Дар қарни 21, тоҷик чӣ гуна метавонад дар ҷаҳон барои худ “ҷойгоҳ” пайдо бикунад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз фарқҳои асосии қарни 21 бо қарнҳои пешин ва ҳатто бо қарни 20-ум, дар ин аст, ки имрӯз, миёни кишварҳо ва миёни одамони мавҷуд дар кураи замин, дигар ҳеч деворе вуҷуд надорад ва одамҳо бо ҳам хеле наздик шудаанд ва аз авзоъу аҳволи ҳамдигар ошно ҳастанд. Дуруст гуфтааст он касе, ки гуфта, дунё имрӯз табдил ба як “деҳкадаи кучак” гардида.

Пурвозеҳ аст, ки дар инчунин шароите, барои як миллат, пайдо кардани “ҷойгоҳ ва мавқеъ” дар ҷаҳон, бисёр сахт ва душвор аст. Дар қарнҳои гузашта (то қарни 19), шароит чунин набуд. Инсонҳои он қарнҳо, ҷаҳонашон фақат шаҳру рустое буд, ки дар он зиндагӣ мекарданд ва ҳаддиаксар кишваре, ки дар он зиндагӣ мекарданд. Аз ин назар, ҳар миллат ва қавме, барои худ “ҷойгоҳ” қоил буд ва ҳатто фикр мекард, ҷойгоҳ ва мавқеъи ӯ дар дунё, болотарини ҷойгоҳҳост. Яъне, ин ҳисс (ҳарчанд козиб аст) роҳат барояш даст медод. Подшоҳони кишварҳо дар он даврон (тақрибан ҳокимони тамоми кишварҳо бидуни истисно) унвони “шоҳи ҷаҳон” ва назири онро барои худ мениҳоданд, ва мардумонашон ҳам, воқеан боварашон мешуд, ки ҳокими онон фармонравои кулли ҷаҳон аст. Ва танҳо замоне аз ин пиндор ва ин ҳисси козиб даст мешустанд, ки масалан сарзаминашон аз сӯи як давлати бегона ишғол шавад ва бо чашмони худ бибинанд, ки ҳокимашон дар баробари ҳокими пирӯз курниш мекунад, фақат дар ин мавоқеъ буд, ки дарк мекарданд, ҷаҳон басо фарохтар аз он будааст, ки мепиндоштаанд.

Бале, ин ҳисс ва ин пиндор – ки ман дорои “ҷойгоҳе” дар ҷаҳон ҳастам — бо ин ки ҳиссе козиб буд, вале нақше асосӣ дар ҳифз ва бақои ҳар миллат дошт. Зеро, вақте миллате барои худ ҷойгоҳ қоил аст (ҳарчанд дурӯғин), ӯ барои сарзаминаш арзиш қоил аст, барои миллаташ арзиш қоил аст, барои фарҳанг ва таърих ва суннатҳояш арзиш қоил аст, ҳаргиз ҳисси сарафкандагӣ ва сарбазерӣ барои ӯ даст намедиҳад, зеро худашро “касе” медонад. Аз ҳамин рӯст, ки шумо мебинед, дар қарнҳои гузашта агар низоми табақотӣ миёни инсонҳо барқарор будааст, дар даруни ҳар қавме барқарор буда, на нисбат ба якдигар. Яъне, на миёни масалан як фаронсавӣ ва як жопунӣ. Низоми табақотӣ ва ин ки яке аз дигаре бартар аст, дар байни худи фаронсавиҳо масалан буда чунонки миёни худи жопуниҳо ва ё соири миллиятҳо буда. Аммо ин ки як фаронсавӣ эҳсос кунад, ки як ангилисӣ ва ё жопунӣ аз ӯ бартар аст, инчунин чизе набуда, лоақал ғолибан чунин набудааст.

Аммо имрӯз чунин нест, вазъ комилан тағйир карда. Барои инсони ин қарн, даст додани якчунин ҳиссе, ки миллаташро дорои “ҷойгоҳ” дар ҷаҳон бидонад, ба ҳамин роҳатиҳо муяссар нест. Зеро ӯ, барои ин ки бихоҳад эҳсос кунад, ки “ҷойгоҳе” дар ҷаҳон дорад ва барои худаш “касе” ҳаст, ҷаҳонро фақат шаҳру русто ва ё кишваре, ки дар он зиндагӣ мекунад, намедонад, балки ҷаҳон пеши вай яъне аз қорраи Омрико ва Урупо ва Офриқо бигир то шарқи Осиё. Дар гузашта, як инсони тоҷик (то чӣ расад ба миллати тоҷик) барои донистани ин ки дар гетӣ чӣ “ҷойгоҳе” дорад, агар нигоҳаш ба ҳамсоя ва ё ҳамрустоӣ ва ҳамшаҳриаш буд, аммо имрӯза меъёраш масалан як омрикоӣ аст ва ё як урупоӣ ва ё як куреӣ ё як жопунӣ аст, ки онҳо чӣ ҷойгоҳе доранд, то ман худамро бо онҳо муқоиса кунам ва ҷойгоҳамро дар ҷаҳон бишносам.

Ба ҳамин хотир аст, ки дар қарни ҳозир, яъне қарни 21 (ва то ҳудуде 20), мутаассифона ҳисси сарафкандагӣ ва сарбазерӣ ва ин ки ман “касе” набудаам, барои як миллат зуд даст медиҳад вақте худашро дар миёни соири одамҳои рӯи замин дорои ҳеч “ҷойгоҳе” наёбад. Ва ин, бо камоли таассуф, падидаи бисёр нохушоянд аст.

Ин ҳисси қотил ва кушанда, имрӯз ба далолиле (ки хоҳам гуфт), беш аз ҳар қавм ва миллате дигар, гиребонгири мо, тоҷикҳо шудааст. Вақте бештари фарзандони ин миллат ва ба хусус ҷавононаш, барои ёфтани қуте лоямут, дар кишварҳои бегона (ба хусус Русия) дар сахттарин шароит машғули коранд, он ҳам корҳои бисёр паст, ин ҷавон ба назаратон, чӣ “ҷойгоҳ ва мавқеъе” дар ҷаҳон барои худаш ва миллаташ қоил хоҳад буд? Шояд чанд сабоҳе худашро ба таърихи куҳанаш гӯл бизанад, вале бо воқеиятҳо, ки ҳамарӯза рӯ ба рӯ мешавад, билохира хоҳад гуфт, ман “касе” набудаам! Ва ба тадриҷ ин тасаввур бар вай чира хоҳад гардид, ки ман ва миллатам аз соири миллатҳо (масалан, аз як омрикоӣ ё як жопунӣ ё як фаронсавӣ ва ҳатто аз як рус), як сару гардан (агар нагӯем, чанд сару гардан) поинтар будаем ва бе худ ва бе ҷиҳат ба таърих ва гузаштаамон меболидаем. Ва баъид ҳам нест ин пиндор ба тадриҷ бар вай чира шавад, ки таърихамон дурӯғин будааст!

* * *

Ҳол, бо вуҷуди ин ки ёфтани “ҷойгоҳ” дар ҷаҳон дар ин қарн, барои як миллат бисёр душвор аст, вале маҳол ҳам нест, имконпазир аст. Дар ин навиштор, ба баёни ду омили муҳимми он мепардозам, бо ин ки мӯътақидам, омилҳои дигаре ҳам ҳастанд, вале муҳимтарини онҳо ин ду омил аст: яке ин ки: инсон дар кишвари худаш мӯҳтарам бошад, ва омили дигар он ки: ӯ ҳарфе барои гуфтан барои ҷаҳониён дошта бошад. Инак, ин ду омилро як каме бештар тавзеҳ медиҳам:

1) Ин ки инсон дар кишвари худаш мӯҳтарам бошад, ба ин маъност, ки ҳуқуқаш комилан аз сӯи ҳукумат риоят шавад. Ва ба сухани дигар, низоми сиёсии ҳоким дар кишвараш, низоме воқеан демукротик ва мардумсолор бошад, шаҳрванд аз ҳаққи раъй додан ва раъй гирифтан бархӯрдор бошад, ҳаққи интиқоди ҳукумат ва эътироз ба сиёсатҳои онро (агар хатое дар он бибинад) комилан доро бошад ва касе монеъаш нашавад, шаҳрвандон аз ҳаққи таъсиси аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдор бошанд ва қонун дар кишварашон ҳарфи аввалу охирро бизанад, на хостаҳои ҳоким ва дастгоҳи ҳокима.

Ин ки имрӯз як урупоӣ (фаронсавӣ ё ангилисӣ ё итолиёӣ ва ё лаҳистонӣ ва ғайра…) дар дунё ҷойгоҳи вежае дорад, иллаташ он аст, ки ӯ дар дохили кишвари худ дорои эҳтиром аст, ҳукуматаш воқеан демукротик аст, ҳуқуқаш комилан риоят мешавад, ӯ ҳаргиз дар хидмати ҳукуматаш нест, балки ин ҳукуматаш аст, ки дар хидмати вай аст. На танҳо як урупоӣ, балки шаҳрванди ҳар кишваре, ки низоми сиёсии ҳоким дар он мардумсолор аст, якчунин вазъе дорад.

Хуб, ин матлаб чандон ниёз ба исбот ҳам надорад ва бисёр равшан аст, ки агар имрӯз Жопун ва жопунӣ (бар фарзи мисол) дар дунё дорои ҷойгоҳи хоссе аст ва пеши соири милал қобили эҳтиром, бад-ин ҷиҳат аст, ки чун низоми сиёсии ин кишвар демукротик ва мардумсолор аст, шаҳрвандони ин кишвар пеш аз ҳама назди ҳукумати худашон дорои эҳтиром ва каромат ҳастанд. Масалан, чунин нест, ки нисфе аз жопуниҳо ба кишварҳои дигар паноҳанда шуда ва барои эҳқоқи ҳуқуқи худ мубориза кунанд, чунонки мо, тоҷикҳо якчунин вазъи асафборе домангирамон шудааст. Агар аҳзоби сиёсии опозисиюн дар дохили кишварамон дорои эҳтиром мебуданд ва озодона фаъолият мекарданд, ҳаргиз паноҳ ба Урупо ва соири кишварҳо намеоварданд ва дар натиҷа ҳукумати Тоҷикистон ҳам тамоми саъю талошаш ин намешуд, ки бо онҳо “биҷангад”.

Бинобар ин, як фарди тоҷик, то замоне, ки ҳуқуқаш аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон риоят нашавад ва дар рақам задани сарнавишти кишвараш худро саҳим надонад, раисиҷумҳур ва аъзои порлумони кишварашро худаш интихоб накунад ва қонун дар кишвараш ҳоким набошад, ӯ ҳаргиз барои худ “ҷойгоҳе” дар ҷаҳон нахоҳад ёфт. Зеро ба аён мебинад, ки миллатҳои дигар аз ҳаққи интихоби раисиҷумҳури худ ва низоми ҳоким бархӯрдоранд, вале ӯ аз ин ҳақ маҳрум аст, бо ин ҳисоб, оё ӯ барои худ дар ҷаҳон “ҷойгоҳе” қоил хоҳад буд?!

Пас, то модоме, ки вазъи сиёсии мавҷуд дар Тоҷикистон ислоҳ нашавад ва тағйир накунад ва демукросӣ ва мардумсолории воқеӣ дар Тоҷикистон ҳоким нагардад, тоҷик ҳамчунон худро дар ҷаҳон сарафканда ва сарбазер хоҳад дид.

* * *

2) Гуфтем, ки омили муҳимми дигар дар ин ки як миллат барои худ имрӯз “ҷойгоҳе” дар ҷаҳон пайдо бикунад ин аст, ки ҳарфе барои гуфтан барои ҷаҳониён дошта бошад. Ба ин маъно, ки масалан як тоҷик ихтироъе дар сатҳи ҷаҳонӣ ба армуғон биёварад ва ё як донишманди тоҷик як ҷоизаи байналмилалӣ мисли ҷоизаи Нубел дарёфт намояд ё асари як нависандаи тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо бикунад ва аз ин қабил умур…

Ҳунар дар ин замина нақши асосӣ дорад, ба хусус ҳунари синамо. Ин матлабро се чаҳор сол пеш дар як мақола навишта будам ва ҳоло такрор мекунам, ки замоне ки дар Эрон будам, як филми куреӣ (Куреи ҷанубӣ албатта) аз тариқи симои Эрон пахш мешуд ба номи “Афсонаи Ҷумунг”. Ин филм, чунонки аз унвонаш пайдост, як афсона аст, аммо куреиҳо ин филмро чунон ҳунармандона ва ҷаззоб сохта буданд, ки ба яке аз пурбинандатарин филмҳо барои мухотаби эронӣ табдил гардида буд ва пиру ҷавон ин филмро тамошо мекарданд. Ва ҳатто ёдам ҳаст, бозигарони ин филмро ба Эрон даъват ҳам карда буданд, аз бас, ки маҳбубияти камназире пайдо карда буд.

Ин филм як филми таърихӣ буд дар бораи як фармондеҳи куреӣ. Созандаи ин сериал, ки худам пайгираш будам, аз тариқи ин “афсона” тавониста Куре ва фарҳанг ва таърихи ин кишварро чунон ҳунармандона ба тасвир бикашад, ки ҳар бинандае нохудогоҳ барои онҳо эҳтиром қоил шуда ва барояшон “ҷойгоҳ” қоил гардад.

Пас, ҳунар ин қудратро доро будааст, ки бо як “афсона” метавонад зеҳният нисбат ба як миллат дуруст кунад.

Мо, тоҷикҳо барои муаррифии фарҳанг ва таърихи воқеан дурахшонамон, ки ниёз ба бофтани “афсона” надорем, шояд куреҳо дошта бошанд, аммо мо қатъан надорем, таърихамон воқеӣ аст ва бузургонамон воқеӣ ҳастанд, фақат бояд ҳунармандона ва тибқи меъёрҳои имрӯза барои сохтани филму сериалҳо, даст ба кор шавем. Ҳукумат бояд ҳунармандонро дар ин замина ҳимоят кунад ва ба ҷои сохтани филмҳои бемаънӣ (ки яке дутояшро ин охирҳо дидам), бояд филмҳо ва сериалҳои таърихӣ бисозем (чизе шабеҳи “Рустам ва Сӯҳроб”-и Борис Кимёгаров масалан) ва худамонро барои ҷаҳониён аз ин тариқ муаррифӣ кунем. Ҳунар фақат рақсу суруд нест, ки имрӯзҳо ба сурати густарда дар кишварамон шуюъ пайдо кардааст, бояд филм сохт, бояд сериал сохт. Туркҳо низ дар чанд соли ахир дар ин замина мисли куреиҳо хуб кор карданд.

Ба ҳар сурат, дигар сухан ба дарозо намекашам, ҳаминҷо баҳсамро поён мебахшам. Як баҳси дигар ҳаст дар бораи “роҳи сохтани тоҷик” ё дурусттараш, “роҳи бозёфти тоҷик”, ки дар як фурсати дигар роҷеъ ба он баҳс хоҳам орост, иншоаллоҳ!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: