Расули Акрам (с) ва ду ҳалқаи ҷамъият

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) вориди масҷид (масҷиди Мадина) шуд, чашмаш ба ду иҷтимоъ афтод, ки аз ду даста ташкил шуда буд, ва ҳар дастае ҳалқае ташкил дода саргарми коре буданд.

Як даста машғули ибодату зикр, ва дастаи дигар ба таълиму таъаллум ва ёд додану ёд гирифтан саргарм буданд.

Ҳар ду дастаро аз назар гузаронид ва аз дидани онҳо масрур ва хурсанд шуд. Ба касоне, ки ҳамроҳаш буданд рӯ кард ва фармуд:

Ин ҳар ду даста кори нек мекунанд ва бар хайру саодатанд.”

Он гоҳ ҷумлае изофа кард:

Лекин ман барои таълим ва доно кардан фиристода шудаам.”

Пас худаш ба тарафи ҳамон даста, ки ба кори таълиму таъаллум иштиғол доштанд рафт ва дар ҳалқаи онҳо нишаст.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Мунятул-мурид”)

* * *

Ишора: Масҷиди Мадина дар садри Ислом танҳо барои адои фаризаи намоз набуд, балки маркази ҷунбу ҷӯш ва фаъолиятҳои динӣ ва иҷтимоии мусалмонон ҳамон масҷид буд. Ҳар вақт лозим мешуд иҷтимое сурат бигирад, мардумро ба ҳузур дар масҷид даъват мекарданд, ва мардум аз ҳар хабари муҳимме, дар онҷо огоҳ мешуданд, ва ҳар тасмими ҷадиде гирифта мешуд, дар онҷо ба мардум эълом мешуд.

Мусалмонон то дар Макка буданд, аз ҳар гуна озодӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ маҳрум буданд, на метавонистанд аъмол ва фароизи динии худро озодона анҷом диҳанд ва на метавонистанд таълимоти динии худро озодона фаро гиранд. Ин вазъ идома дошт то вақте, ки Ислом дар нуқтаи ҳассоси дигаре аз Арабистон нуфуз кард, ки номаш “Ясриб” буд ва баъдҳо ба номи “Мадинатуннабӣ” яъне шаҳри пайғамбар маъруф шуд. Пайғамбари Акрам (с) бино ба пешниҳоди мардуми он шаҳр ва тибқи аҳду паймоне, ки онҳо бо он ҳазрат бастанд, ба ин шаҳр ҳиҷрат фармуд. Соири мусалмонон низ тадриҷан ба ин шаҳр ҳиҷрат карданд. Озодии фаъолияти мусалмонон низ аз ин вақт оғоз шуд. Аввалин коре, ки Расули Акрам (с) баъд аз муҳоҷират ба ин шаҳр кард, ин буд, ки заминеро дар назар гирифт ва бо кӯмаки ёрон ва асҳоб ин масҷидро дар онҷо сохт.

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Достон ва ҳикоёт, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: