Шарҳи Маснавӣ (229)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (13)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 7

* * *

Ишқу ҷон ҳар ду ниҳоданду сатир,

Гар арӯсаш хондаам, айбе магир.

Ишқу ҷон ҳар ду ниҳону пӯшидаанд, аз ин рӯ агар онро бо лафзи арӯс ёд кардаем, беҷо нест ва набояд мавриди эрод қарор гирем. Зеро арӯс ҳам аз анзори омма пӯшидааст ва ағёр ӯро натавонанд дид.

Сатир: пӯшидашуда ва мастур.

Аз малулий ёр хомӯш кардаме,

Гар ҳам-ӯ мӯҳлат бидодӣ якдаме.

Агар ёрам аз ин гуна суханонам малул мешуд, ман ба хотири малулии вай сукутро бармегузидам. Ва агар ӯ ба ман даме фармони сукут медод, ҳатман сокиту хомӯш мешудам.

Лек мегӯяд: бигӯ, ҳин, айб нест,

Ҷуз тақозои қазои ғайб нест.

Вале он ёр мегӯяд: ин қабил суханон айб нест ва баёни ин гуна суханон ва изҳори ин алфоз бар тибқи қазои илоҳӣ аст.

Айб бошад, гӯ набинад ҷуз ки айб,

Айб кай бинад равони покғайб?

Касе, ки ҷуз айб набинад, кори ӯ айб аст, вале касе, ки равони поки ғайбӣ дошта бошад, кай дар ақволи инсонҳои комил ва машойихи ҳақиқӣ айб тавонад дид?!

Айб шуд нисбат ба махлуқи ҷаҳул,

Не ба нисбат бо Худованди қабул.

Айбҳо ва зиштиҳо фақат аз дидгоҳи мардуми нодон айбу зишт аст, вале ҳамин айбҳо аз назари мақоми шомихи худовандӣ айбе маҳсуб намешавад.

Ҷаҳул: бисёр нодон.

Куфр ҳам нисбат ба Холиқ ҳикмат аст,

Чун ба мо нисбат кунӣ, куфр офат аст.

Ҳатто куфр ҳам нисбат ба Холиқ ҳикмат аст ва куфр маҳсуб намешавад (тавзеҳаш дар абёти баъдӣ хоҳад омад), вале ҳамон куфр ҳангоме, ки дар башар ҷилва мекунад, яксара офат ва мазаррат аст.

В-ар яке айбе бувад бо сад ҳаёт,

Бар мисоли чӯб бошад дар набот.

Ва агар як айб дар миёни чанд ҳасана ва сифати хуб мавҷуд бошад, айби андак дар муқобили некӯиҳои фаровон, чандон муҳим нест, ва он айб бар мисоли чӯбе аст, ки дар миёни набот ҷой мегирад.

Нукта: Ҷӯби набот ҳамон риштачӯбе аст, ки қаннодҳо онро дар шакари гудохта фурӯ мекунанд ва аз он шохи набот месозанд. Ва ба гуфтаи Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ, ҳамин чӯби фоқиди ширинӣ ва атр, бар асари мусоҳибат ва ҳамнишинӣ бо набот рангу бӯ ва маззаи онро ба худ мегирад. (Шарҳи асрор, с.62)

Дар тарозу ҳар дуро яксон кашанд,

З-он ки он ҳар ду чу ҷисму ҷон х(в)ашанд.

Дар тарозу ҳам чӯб ва ҳам наботро бо ҳам яксон мекашанд, зеро он ду монанди ҷисму ҷонанд.

Нукта: Дар чанд байти фавқ, баҳс бар сари ин аст, ки хайру шар амре нисбӣ аст; зеро ҳукамо мегӯянд, ки шар аз лавозими олами модда ва кавну фасод аст… Ба ақидаи мутакаллимон, куфр ҳам нисбате ба офаринанда ва холиқ дорад, ва он халқу эҷод аст, ва нисбате ба кофир дорад ба эътибори он ки маҳалли куфр аст. Пас, аз ҷиҳати нахустин далели қудрати Худост бар халқу офариниши аздод, ва ба лиҳози дуввум айбу офат ва сабаби маҳрумӣ аз биҳишти ҷовидонӣ аст. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.821-822)

Пас бузургон ин нагуфтанд аз газоф:

Ҷисми покон айни ҷон афтод соф.

Пас, бузургон ин суханро, ки ҷисми покон айни ҷон соф аст, бе ҷиҳат ва нораво нагуфтаанд.

Гуфташону нафсашону нақшашон

Ҷумла ҷони мутлақ омад бенишон.

Гуфтору равону нақши он соҳибдилон, дар ҳукми ҷони мутлақ аст, яъне осору аворизи ҷисми онон низ монанди руҳашон поку орӣ аз айб аст.

Ҷони душмандорашон ҷисм аст сирф,

Чун зиёд аз нард, ӯ исм аст сирф.

Он ҷонҳое, ки авлиёро душман медорад, монанди ҷисми моддӣ аст, ва дар масал монанди мӯҳраи зиёд дар бозии нард, ҳеч фоидае надорад, балки танҳо исме холӣ беш нестанд.

Нукта: Нард бозиест маъруф аз ихтироъҳои Бузурҷмеҳр, ки дар баробари шатранҷ сохта. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.619)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: