Перейти к содержимому

Низоми иқтисодии ислом (9)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши севвум: Арзиш (4)

Дар сафҳаи 42 дар бораи тилло мегӯяд:

Сиккаи тилло колое аст дорои арзиши муайян ва мазҳари моддии як миқдор кори иҷтимоъан лозим мебошад ва фақат бад-ин ҷиҳат метавонад миқёси арзиши соири колоҳо қарор гирад.”

Дар сурате, ки тилло моддаи нақзе аст бар назарияи “арзиш = кор”, зеро коре, ки рӯи тилло сурат мегирад, ҳеч гуна таносубе аз лиҳози замон ва сарфи нерӯ бо арзиши он надорад, балки арзиши тилло маълули ҷиҳоте аст, ки худи нависанда дар сафҳаи 41 гуфтааст аз: “занг назадан ва кӯҳна нашудан ва маргу мир надоштан, бо дастмоле аз байн нарафтан, суҳулати нигаҳдорӣ, қобилияти тақсим ба қатаъоти кучак ва аҷзои касрӣ, қобилияти ҳамлу нақл содда, суҳулати тамйиз ва шинохтани он ба воситаи рангу овоз…

(Дар сафҳаи 48 менависад:)

Аз тарафи дигар, гоҳе харидор пеш аз пардохти пул, колоеро мехирад ва пас аз муддате пули онро мепардозад. Ин навъ хариду фурӯшро “насиякорӣ” меноманд… Пас, вақте деҳқон дар поиз пули колоеро, ки дар тобистон харидааст бипардозад, дар ин ҳолат пул дигар василаи ҷараён ва ривоҷи коло нест, зеро коло қаблан мубодила шудааст. Дар ин ҳолат мегӯянд: пул василаи пардохт аст…

Аз назари фиқҳ, муомилаи насия монанди муомилаи нақд аст. Ҳамон тавре, ки агар дар мисоли боло деҳқон гандуми ҳозири худро нақд бифурӯшад ва бо он пули нақд порча бихарад, ду муомила сурат гирифтааст, на бештар, ду марҳила бештар вуҷуд надорад, агар ҳам порчаро қаблан насия бихарад, боз ду марҳила бештар нест, пардохти қарзро марҳилаи мустақил наметавон шумурд.

Дар марҳилаи аввал, мубодила миёни порча ва пули куллӣ дар зиммаи деҳқон аст, ҷараёни мубодила тамом шудааст. Пардохти охирмуддат хориҷ аз ҷараёни мубодила аст. Вале аз назари иқтисод, ки ҷараёни воқеиро мебинад, на ҷараёни эътибориро, агар муомила нақд бошад, дар ҳамон аввал коло ва пул ҷараён пайдо мекунанд, ва агар насия бошад, дар марҳилаи аввал колои порча ба танҳоӣ ҷараён пайдо мекунад, ва дар марҳилаи дуввум, яъне фурӯши маҳсул, колои маҳсул ва пул ҷараён пайдо мекунанд, ва дар марҳилаи севвум фақат пул ҷараён пайдо мекунад. Пас, моҳияти насия аз лиҳози иқтисодӣ, муғойир аст бо моҳияташ аз лиҳози ҳуқуқӣ ва эътиборӣ.

(Дар сафҳаи 49 менависад:)

“… Агар пули коғазӣ дорои пуштвонаи тилло ё нуқра ё ҷавоҳироти гаронбаҳо набошад, агарчӣ исканоси сад ҳазор риёлӣ бошад, ба як риёли ҳақиқӣ ҳам намеарзад…

Масъала исканос, ду мартиба баҳси ҳақиқати арзишро пеш меоварад, ки оё зотӣ аст? Яъне ҳар ҷинсе моҳиятан ва табъан дорои арзиши хоссе аст — чунонки қаблан ишора шуд — ё эътиборӣ ва қарордодии мутлақ аст ба далели исканос? Ва ё марбут аст ба коре, ки рӯи он сурат гирифта? Ва ё ба чанд чиз муртабит аст? Дар боби хусуси исканос, ин баҳси фиқҳӣ дар муомилоти рабавӣ пеш меояд, ки оё хариду фурӯши исканос бо тафозул, ҳаром аст ё на? Маъмулан, фуқаҳои муосир мӯътақиданд, ки исканос худаш арзиш дорад. Ин назар мубтанӣ бар ин фарзи илмӣ аст, ки бо эътибор ва қарордод метавон ба чизе эътои арзиш кард. Роҳи баёни он ин аст, ки аз тарафе ҷомеа эҳтиёҷ дорад ба як миқёси арзиш ва воситаи ҷараён, баъд худаш як шайъи қобили контролеро мисли исканос, эътибор медиҳад ва аз ин ҳоҷат истифода мекунад, ва модоме, ки ин эътибор ҳаст, ин ҳоҷат рафъшуданӣ аст, ва модоме, ки ҳоҷат ҳаст, аз ин эътибор гурезе нест. Мунтаҳо ин суол пеш меояд, ки миқёси аввалӣ барои таъйини арзиш чист? Агар исканосро ба изои пули тилло қарор бидиҳем, меъёри аввалӣ, ҷинсият ё кор — ба қавли сотсиалистҳо — хоҳад буд, вале агар пойи тилло ба миён наёяд, фарзия мушкил аст.

Ва низ дар ин ҷо ҷои ин ҳаст, ки дар боби рибои муомилӣ, яъне байъи мисл ба мисл дар ислом баҳс шавад, ки фалсафаи ҳурмати ин гуна муомилот чист? Чаро агар масалан гандум ба пул, ва пул дубора ба гандум табдил шавад муомила саҳеҳ аст, вале агар гандум ба гандум табдил шавад, саҳеҳ нест? Ҳатто гандуми беҳтарро бо гандуми бадтар, ва хурмои беҳтарро бо хурмои бадтар — ба насси ҳадиси набавӣ — наметавон бо тафозул муовиза кард. Шояд иллат ин аст, ки фақат дар мавриди ин ки ду кори ғайримушобеҳ бо ду ҷинси ғайримушобеҳ агар муовиза шаванд, чун рағбатҳо ва ҳоҷатҳо мутафовит аст, расман кори муайян дар муқобили мисли худаш ва изофаи кор воқеъ нашуда, бар хилофи муовизаи ҷинс ба ҷинс бо тафозул, ки расман кор дар муқобили кори мисли худ, ба изофаи кор, воқеъ шудааст. Дар мавриди ҷинси беҳтару бадтар, мисли хурмои хубу бад, чун хубӣ ва бадии ин матоъҳо маъмулан маълули такомули табиӣ аст, на такомули тадбирии инсон, яъне (маълули) кори бештар ва заҳмати бештаре аст, ки дар тӯли наслҳо рӯи онҳо кашида шудааст.

Масъалаи арзиш ва кор фақат дар рибои муомилӣ қобили баҳс аст ва аммо дар рибои қарзӣ маврид надорад магар аз лиҳози ин ки гуфта мешавад пул муваллид нест, ва ин баҳсро алоҳида хоҳем кард.

Дар боби арзиш, аз лиҳози иқтисоди ахлоқӣ, ин масъалаи муҳим пеш меояд, ки агар милоки арзиш — он чунон ки уламои килосик гуфтаанд ва сотсиалистҳо махсусан марксистҳо онро дунбол кардаанд — кор бошад, ва арзиши ҳар чизе иборат бошад аз миқдори коре, ки дар он сарф шуда, аз чанд ҷиҳат ишкол пеш меояд:

Яке ин ки: чун ҳар чизе як арзиши воқеӣ дорад, ки иборат аст аз маҷмӯи корҳое, ки рӯи он сурат гирифтааст ва аз он ҷумла фаъолиятҳои воситаи мубодила масалан тоҷир, пас фурӯхтани хона ба зиёдтар аз арзиши воқеӣ дуздӣ ва истисмор аст, ва ҳамчунин хонае, ки миқдори муайяне кор барои сохтмони он сурат гирифтааст наметавонад маҷмӯан молулиҷораи зоид бар арзиши коре, ки дар он масраф шуда дошта бошад. Хонае, ки филмасал сад ҳазор тумон масрафи он шудааст, наметавонад дар даҳ сол тамоми баҳои худро ба даст оварад бо як чизи илова, ва худ низ нимаҷон сарипо бошад. Ба ҳар ҳол, рӯи ин ҳисоб, арзиш наметавонад ҷанбаи қарордодӣ дошта бошад ва ризоятҳо дар қарордодҳо ғолибан навъе иғфол ва кулоҳгузорӣ ва кулоҳбардорӣ аст, ки агар тараф бифаҳмад, иқдом намекунад. Бинобар ин, ишколи арзиши изофӣ, ки дар оянда аз он баҳс хоҳем кард, бино бар асли “арзиш = кор” дар мутлақи муомилот ва иҷораҳо мумкин аст ҷараён пайдо кунад ва ихтисос ба сармояи ба истилоҳ маъмулӣ надорад. Фақат ду чиз аст, ки ҷавоби ин ишкол мумкин аст бошад: яке, инкори асли матлаб, ки арзиш сад дар сад баста ба кор аст ва мо каму беш дар сафаҳоти гузашта рӯи он баҳс кардаем. Дуввум ин ки: бо қабули асли “арзиш = кор” матлаби дигар қобили гуфтугӯст, ва он ин ки корҳо мутлақан ақим нестанд, ҳар коре аъамм аз корҳои ҷамодӣ ё ҳаётӣ, муваллиди кори нав ва арзиши нав аст, чӣ дар мавриде, ки коргар бо кор муҷассам ҳаст ва чӣ нест. Чунонки медонем, истилоҳи авомонае ҳаст: “Корфармо кор мекунад ва кадбону лоф мезанад” (Корфармо яъне абзори кор). Абзори кор, мисли қайчӣ, худ кор мекунад. Кор лозим нест, ки мунҳасир ба сарфи энержӣ бошад, ҳатто лозим нест дар он сарфи энержӣ шуда бошад. Корхона воқеан кор мекунад ва нерӯ табдил ба энержӣ мекунад, ҳаракат мекунад. Хонае, ки мустаъҷир дар он менишинад, ҳарчанд кор ба маънии ҳаракат надорад, вале фоидаи тадриҷӣ дорад. Пас, барои ин ки шайъ муваллиди арзиш бошад, лозим нест муваллиди кор бошад, балки бояд қобили истифода бошад. Ва сониян арзиши нақди як шайъ, ки пулаш дар ҷараёни мубодила кор мекунад, бо арзиши тадриҷии як шайъ мутафовит аст. Агар хонае сад ҳазор тумон харҷаш шуда ва алъон ҳам ба нақд ба ҳамон қимат меарзад, далел намешавад ҳангоме, ки қимати хона дар муддати понсад моҳ мехоҳад пардохт шавад низ ҳамон сад ҳазор тумон бошад. Пас, ҳарчанд ки инчунин сарватеро муваллид надонем, вале ба ҳасби замон қобили нумӯ ва рушд дар шароити хоссе медонем.

Агар қабул кунем, ки арзиш = кор аст, ва корро на муваллид бидонем ва на номӣ ва рушдкунанда, бояд бипазирем, ки сармоядорӣ аз лиҳози исломӣ ба ҳеч шакле қобили қабул нест, вале агар яке аз се ишколи фавқро пазируфтем, шояд баъзе аз шаклҳои сармоядорӣ аз лиҳози иқтисоди ахлоқӣ қобили пазириш бошад. Акнун вориди баҳси арзиши изофӣ бишавем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: