ҷое баро онҳо нест, ин марҳила, марҳилаи муқовимат, шарофат ва пирӯзии масъалаи Фаластин ва ҳамаи масоили одилонаи кишварҳои арабӣ ва исломӣ аст.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: