Фалсафа ва равиши реализм (139)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (7)

Матни мақола

Ҳаракат чист? Ҳангоми ҳаракат чӣ чиз анҷом ёфта ва пайдо мешавад?

Ҳаракат, ва ба вежа ҳаракати маконӣ, аз чизҳое аст, ки ҳар як аз мо аз оғози зиндагӣ бо он сару кор дошта ва ҳаргиз аз пеши чашми мо ва шояд аз андеша ва фикри мо нопадид намешавад. Аз ин рӯй бо он комилан ошно буда ва онро мешиносем.

Ҷисме фарз мекунем, ки аз нуқтаи муайяне ба сӯи нуқтаи дигаре, ки сад метр аз нуқтаи аввалӣ фосила дорад, ҳаракат мекунад. Ҷисми мафруз дар нуқтаи аввалӣ (мабдаъ) сокин буд, чунонки дар нуқтаи охирӣ (мақсад) сокин мебошад; ва албатта ин сукун, ки адами ҳаракат ҷисм аст, нисбӣ аст, зеро чунонки гуфта хоҳад шуд, дар ҷаҳони табиат, сокини мутлақ, ки аз ҳар ҷиҳат сокин бошад надорем.

Ҳаракате, ки ҷисм дар масофат миёни ду нуқтаи мабдаъ ва мунтаҳо анҷом медиҳад, имтидоде (ё тӯле) ба имтидоди масофат дорад, ва имтидоди дигаре (1) низ ба имтидоди замон — ки масалан бо соат андозагирӣ мешавад – дорад. Ва албатта ин ду имтидод (ё ду миқдор) ғайриҳамдигар ҳастанд; зеро ҳамон ҷисм дар ҳамон масофат, ба воситаи ихтилофи тундиву кундии ҳаракат (суръату бутъ), ду замони мухталиф лозим дорад, чунонки ба воситаи ихтилофи суръат дар як замони муайян ду масофати мухталиф (дарозу кӯтоҳ) тай менамояд. Ҷисми мафруз дар ҳар лаҳза аз замони ҳаракат, макони вежа ва тозае дорад, ки дар лаҳзаи баъдӣ ӯро тарк хоҳад кард, чунонки агар ҳамон лаҳзаро битавонем ба ду лаҳзаи кучактар қисмат кунем, макони ҷисми мафруз низ дуто хоҳад буд. Ва ё агар ду лаҳзаро яке ва муттаҳид кунем, макон низ яке мешавад, то ба ҷое, ки мегӯем, ҷисми мафруз дар замони ҳаракати худ дар миёни ду нуқтаи мабдаъ ва мунтаҳо мебошад. (2)

Пурсише, ки ҳамин ҷо пеш меояд ин аст, ки: оё ин тақсим воқеият дошта ҳаракати маконии мафруз ба воҳидҳои маконии ҷудо аз ҳамдигар мунтаҳӣ мешавад? Ва ба иборате соддатар, ба дона-донаҳои макон мерасад, ки аз чинишу тартиби онҳо ҳаракат пайдо мешавад ва ба воситаи имтидоде, ки дар ҳисс пайдо мекунанд, ба замон мунтабиқ мешавад? Ва ё ин ки тақсими номбурда зеҳнӣ буда ва ё ба туфайли инқисоме, ки дар пайкараи масофат масалан мавҷуд аст, пеш омада маконҳои дона-дона падидор мегардад, вагарна ҳаракати номбурда як воҳиди муттасил ва сайёл (равон) беш нест?

Чунонки дар гузашта гуфтем, мо дар ин баҳс бо инқисоми модда ва энержӣ коре надорем ва назари мо маътуф ба сӯи назарияе аст, ки наметавонем ӯро нодида ангорем, ва он ин аст, ки: “Ҳар як аз ин маконҳои мафруз ба воситаи имконе, ки дар макони собиқ бар хештан (бо баёне, ки гузашт) дорад, бо он “яке” ва “муттаҳид” аст ва дар натиҷа миёни нуқтаи мабдаъ ва нуқтаи мунтаҳо яке буда ва нуқтаи мабдаъ ҳангоме, ки даст ба ҳаракате мезанад, аз истиқрор ва суботи худ даст мекашад ва ҳоли табаддулу саялонро ба худ мегирад ва ин васфро дорад, то дубора ба ҳоли истиқрор ва субот (нуқтаи мунтаҳо) бирасад.” (3) Бале мо дар ҳар лаҳза аз замони ҳаракат, ки ба ҷисми мафруз нигоҳ мекунем, ӯро дорои макони вижае мебинем дар ҳоле, ки дар лаҳзаи қабл аз он лаҳза ва дар лаҳзаи баъд аз он лаҳза дар ғайри ин макон медидем ва аз ҳамин лиҳоз макони сайёли мумтадд ба маконҳои дона-дона мунқасим мешавад. Вале ин инқисом аз ноҳияи лиҳоз ва таваҳҳум ба миён меояд, на ин ки воқеияти хориҷӣ дошта бошад, зеро бо пайдоиши онҳо ҷараёни ҳаракат қатъ гардида ва саялони маконии ҷисм аз миён меравад. Аз баёни гузашта ин натиҷаро мегирем, ки:

“Ҳаракати маконии ҷисмӣ ин аст, ки нисбати маконии ҷисм сифати табаддулу саялон ба худ гирад ба наҳве, ки агар имкони воҳидро бо ҳифзи ваҳдат дар ду лаҳзаи замонӣ бисанҷем, макон дар лаҳзаи аввал ғайр аз макон дар лаҳзаи дуввум (бо ҳифзи ваҳдат) бошад.” (4)

Мурод аз саялону ҷараён ва тағйиру табаддули тадриҷӣ ҳамин аст ва чунонки гуфта шуд, имкон ва феълият дар инҷо ба ҳам омехта шуда, аҷзои мафрузаи ҳаракат ҳаргиз бо ҳам дар як лаҳза ҷамъ намешаванд.

* * *

Таълиқот:

(1) Барои ин ки “ҳаракат”-ро таъриф кунем, як навъи хосс аз онро, ки беҳтару бештар мешиносем, яъне ҳаракати макониро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳем ва бо як таҷзияву таҳлили ақлӣ маҷмӯъи аносуре, ки дар сохтмони он ташхис медиҳем ба даст оварда он гоҳ ба таърифи ҳаракати маконӣ ва сипас ба таърифи ҳаракат ба таври куллӣ мепардозем.

Ҷисмеро дар назар мегирем, ки аз нуқтае ба нуқтае дигар, ки 100 метр бо он фосила дорад мунтақил мешавад ва ин масофатро дар муддати 10 дақиқа тай мекунад. Дар инҷо ду кашиш (имтидод) ташхис медиҳем:

а) Яке ин ки: ин ҳаракат як ҳаракати 100 метрӣ аст, ва албатта мумкин буд ҳамин ҳаракат 50 метрӣ буда бошад — ба ин ки кундтар аз ин бошад, ки буд — ва қаҳран аз ин ки ҳоло ҳаст кӯтоҳтар буд. Ва мумкин буд ҳамин ҳаракат 200 метрӣ бошад — ба ин ки сареътар аз ин ки буд бошад — ва қаҳран тавилтар аз ин ҳаракат буд;

б) Дигар ин ки: 100 дақиқаӣ аст, ва албатта мумкин буд ҳамин ҳаракат 5 дақиқаӣ бошад, яъне ҳамин масофатро дар 5 дақиқа тай кунад — ба ин ки сареътар бошад ва қаҳран кӯтаҳмуддаттар буд — ва мумкин аст ҳамонро дар муддати 20 дақиқа тай кунад — ба ин ки кундтар ва батиътар бошад ва дар ин сурат дарозмуддаттар буд.

Пас, чунин мефаҳмем, ки ҳаракат дорои ду кашиш ва имтидод аст, ки яке аз он ду кашиш бо масофат мунтабиқ мешавад, ва дигаре бо замон. Аз он ҷиҳат “кашиш” ва “имтидод” номида мешаванд, ки каммийятанд ва қобили инқисом ба аҷзоъ мебошанд.

Мо маъмулан аз ин ду кашиш ба унвони ду “зарф” таъбир мекунем: зарфи макон ва зарфи замон. Масалан, мегӯем фалон ҳаракат дар фалон масофат ва дар фалон муддат анҷом мешавад. Ва чун тасаввури мо дар бораи ҳаракат ва макон ва замон, аз навъи тасаввури “мазруф” ва “зарф” аст, дар тасаввури ибтидоии худ мепиндорем, ки ҳамон тавр, ки соири мазруфҳо ва зарфҳо нисбат ба якдигар истиқлол доранд, яъне зарф вуҷуде дорад ва мазруф вуҷуде — масалан об нисбат ба косае, ки дар он қарор гирифта истиқлоли вуҷудӣ дорад ва коса низ нисбат ба обе, ки дар он қарор гирифта вуҷуди мустақил ва муҷаззо дорад — макону замоне ҳам, ки ҳаракат дар онҳо қарор мегирад, вуҷуди мустақил ва муҷаззо аз худи ҳаракат дорад. Пас, чӣ ҳаракат воқеъ бишавад ва чӣ воқеъ нашавад, зарфҳояш, яъне масофате, ки дар он масофат ҳаракат воқеъ мешавад ва замоне, ки дар он замон ҳаракат воқеъ мешавад, ба ҳар ҳол вуҷуд дорад.

Вале ин гуна тасаввур, як тасаввури ибтидоӣ ва ғайриилмӣ аст. Масофати воқеии ҳаракат ва замони воқеии ҳаракат, ки ҷуз ду буъди мухталиф барои ҳаракат нест, ба ҳеч ваҷҳ вуҷуде муҷаззо ва мустақил аз ҳаракат нестанд, ҳамчунон ки абъоди сегонаи ҷисм (тӯлу арзу умқ) вуҷуде муҷаззо аз худи ҷисм надоранд. Он масофат ва он замоне, ки воқеан кашишҳои ҳаракатанд, ғайр аз масофат ва замоне аст, ки мо дар тасаввури ибтидоии худ онҳоро зарф мепиндорем. Масалан мегӯем, масофати ҳаракат аз Теҳрон ба Қум, ҳамин фосилаи 144 километрӣ аст, ки ба ҳар ҳол вуҷуд дорад ва ҳар рӯз садҳо василаи нақлия аз он мегузарад. Ва замони ҳаракат ҳам ҳамин дусоатӣ аст (масалан аз соати 10 то 12), ки ба ҳар ҳол як 12-уми миқдори ҳаракати замин ба даври худ аст ва дар ин замони хосс миллиардҳо ҳодисаи дигар низ қарор гирифтааст.

Ин масофат ва ин замон, ки дар тасаввури ибтидоии мо ҳаст, васила ва воситаи санҷиш ва кашфи миқдори масофат ва замони воқеии ҳаракат аст, дуруст монанди “метр” ё “зироъ”, ки василаи санҷиши миқдори порча ё чизи дигар аст, на айни миқдори он порча. Он масофат ва замоне, ки ба унвони ду кашиш ва ду имтидод барои ҳаракат ташхис дода мешавад, абъоди ҳаракатанд ва айни вуҷуди ҳаракат мебошанд. Чизе, ки ҳаст, бояд бибинем ин ду кашиш, ки зеҳни мо дар бораи ҳаракат ташхис медиҳад, кашишҳои воқеӣ ҳастанд, яъне марбут аст ба вуҷуди айнии ҳаракат, ва ё зеҳнӣ ва хиёлӣ мебошанд ва марбут аст ба кайфияти сохтмони зеҳни башар, вале дар воқеъ ва аз назари вуҷуди айнӣ, ҳаракат амре басит ва бе кашиш аст; на кашиши маконӣ дорад ва на кашиши замонӣ? Дар қисмати баъд дар бораи ин ҷиҳат баҳс хоҳад шуд.

* * *

(2) Гуфтем, ки зеҳни мо дар ҳар ҳаракат ду кашиш ташхис медиҳад. Масалан, ҳаракати 100 метрии 10 дақиқаӣ дорои як кашиши маконӣ аст, ки бо метр таъйин шуда ва дорои як кашиши замонӣ аст, ки бо дақиқа таъйин шудааст. Пас, ҳар ҳаракати 10 метрӣ дар 1 дақиқа анҷом шудааст, яъне ҳар кашиши 1 дақиқаӣ бо як кашиши 10 метрӣ интибоқ дорад. Ба иборати дигар, ҷисм дар ҳар қитъаи 1 дақиқаӣ аз замон, дар як қитъаи 10 метрӣ аз макон қарор дорад ва баъд аз ҳар як дақиқа дар қитъаи дигар аз макон аст. Ва агар қитъаи замониро кучактар бигирем — масалан нисф кунем — ҷисми мафруз дар он қитъаи кучак аз замон, дар қитъаи кучактар аз қитъаи маконӣ, ки қаблан фарз кардем қарор дорад ва қаблу баъд аз он қитъаи замонӣ дар он қитъаи маконӣ қарор надорад. Ва метавонем қитъаи замониро, ки аз он ба “лаҳза” таъбир мекунем, боз ҳам кучактар кунем ва албатта қитъаи маконӣ, ки аз он ба “масофат” таъбир мекунем, кучактар хоҳад шуд.

Оё ба ҷое хоҳем расид, ки дигар қитъаи замонӣ (лаҳза) охирин ҳадди кучаке бошад ва ҳамчунин қитъаи маконӣ (масофат) охирин ҳадди кучаке бошад ва дигар аз он кучактар фарз нашавад?

Хайр. Ба чунин ҳадде нахоҳем расид. Ҳар андоза замонро кучак фарз кунем, билохира дорои кашиш ва имтидод аст ва ба ду ҷузъи мутақаддим ва мутааххир қобили қисмат аст. Ва ҳамчунин аст масофат. Пас, ҷисми мутаҳаррик дар ҷузъи аввал аз ин замон, дар ҷузъи аввал аз он масофат аст, ва дар ҷузъи дуввуми замон, дар ҷузъи дуввуми масофат.

Ин ҷост, ки матлабро ду гуна метавонем таъбир ва тафсир кунем:

а) Яке ин ки бигӯем, маънии ин ки ҷисм дар қитъае аз замон дар қитъае аз масофат қарор дорад ин аст, ки ҷисм дар он қитъа аз замон дар фосилаи миёни мабдаъ ва мунтаҳои он масофат аст, ва ин будан ба ин наҳв аст, ки ҳар “он” дар як “ҳадд” ва дар як нуқта аз масофат аст ба тавре, ки дар “он”-и қабл ё “он”- баъд дар он “ҳадд” ва дар он нуқта нест. Ҷисм модоме, ки сокин аст, дар оноти мутаъаддид дар як “ҳадд”-и муайян аз масофат қарор дорад, вале вақте, ки мутаҳаррик аст, ҳар “он” дар як ҳадд аст ва он ба он (лаҳза ба лаҳза) ҳудуди масофат, ки ҷисм дар он воқеъ аст тағйир мекунад. Тибқи ин тафсир, будани ҷисм дар ин ҳол, ки аз он таъбир мекунем ба “тавассут” ё “дар миёни мабдаъ ва мунтаҳо будан”, номаш “ҳаракат” аст ва ҳақиқати ҳаракат ҷуз ин нест. Пас, ҳаракати ҷисм яъне будани ҷисм дар қитъае аз замони миёни мабдаъ ва мунтаҳое аз масофат. Албатта худи ин будан қаҳран амри басит аст ва ҳеч гуна кашиш ва имтидод надорад, балки ин зеҳни мост, ки дар мухайялаи худ барои ин ҳолати басит ва бекашиши ҷисм, ки номаш “ҳаракат” аст, кашиш ва имтидод расм мекунад; дуруст монанди қатраи борон, ки ҳангоми резиш, дар хиёли мо ба шакли як шайъи амудӣ тарсим мешавад.

б) Дигар ин ки бигӯем, маънии ин ки “ҷисм дар қитъае аз замон дар қитъае аз масофат қарор дорад” ин аст, ки ҷисм дар тамоми он қитъа аз замон дар тамоми он қитъа аз масофат қарор дорад ба тавре, ки мабдаи ин будан дар ин масофат, мунтабиқ аст бо мабдаи он замон, ва мунтаҳоиш бо мунтаҳои он, ва васаташ бо васати он, ва тамомаш бо тамоми он. Ва “ҳаракат” иборат аст аз будани ҷисм дар тамоми он қитъа аз замон дар тамоми он қитъа аз масофат (на будани ҷисм дар тамоми он қитъа аз замон дар миёни мабдаъ ва мунтаҳои масофат).

Бино бар тафсири аввал, он чӣ воқеан вуҷуд дорад, амре басит ва бекашиш аст, ки аз аввал то охири замон боқӣ аст, ҳам дар аввал аст, ҳам дар васат ва ҳам дар охир, ва маънии ин ки “боқӣ аст” ин аст, ки ҳар оне аз оноти замон, ки дар назар бигирем, ӯ ба тамоми вуҷудаш дар он “он” ҳаст, ва албатта дар ҳар он дар як “ҳадд” аз масофат аст. Вале бино бар тафсири дуввум, он чӣ воқеан вуҷуд дорад амре кашишдор аст ва тамоми замонро ишғол кардааст, аввалаш аввали замонро ва васаташ васати замонро ва тамомаш тамоми замонро. На тамомаш ва на ҷузъаш аз аввал то охир боқӣ нест, аслан мафҳуми “бақо” дар бораи худаш ё аҷзоъаш сидқ намекунад. Бино бар тафсири аввал, ҳаракат ҷузъе надорад ва тамомаш аз аввал то охири замон вуҷуд дорад ва ин чизе, ки аз аввал то охир вуҷуд дорад, ҳамон будани ҷисм аст миёни мабдаъ ва мунтаҳо ба наҳве, ки ҷисм дар як “он” дар ду ҳадд вуҷуд надорад. Ва аммо бино бар тафсири дуввум, ҳаракат ҷузъ ва кашиш ва имтидод дорад ва ин вуҷуди кашишдор бо вуҷуди кашишдори замон бар якдигар интибоқ ёфтаанд.

Ҳукамо ҳаракат ба тафсири аввалро “ҳаракати тавассутия” ва ҳаракат ба тафсири дуввумро “ҳаракати қатъия” меноманд.

* * *

(3) Қаблан гуфтем, ки дар бораи моҳияти ҷисм, назариёти гуногуне вуҷуд дорад. Қадри мусаллам ва мавриди иттифоқ ин аст, ки аҷсоми маҳсус ва машҳуд дорои абъоди сегона (тӯлу арзу умқ) мебошанд ва қобилияти инқисом доранд. Вале оё он чӣ воқеан мавҷуд аст ҳамон аст, ки маҳсус аст, яъне он чӣ дар баробари худ ба сурати як тахтасанг ё қитъаи чӯб ё як метр мукаъаби об мебинем ва онро воҳид ва пайваста мушоҳида мекунем, дар воқеъ чунин аст? Агар чунин нест, пас аҷзоъи мунфасиле дар кор аст. Агар аҷзоъи мунфасиле дар кор аст, оё он аҷзоъи мунфасили номаҳсус (ба воситаи кучакӣ), худ дорои абъоди сегона мебошанд? Ё воҳидҳое мебошанд холӣ аз буъд ва ба истилоҳ “ҷавҳари фард” мебошанд? Пас маҷмӯъан се назария аст.

Назарияи севвум ҳамон аст, ки гурӯҳе аз мутакаллимини исломӣ иброз доштаанд ва дар истилоҳи уламои исломӣ “ҷузъи лоятаҷаззо” номида мешавад ва албатта ҷузъи лоятаҷаззо ба ин истилоҳ ғайр аз ҷузъи лоятаҷаззо ба истилоҳи уламои ҷадид аст. Истилоҳи уламои ҷадид бо назарияи Демукротис, ки қоил ба зарроти рези сифту нашкан (зарроти сиғори салба) вале дорои абъоди сегона аст мунтабиқ аст.

Ба ҳар ҳол, яке аз назариёт дар бораи ҷисм ин аст, ки ҷисм мураккаб аст аз зарроти кучаки дона-донаи холӣ аз буъд. Ин назария ихтисос ба ҷисм надорад, дар бораи ҳар шайъи дорои буъд ҷорӣ аст аз қабили замон ва ҳаракат. Ба ақидаи тарафдорони ҷузъи лоятаҷаззо, замон низ, ки худ тӯлу имтидоде дорад, мураккаб аст аз маҷмӯъи “он”-ҳо, ки орӣ аз тӯлу имтидод мебошанд. Ҳаракат низ, ки кашише ба имтидоди масофат ва кашише ба имтидоди замон дорад, мураккаб аст аз сукуноти кучаки орӣ аз кашиш ва ҳар як аз сукунот мунтабиқ аст бар як “он” ва ҳар зарра аз зарроти ҷисм дар ҳар он, мунтабиқ аст бар як зарра аз масофат.

Вале ин назария ботил аст. Далелҳои бутлони ҷузъи лоятаҷаззо ва ҳамчунин бурҳоне, ки дар ин мақола бар ваҳдат ва иттисоли имкону феълият иқома шуд, онро комилан рад мекунад. Ҳақиқат ин аст, ки ҳаракат як воҳиди муттасил аст, ки ҳам мунтабиқ аст бар воҳиди мумтадд аз масофат ва ҳам бар воҳиди мумтадд аз замон.

* * *

(4) Аз баёноти гузашта равшан мешавад “ҳаракат” падидае илова бар маҷмӯъи падидаҳои мавҷуд нест, балки иборат аст аз ин ки яке аз сифоти ҷисм (масалан нисбати маконӣ ва ба истилоҳи фалосифа, “айн”) суботи худро мутабаддил ба сифати табаддулу яаялон кунад, албатта на ба ин маънӣ, ки “айн” ва нисбати маконӣ як сифати зоид бар вуҷуди худ дорад ва онро иваз мекунад, балки ба маънии ин, ки навъе аз вуҷуд мутабаддил мешавад ба навъе дигар аз вуҷуд, вуҷуди собит мутабаддил мешавад ба вуҷуди сайёл, ва чунонки медонем, вуҷуд айни таҳаққуқ ва воқеияти як зот аст, на ҳолате барои як зоти воқеиятёфта, ва агар калимаи сифат дар бораи он ба кор мебарем, бояд бидонем, ки бо соири сифот, ки фаръ бар таҳаққуқ ва воқеияти зот аст, фарқ мекунад.

Аз инҷо метавонем ба беҳтарин таъорифи ҳаракат даст биёбем: “Ҳаракат иборат аст аз наҳваи вуҷуди шайъи мутадарриҷул-вуҷуд”. Ба иборати дигар: “Ҳаракат тадарруҷи вуҷуд аст”. Ин таъриф фақат рӯйи асли асолати вуҷуд аст ва бино бар асолати моҳият чунин таърифе мумкин нест ва ҳақиқат ин аст, ки ҳаракат ҷуз бо асолати вуҷуд қобили тафсиру тавҷеҳу таъриф нест.

Дар бораи ҳаракат таърифоти зиёде шудааст (руҷӯъ шавад ба “Табииёти Шифо” ба ҷилди аввали “Асфор”). Беҳтарин ва ҷомеътарин таърифот ҳамин таъриф аст. Садрулмутааллиҳин худ дар фасли марбут ба таърифоти ҳаракат аз ин таъриф ёд накардааст, вале аз зимни калимоташ дар баёни моҳияти ҳаракат ин таъриф комилан ба даст меояд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: