Низоми иқтисодии ислом (8)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши севвум: Арзиш (3)

(Муруре дигар бар кори шахсӣ ва кор иҷтимоъан лозим — оё замони кор миқёси санҷиши кор аст?)

Дар “Усули илми иқтисод”-и Нӯшин, сафҳаи 25 мегӯяд: “... Воҳиди андозаи кор замон аст.”

Агар замонро ба танҳоӣ миқёси санҷиши масрафи энержӣ қарор диҳем, ду ишкол пеш меояд:

а) Ишколи аввал ин ки: замон ба танҳоӣ қодир нест миқёси санҷиши ду ҳаракат воқеъ шавад, магар он ки мизони суръати он ҳаракатҳо низ мушаххас шавад. Замон ба иловаи суръат, мушаххиси миқдори ҳаракат аст. Ба илова, баҳси мо дар боби кор, дар таъйини миқдори ҳаракат аз лиҳози тайи масофат нест, баҳс дар таъйини миқдори сарфи энержӣ аст. Ду ҳаракат мумкин аст аз лиҳози замон ва суръат мусовӣ бошанд ва аз лиҳози миқдори сарфи энержӣ номусовӣ. Масалан, агар ду нафар дасти худро ба мувозоти якдигар ҳаракат диҳанд ва дар дасти яке як худнавис ва дар дасти дигаре як милаи 10-килоӣ бошад, миқдори сарфи энержӣ мусовӣ нахоҳад буд. Пас, замон ва суръат барои таъйини миқдори ҳаракатҳои содда — яъне ҳаракат аз лиҳози тайи масофат, на аз лиҳози сарфи энержӣ — кофӣ аст, вале аз лиҳози таъйини миқдори сарфи энержӣ кофӣ нест.

б) Сониян, агар ду коргарро дар назар бигирем, ки яке ба воситаи адами маҳорат энержии бештар — хоҳ дар замони бештар ва ё дар замонҳои мусовӣ, вале бо сарфи энержии бештар, чунонки қаблан имкони онро ёдоварӣ кардем — сарф кунад, ва яке камтар, вале маҳсули кори онҳо аз лиҳози арзиши истеъмол мусовӣ бошад, масалан билохира ҳар кадом як ҷуфт ҷӯроб бофта бошанд, лозим меояд, ки арзиши кори он кас, ки энержии бештар сарф карда бештар бошад, ва ҳол он ки биззарура чунин нест.

Аз мутолеаи китоби мазкур (сафҳаи 25) бармеояд, ки мутаваҷҷеҳи яке аз ду шиққи ишколи дуввум шудаанд, яъне ин ки мумкин аст ду коргар як навъ маҳсул таҳвили иҷтимоъ диҳанд, масалан ҳар кадом як ҷуфт ҷӯроб, вале яке бо сарфи энержии бештар дар замони бештар, ва яке бо сарфи энержии камтар дар замони камтар. Пас, чаро арзиши онҳо мусовӣ нест?

Аммо ишколро ба ин сурат тарҳ намекунад, риндона аз сурати ишкол хориҷ карда ба шакли дигар тарҳ мекунад. Мегӯяд:

Агар се нафар се ҷуфт ҷӯроб бибофанд, яке дар 6 соат, дигаре дар 4 соат, ва севвуме дар 2 соат, агар баҳои соати кор, ду риёл бошад, оё метавонем чунин натиҷа бигирем, ки ҳатман ҷӯроббофи аввалӣ як ҷуфт ҷӯроби худро ба 12 риёл, дуввумӣ ба 8 риёл, севвумӣ ба 4 риёл хоҳад фурӯхт? Албатта хайр. Зеро агар ҷӯроббофи аввалӣ муваффақ шавад як ҷуфт ҷӯроби худро ба 12 риёл бифурӯшд, ду ҷӯроббофи дигар ҳаргиз ҳозир нахоҳанд шуд…

Хулоса, дар инҷо мавзӯи арзаву тақозоро пеш мекашад ва билохира мегӯяд:

Баҳои ҷӯроб на бар ҳасби кори ҷӯроббофе, ки дар камтарин муддат тавлид менамояд, ва на бар ҳасби кори ҷӯроббофе, ки дар аксари муддат тавлид менамояд таъйин мегардад… Балки ба воситаи “кори мутавассит”, ки аз назари куллияи иҷтимоъ барои тавлиди он коло лозим мебошад, таъйин мешавад. Ин кори мутавасситро дар истилоҳ “кори иҷтимоъан лозим” меноманд.

Он гоҳ дар охири сафҳаи 27 мегӯяд:

Бино бар он чӣ гузашт, кори иҷтимоъан лозим, ба воситаи текники мутавассити иҷтимоъ ва чобукии мутавассит ва хибрагии мутавассити коргар ва низ шароити мутавассити кор таъйин мегардад, вале аз тарафи дигар текники иҷтимоъ, хибрагии коргар ва шароити кор, собит ва бидуни тағйир ва дар ҳоли сукун нестанд… Пас, замони “кори иҷтимоъан лозим” барои тавлиди як колои муайян низ ба ҳасби ин авомил тағйир меёбад.”

Аввалан, агар кор пояи арзиш аст, далел надорад, ки кори шахсӣ пояи арзиш набошад ва кори иҷтимоъан лозим пояи арзиш бошад, ки хулосааш ин аст: “корҳои мухталиф аз (назари) миқдори ҳаҷм ва миқдори замон, ки дорои арзишҳои мухталифи ғайримутаносиб бо ҳаҷми кор ва замони кор мебошанд, ҳамаро бо ҳам ҷамъ карда ва баҳои маҷмӯъро бар онҳо тақсим кунем.” Агар бигӯед, ҳарҷу марҷе, ки арзаву тақозо дар иқтисоди мубодилаӣ эҷод мекунад сабаб мешавад, ки таносуби ҳаҷми кор ва баҳои он баҳам бихӯрад, ҷавоб медиҳем, ҳаргиз чунин нест. Ин ки ду ҷуфт ҷӯроби мутасовӣ аз лиҳози арзиши истеъмол ва мухталиф аз лиҳози сарфи энержӣ, дар бозор қимати мусовӣ доранд, наметавон гуфт маълули ҳарҷу марҷи бозор аст.

Сониян: эътироф ба ин ки текники иҷтимоъ ва хибрагиҳо ва чобукиҳо мутағайир аст ва дар натиҷа кори иҷтимоъан лозим мутағайир аст, худ мерасонад, ки иҷтимоъ ҳеч гуна бастагӣ ба замони кор надорад, яъне мо замони кор лозим надорем, на замони кори шахсан лозим ва на замони кори иҷтимоъан лозим. Он чӣ иҷтимоъ ба он эҳтиёҷ дорад, миқдори муайяне колост, ки мусовии тақозоҳо ва эҳтиёҷоти мардум бошад, хоҳ он ки он колоҳоро кори башарӣ эҷод карда бошад ва хоҳ табиат ва хоҳ филмасал вирду ҷоду, ва хоҳ он ки он коло дар замони бисёр қалил тавлид шуда бошад ва хоҳ дар замони тӯлонӣ. Ба ҳар ҳол, он чизе, ки баҳоро таъйин мекунад, на миқдори кори шахсӣ ва на миқдори кори лозими иҷтимоӣ — ки ба ҳар ҳол мутағайир аст – нест. Ва албатта арзаву тақозо ба маънои нисбати хосси ададӣ низ нест, балки (таъйинкунандаи баҳо) тақозо ва сатҳи тавофуқ бо усули танзимкунандаи рафтори башарӣ дар заминаи рақобат аст.

Дар сафҳаи 30 пас аз он ки тавзеҳ медиҳад, ки баҳои олуминиюм то нимаи қарни 19 фавқулъода зиёд буд, аммо ҳоло арзон мебошад, зеро ба воситаи ба кор бурдани электрисита ба суҳулат (бо кори бисёр кам) истихроҷ мешавад, мегӯяд:

Ин таҷриба ва мисол ба хубӣ нишон медиҳад, ки таъриф ва таъйини баҳо ба воситаи арзаву тақозо имконпазир нест. Агар масрафи олуминиюм дар 30-солаи ахир 8 ҳазор баробар афзоиш ёфтааст, набояд иллати поин омадани баҳои ин филизро дар равобити арзаву тақозо ҷустуҷӯ кард, балки баръакс, афзоиши тақозо натиҷаи ҳатмии таназзули баҳо аст, ва иллати аввалии поин омадани баҳо низ таназзули арзиш (тақлили замони кори иҷтимоъан лозим барои тавлид) мебошад.”

Ба назар мерасад ин эрод мубтанӣ бар ду асл аст: яке ин ки бар хилофи он чӣ тарафдорони арзаву тақозо гуфтаанд, тақозо иллати аслӣ нест ва мизони собит надорад, ҳамон тавре, ки иллати афзоиши арза ва афзоиши баҳо аст, аҳёнан маълули коҳиши баҳо, ки он худ маълули тақлили замони кор (замони иҷтимоъан лозим) аст, воқеъ мешавад. Асли дигар ин ки онҳо назарашон фақат ба равобити арзаву тақозост ва ҳеч фикр намекунанд, ки омили дигаре ғайр аз афзоиши нисбати арза бар тақозо низ мумкин аст иллати коҳиши баҳо ё афзоиши он гардад, ва он тақлил ва ё аҳёнан таксири замони кор аст.

Аммо асли аввал, зоҳиран тарафдорони арзаву тақозо аз он ҳимоят намекунанд, яъне муддаӣ нестанд, ки тақозо ҳамеша иллат аст нисбат ба арза ва нарх, ва ҳеч гоҳ маълул воқеъ намешавад. Мо худ қаблан ин матлабро дар дарс тавзеҳ додаем.

Аммо асли дуввум: агар касе муддаӣ шавад, ки тақлили замони кор (яъне суҳулат ба истилоҳи мо) муассир нест, эрод ворид аст. Вале агар касе таъсири суҳулатро дар тӯли афзоиши нисбии арза бидонад — чунонки мо дар баҳси пояи арзиш гуфтаем — эрод ворид нест. Мо гуфтаем, ки бархе чизҳо муассир дар арза ҳастанд (илова бар тақозо), аз он ҷумла аст асҳалият, бехатар будан, мувофиқи одат будан ва ғайра.

Аз он чӣ гуфта шуд маълум шуд аввалан агар корро пояи арзиш ва замонро воҳиди санҷиши кор бидонем, бояд кори шахсиро мавриди санҷиш қарор диҳем, на кори ба истилоҳ иҷтимоъан лозимро. Сониян, ба фарзи ин, ки кори иҷтимоъан лозимро миқёс қарор диҳем, онро бояд собит фарз кунем, яъне агар иҷтимоъ аз лиҳози масрафу тақозо вазъи собите дошта бошад, қаҳран кори иҷтимоъан лозим низ бояд собит бошад. Ва агар иҷтимоъ аз ин назар мутағайир бошад, бояд нисбати собите миёни тағйири вазъи масраф ва тақозои иҷтимоъ ва миёни кори иҷтимоъан лозим бошад, ва ҳол он ки худи ҳазарот эътироф доранд, ки кори иҷтимоъан лозим ба воситаи тағйири текник ва хибравиятҳо ва маҳоратҳо дар тағйир аст ва ин тағйир рабте ба вазъи иҷтимоъ аз лиҳози масрафу тақозо надорад. Бинобар ин, “кори иҷтимоъан лозим” мафҳуми худро ба куллӣ аз даст медиҳад; мисли ин аст, ки бигӯем иҷтимоъ эҳтиёҷ дорад ба миқдори номуайяне аз кор.

Мусалламан ин миқдори номуайян, сирфулвуҷуди кор нест, миқдоре аст, ки дар воқеъ муайян аст. Он воқеъи муйян, аз назари тарафдорони асли арзаву тақозо ва ё асли сатҳи тавофуқ бо усули рафтори башарӣ ин аст, ки кор битавонад матлуби иҷтимоъро, ки колост эҷод кунад, яъне иҷтимоъ аввалан ва биззот кор намехоҳад, коло мехоҳад, хоҳ он колоро кор ба вуҷуд оварда бошад ё ғайри кор. Кор аз назари қудрати эҷоди коло дар замонҳои мухталиф, мухталиф аст; ҳар чӣ текник ва хибравият пеш биравад, миқдори лозими кор барои эҷоди он чизе, ки иҷтимоъ онро мехоҳад, тақлил меёбад. Пас, таъйин ва таҳдидкунандаи миқдори кор худи колост ба ҳасби шароити замон.

Ба ҳар ҳол, маънӣ надорад, ки бигӯем ҷомеа эҳтиёҷ дорад ба миқдори кори иҷтимоъан лозим ва он миқдор мутағайир ва ғайри собит аст. Он чӣ маънӣ дорад ин аст, ки иҷтимоъ эҳтиёҷ дорад ба миқдори собите аз коло ва ин миқдори собити коло эҳтиёҷ дорад ба миқдоре кор дар тавлиди онҳо. Миқдори кори мавриди эҳтиёҷ ба ҳасби шароити санъатӣ ва инсонӣ мутағайир аст.

Тақлили замони кор агар эҳтиёҷи иҷтимоъ собит бошад ва колои арзашуда низ нисбати собите бо эҳтиёҷ дошта бошад, ва ин тақлили замони кор, махсуси колои бахусусе бошад, дар тақлили баҳо муассир аст қатъан, зеро тибқи асли тараттуб, ки мо дар қиматҳо баён кардаем, қиматҳо таъйин мешавад, ва тақлили нисбии замони кор, мартиба ва дараҷаи колоро аз лиҳози ин ки нерӯи арза мутаваҷҷеҳи он гардад иваз мекунад. Вале агар тақлили замони кор умумият дошта бошад, дар тақлили баҳо асар надорад, яъне бо ин ки замони кор тақлил меёбад, қиматҳо поин намеояд, ва ин худ беҳтарин далел аст бар ин ки кор пояи арзиш нест; камо ин ки поин омадани қимат дар сурате, ки тақлили замони кор дар ҳамаи колоҳо умумият надошта бошад, далел бар ин аст, ки арзаву тақозо низ таъйинкунандаи баҳо нест, чунонки дар “Усули илми иқтисод”-и Нӯшин (сафҳаи 30) ба нуктаи ахир ишора кардааст.

Аз инҷо ба хубӣ сиҳҳати назарияи мо дар боби пояи қиматҳо мушаххас мегардад.

Дар сафҳаи 32 дар дохили паронтез мегӯяд:

Вале аз он чӣ гузашт набояд чунин натиҷа бигирем, ки шоҳкорҳои як наққоши бузург бад-ин ҷиҳат бисёр гаронбаҳо ҳастанд, ки арзиши онҳо шомили кори наққошони дигаре аст, ки натавонистаанд бад-ин мақоми шомихи ҳунарӣ бирасанд. Хайр. Балки гаронбаҳоии онҳо бад-ин сабаб аст, ки ҳар як аз он шоҳкорҳо дар навъи худ ягона ва бемонанд аст ва эҷоди назири он ғайримумкин мебошад ва чунонки гуфтем арзиши як коло — хоҳ имрӯз ва хоҳ чанд сол пеш тавлид шуда бошад, дар баҳси мо аҳаммият надорад — ба воситаи кори лозим барои эҷоди он ё, беҳтар бигӯем, барои эҷоди муҷаддади он таъйин мегардад. Пас, баҳои колоҳое, ки наметавон онҳоро дубора эҷод намуд ва бад-ин ҷиҳат тавлиди онҳоро наметавон ба воситаи мубодила танзим кард, манут ва марбут ба арзиш нест.”

Ба назар мерасад ҷавоби боло ба ишколи боло ҷуз эътироф ба бунбаст дар боби арзиши зотии кор чизе нест, балки ва низ эътироф ба ин ки арзаву тақозо таъйинкунандаи арзиш мебошанд ҳаст, зеро ин ки мегӯяд: “арзиши як коло ба воситаи кори лозим барои эҷоди муҷаддади он таъйин мегардад. Пас, баҳои колоҳое, ки наметавон онҳоро дубора эҷод намуд ва бад-ин ҷиҳат тавлиди онҳоро наметавон ба воситаи мубодила танзим кард…” маъниаш ин аст, ки колое, ки натавон мисл ё амсоли онро арза кард, хоҳ нохоҳ ба воситаи боло будани сатҳи тақозо ва поин будани сатҳи арза гарон аст.

Дар сафҳаи 23 таҳти унвони “Шакли арзиши пул” мегӯяд:

Чунонки медонем арзиши ҳар коло ба воситаи миқдори кори соддаи иҷтимоъан лозим, ки барои тавлиди он кор лозим аст таъйин мегардад. Вале барои он ки маҳсуле арзиш дошта бошад, кофӣ нест, ки фақат миқдоре кор барои он масраф шуда бошад, балки бояд он маҳсул дар бозор дар муқобили маҳсули дигаре воқеъ гардад ва ба воситаи мубодила, мазҳари моддии равобити кор, ки байни мардум вуҷуд дорад қарор гирад, вагарна маҳсули кор фақат дорои арзиши истеъмол хоҳад буд, на арзиши зотӣ… Созмони иқтисодии мабнӣ бар мубодила, ба тавре аст, ки арзиши як коло сареҳан ва мустақиман ба воситаи миқдор ва шумораи соатҳо ва дақиқаҳое, ки барои тавлиди он коло лозим буда мушаххас намегардад, балки арзиши як коло фақат ба воситаи миқдори муайяне аз колои дигаре муайян мешавад.”

Ин ҷо ин матлаб бояд гуфта шавад, ки агар мақсуд ин аст, ки мубодила ва бозор, мазҳару музҳир ва воситаи исботи арзиши воқеӣ, яъне кори масрафшуда аст, пас ин ки гуфта шуд: “модоме, ки як коло дар муқобили колои дигар қарор нагирад, фақат дорои арзиши истеъмол аст, на арзиши зотӣ” дуруст нест. Ва агар мақсуд ин аст, ки асосан “арзиш” як мафҳуми изофӣ аст ва иборат аст аз нисбате, ки як коло бо соири колоҳо дорад ва то колоҳои дигаре дар бозор набошад, арзиш маънӣ надорад, он эрод ворид нест. Вале бояд гуфт, мақсуд аз ин ки дар гузашта гуфта шуд, ки арзиши ҳар чиз иборат аст аз миқдори коре, ки масраф шуда ин аст, ки нисбати ашё бо якдигар бо миқёси коре, ки дар онҳо масраф шуда санҷида мешавад. Бино бар тавҷеҳи аввал, ҳар коло дар ҳадди зоти худ дорои арзиш аст, чӣ дар режими иқтисоди мубодилаӣ ва чӣ дар режими иқтисоди ғайримубодилаӣ. Вале бино бар назари дуввум, коло фақат дар иқтисоди мубодилӣ дорои арзиш аст ва дар иқтисоди ғайримубодилаӣ, кор дар он масраф шуда, вале дорои арзиш нест, зеро қимат ва баҳо бидуни ин ки муъовиза ва мубодилае дар кор бошад, маънӣ надорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: