Перейти к содержимому

Марде, ки кӯмак хост

Ба гузаштаи пурмашаққати хеш меандешид, ба ёдаш меафтод, ки чӣ рӯзҳои талху пурмароратеро пушти сар гузошта; рӯзҳое, ки ҳатто қодир набуд қути рӯзонаи зану кӯдакони маъсумашро фароҳам намояд. Бо худ фикр мекард, ки чӣ гуна як ҷумлаи кӯтоҳ — фақат як ҷумла — ки дар се навбат пардаи гӯшашро навохт, ба руҳаш нерӯ дод ва масири зиндагониашро иваз кард ва ӯ ва хонаводаашро аз фақру некбате, ки гирифтори он буданд наҷот дод.

Ӯ яке аз саҳобаи Расули Акрам (с) буд. Фақру тангдастӣ бар ӯ чира шуда буд. Дар як рӯз, ки ҳисс кард дигар корд ба устухонаш расида, бо машварат ва пешниҳоди занаш тасмим гирифт биравад ва вазъи худро барои Расули Акрам (с) шарҳ диҳад ва аз он ҳазрат кӯмаки молӣ бихоҳад.

Бо ҳамин ният рафт, вале қабл аз он ки ҳоҷати худро бигӯяд, ин ҷумла аз забони Расули Акрам (с) ба гӯшаш хӯрд:

Ҳар кас аз мо кӯмаке бихоҳад, мо ба ӯ кӯмак мекунем, вале агар касе бениёзӣ биварзад ва дасти ҳоҷат пеши махлуқе дароз накунад, Худованд ӯро бениёз мекунад.”

Он рӯз чизе нагуфт ва ба хонаи хеш баргашт. Боз бо ҳаюлои маҳиби фақр, ки ҳамчунон бар хонааш соя афканда буд, рӯ ба рӯ шуд. Ночор рӯзи дигар ба ҳамон ният ба маҷлиси Расули Акрам (с) ҳозир шуд. Он рӯз ҳам ҳамон ҷумларо аз Расули Акрам (с) шунид:

Ҳар кас аз мо кӯмаке бихоҳад, мо ба ӯ кӯмак мекунем, вале агар касе бениёзӣ биварзад, Худованд ӯро бениёз мекунад.”

Ин дафъа низ бидуни ин ки ҳоҷати худро бигӯяд, ба хонаи хеш баргашт. Ва чун худро ҳамчунон дар чанголи фақр заъифу бечораву нотавон медид, барои севвумин бор ба ҳамон ният ба маҷлиси Расули Акрам (с) рафт. Боз ҳам лабҳои Расули Акрам (с) ба ҳаракат омад ва бо ҳамон оҳанг — ки ба дил қувват ва ба руҳ итминон мебахшид — ҳамон ҷумларо такрор кард.

Ин бор, ки он ҷумларо шунид, итминони бештаре дар қалби худ эҳсос кард. Ҳисс кард, ки калиди мушкили хешро дар ҳамин ҷумла ёфтааст. Вақте, ки хориҷ шуд, бо қадамҳои мутмаинтаре роҳ мерафт. Бо худ фикр мекард, ки дигар ҳаргиз ба дунболи кӯмак ва мусоидати бандагон нахоҳам рафт. Ба Худо такя мекунам ва аз нерӯ ва истеъдоде, ки дар вуҷуди худам ба вадиат гузошта шуда истифода мекунам ва аз Ӯ мехоҳам, ки маро дар коре, ки пеш мегирам, муваффақ гардонад ва маро бениёз созад.

Бо худаш фикр кард, ки аз ман чӣ коре сохтааст? Ба назараш расид феълан ин қадр аз ӯ сохта ҳаст, ки биравад ба саҳро ва ҳезуме ҷамъ кунад ва биёварад ва бифурӯшад.

Рафт ва тешае ория кард ва ба саҳро рафт, ҳезуме ҷамъ кард ва фурӯхт. Лаззати ҳосили дастранҷи хешро чашид. Рӯзҳои дигар ба ин кор идома дод, то тадриҷан тавонист аз ҳамин пул барои худ теша ва ҳайвон ва соири лавозими корро бихарад. Боз ҳам ба кори худ идома дод, то соҳиби сармоя ва сарват шуд.

Рӯзе Расули Акрам (с) ба ӯ расид ва табассумкунон фармуд:

“Нагуфтам, ҳар кас аз мо кӯмаке бихоҳад, мо ба ӯ кӯмак медиҳем, вале агар бениёзӣ биварзад, Худованд ӯро бениёз мекунад?”

* * *

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Сафинатул-биҳор”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: