Фалсафа ва равиши реализм (140)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (8)

Матни мақола

Тавсиъаи мафҳуми ҳаракат

Мафҳумеро, ки аз барои ҳаракат ба даст овардем, агарчи дар мавриди ҳаракати маконии ҷисм буд, вале пас аз каме диққат метавон ҳукм кард, ки дар ҳамаи мавориди ҳудуси тағйироти ҷисмонӣ, ки мо онҳоро ба унвони “тағйир дар аҳволи ҷисми моддӣ” мебинем ва васфи “ваҳдат” ба онҳо медиҳем, мафҳуми “ҳаракат” содиқ аст, монанди боло рафтани сатҳи ҳарорат ва сатҳи рӯшноӣ ва бӯю тағйири рангу бузург шудани ҳаҷми як ҷисм ва иштидоди ҷазб ва муқовимати аҷсом ва билохира ҳар тағйире, ки метавонад сифат ва ҳоли ҷисме қарор гирад.

Агар битавонем дар ҳама ё дар ҳар кадом аз инҳо ваҳдати воқеӣ исбот кунем, мафҳуми ҳаракат ба тағйири тадриҷии вай қобили интибоқ хоҳад буд.

Пас, дар натиҷа бояд гуфт, ки: “Ҳар тағйири тадриҷӣ, ки барои ҷисм дар яке аз сифот ва аҳволаш даст медиҳад. ҳаракат аст.” (1) Ҳамчунин бо таъаммули каме метавон дарёфт, ки агар дар ҷаҳони модда як силсила суратҳои ҷавҳарӣ бошад, ки рӯзе маъдум буда ва рӯзе мавҷуд мешаванд, ба мавориди онҳо низ ҳаракат қобили интибоқ хоҳад буд. Ва аз ҳамин ҷо як қонуни куллӣ метавон фаҳмид:

“Ҳаракат дар ҳамаи шуъуни ҷаҳони табиат ҳукмфармо мебошад.”

Ё ба иборате кӯтоҳтар:

“Ҷаҳони табиат мусовӣ аст бо ҳаракат.”

Феълан ба ҳамин андоза баҳс дар атрофи ин қонуни куллӣ қаноат мекунем ва пас аз чанде дубора ба баҳсу гуфтугӯ мепардозем.

Ва низ аз баёни гузашта равшан шуд, ки дар мавриди ҳаракат вуҷуд ва адам бо ҳам ҷамъ мешаванд, ва албатта набояд тасаввур кард, ки ин назария ноқизи қонуни имтиноъи иҷтимоъи нақизайн мебошад, зеро адам ва вуҷуди мавриди баҳси мо адам ва вуҷуди тадриҷӣ мебошанд, ва адам ва вуҷуде, ки иҷтимоъи онҳо бадеҳиюлмумтанеъ аст, адам ва вуҷуди мутлақ мебошанд, ва ин сухан бо каме таъаммул равшан мешавад. (2)

* * *

Ҳаракат ва такомул

“Такомул”, пазируфтан ва ба худ гирифтани камол аст, ва камол ҳамон феълияте аст, ки ҷисм дар муҳити фаъолияти худ ба он ноил мешавад, ва ба иборате соддатар, камол афзоиш ва зиёдате аст, ки як мавҷуде дар муҳити ҳастӣ ва ваҳдати худ ба он мерасад. (3) Масалан, инсони навзод, ки аз ҳар гуна фаъолияти истиқлолии бузургон маҳрум буда ва дар маҳди сарпарастии дигарон ба сар мебарад, ҳангоме, ки роҳ рафт ва сухан гуфт ва фикри муназзам кард ва зиндагии мураттаб оғоз намуд, одаме комил шудааст, яъне феълиятҳое, ки надошт дар муҳити ҳастӣ ба вай мунзам (зам)  гардидааст, ки маҷмӯъан як воҳид аст, ки ҳамон воҳиди аввалӣ мебошад. Ва аз ин ҷо пайдост, ки мафҳуми ҳаракат, ба наҳве, ки тавзеҳ додем, қобили интибоқ бар маънии такомул мебошад, зеро ҳар ҷузъе аз аҷзои ҳаракатро, ки фарз кунем, ҷузъи мафруз, имкони ҷузъи баъдро дошта ва феълияти онро, ки камоли ҳамон ҷузъи мафруз мебошад мепазирад, агарчи ҷузъи мафрузи мо дар айни ҳол дорои феълияте низ мебошад, ки ҳофиз ва нигаҳбони ҳамон имкон аст. Ва чунонки дар гузашта равшан сохтем, маҷмӯъи як ҳаракат як воҳид мебошад ва аҷзоъи мафруза танҳо дар зеҳн вуҷуд дошта ва хориҷият надоранд. Бинобар ин, дар як воҳид аз ҳаракат, имкони як феълияте, ки берун аз арсаи худи ҳаракат аст мавҷуд аст, ки бо фаро расидани вуҷуди он феълият, дигар ҳаракат хотима ёфта ва феълияти номбурда ҷои қувваро хоҳад гирифт, ва ин феълият ҳамон ғоят ва мақсад ва ормони ҳаракат аст. (4)

Аз баёни фавқ натиҷа мегирем, ки:

(1) Ҳаракат бе ғоят намешавад;

(2) Ҳаракати биззот (худ ба худ ва барои худ) матлуб нахоҳад шуд;

(3) Агар барои ҳаракате мавзӯе (мутаҳаррик) фарз шавад, мавзӯи мафруз бо ҳаракати худ мутакомил мешавад;

(4) Агар барои маҷмӯи ҷаҳони табиат “ҳаракат” исбот кунем (чунонки дар гузашта ишора рафт), назарияи зерин ба субут хоҳад расид:

“Қонуни умумии ҷаҳони табиат, таҳаввулу такомул аст.”

* * *

Таълиқот:

(1) Тағйирот ва интиқолоте, ки барои ашёи ин олим рух медиҳад, мунҳасир ба тағйирот ва интиқолоти маконӣ нест. Тағйироти кайфӣ ва каммӣ ва вазъӣ ва ҷавҳарӣ низ вуҷуд дорад, монанди боло рафтани сатҳи ҳарорат (тағйири кайфӣ) ва издиёди ҳаҷм (тағйири каммӣ) ва ҳаракати як ҷисм ба даври худ (ҳаракати вазъӣ) ва интиқоли як ҷисм аз навъе ба навъи дигар (тағйири ҷавҳарӣ). Ҳар чӣ дар тағйири маконӣ гуфта шуд, дар ин тағйирот низ ҷорӣ аст. Ҳамон тавре, ки тағйироти маконӣ ҷуз аз тариқи ҳаракат ва вуҷуди мумтадди саялонӣ мумкин нест, соири тағйирот низ чунин аст.

Дар ин ҷо ду матлаб аст: яке ин ки: оё воқеан он чӣ онро “тағйири кайфӣ ё каммӣ ё ҷавҳарӣ” меномем, воқеан дар ноҳияи кайфият ё каммийят ё ҷавҳари ашё падид омадааст? Ё ҳамаи тағйироти кайфӣ ва каммӣ ва ҷавҳарӣ, аз даричаи илм, чизе ҷуз тағйири маконӣ нест? Дигар ин ки: фаразан ин тағйиротро навъе дигар донистем, оё аз мақулаи ҳаракат аст ё хайр? Он чӣ дар ин мақола исбот шуда матлаби дуввум аст, аммо матлаби аввал тибқи усули илмии ҷадид исботаш холӣ аз ишкол нест. Тибқи фалсафаи “меконизм”, ҳамаи тағйирот ба ҳасби аслу решаи меконикӣ аст.

Мо баъдан дар бораи хусуси тағйироти ҷавҳарӣ баҳс хоҳем кард ва хоҳем гуфт, ки ҷаҳонро танҳо аз даричаи меконик наметавон тавҷеҳ кард. Тағйирот ва таҳаввулоте, ки дар ҷаҳон рух медиҳад, қисмате аз онҳо таҳаввулоти ҷавҳарӣ аст. Ин ки матн ба сурати тардид мегӯяд: “Агар дар ҷаҳони модда як силсила суратҳои ҷавҳарӣ бошад, ки рӯзе маъдум буда ва рӯзе мавҷуд мешаванд…”, ишора ба фалсафаи меконикӣ аст, ки мункири таҳаввулоти ҷавҳарӣ аст.

* * *

(2) Дар ҳамин мақола мо баъдан дар бораи ин матлаб баҳс хоҳем кард.

* * *

(3) Баҳси такомул, аз муҳимтарин мабоҳиси фалсафӣ аст. Ин баҳс махсусан дар фалсафаи ҷадид мақоми арҷманде дорад. Дар қарн и19-ум баъзе аз фалосифа монанди Ҳерберт Спенсер (Spenser)-и ангилисӣ, пояи таҳқиқоти фалсафии худро асли такомул қарор доданд. Бергсун (Bergson)-и фаронсавӣ низ барои асли такомул аҳаммияти фаровоне қоил шудааст. Кашфи табаддулу такомули анвоъ дар зистшиносӣ ва кашфи такомули иҷтимоъ дар ҷомеашиносӣ сабаб шуд, ки асли такомул мақоми шомихе дар фалсафа ва улум ба даст оварад. Дар фалсафаи исломӣ касоне, ки қоил ба “ҳаракати ҷавҳария” мебошанд, барои асли такомул поя ва мартибаи олӣ қоил мебошанд.

Акнун бояд бибинем, ҳақиқат такомул чист? Ва оё такомул як қонуни умумии ҷаҳонӣ аст ё падидае аст махсус баъзе аз мавҷудот? Муқаддиматан бояд ёдоварӣ кунем, ки мабоҳиси гузаштаи мо дар ин мақола гирди ду матлаб давр мезад: яке қувва ва феъл, дигар ҳаракат. Нуқтаи шурӯъи фикри мо аз он ҷо буд, ки гуфтем, ба ҳиссу аён ва бидуни ҳеч гуна тардиде, ҷаҳони мо сокин ва ҷомид ва лоятағайяр нест, ашё ба ҳолати аввалия боқӣ намемонанд, аз ҳоле ба ҳоле ва аз марҳилае ба марҳилае тағйир меёбанд; он чӣ дар ҷаҳон ҳаст, “шудан” аст.

Аз ин ҷо ба робитае миёни гузашта ва оянда пай бурдем, ки номи онро “қувва ва феъл” гузоштем. Сипас собит кардем, ки интиқоли ашё аз ҳолати билқувва ба ҳолати билфеъл ҷуз ба сурати тадриҷӣ (дар муқобили дафъӣ ва онӣ) суратпазир нест. Аз ин ҷо ба “асли ҳаракат” ба унвони як асли умумӣ дар ҷаҳон пай бурдем. Акнун мехоҳем вориди марҳилаи дигаре бишавем ва мафҳуми севвуме вориди баҳс кунем, ва он мафҳум, “такомул” аст. Мехоҳем бибинем, оё ҳаракат мусовии такомул аст ё на? Ва ба иборати дигар, ҳамон тавр, ки аз асли тағйир ва “шудан” ба қонуни қувва ва феъл ба унвони як қонуни умумӣ пай бурдем ва аз асли қувва ва феъл ба қонуни ҳаракат пай бурдем, оё аз асли ҳаракат метавонем қонуни такомулро ба унвони як қонуни умумӣ кашф кунем ё на?

Такомул чист? Такомул яъне таҳаввул аз нақс ба камол.

Нақсу камол чист? “Нақс” гоҳе дар муқобили “тамом”, ва гоҳе дар муқобили “камол” оварда мешавад. Нақс дар муқобил тамом иборат аст аз: фоқид будани як шайъ баъзе аз аҷзои худро. Китоби ноқис яъне китобе, ки баъзе аз фаслҳо ё баъзе аз варақҳои худро надорад, ва китоби тамом яъне китобе, ки ҳамаи фаслҳо ё ҳамаи баргҳои худро воҷид аст.

Ҳамчунин аст сохтмони ноқис ва сохтмони тамом, намози ноқис ва намози тамом. Пас, нақс муқобили тамом, дар ҷое гуфта мешавад, ки воҳиди мавриди назар қисмате аз аҷзои худро воҷид бошад ва қисмате аз аҷзоъро фоқид бошад.

Вале “нақс” дар муқобили “камол” ба маънии дигаре аст, ба ин маънӣ аст, ки як шайъ ҳамаи мароҳиле, ки бояд тай кунад, тай накарда бошад, ва ҳамаи имконе, ки табиат барои ӯ таҳия дидааст, таҳсил накарда бошад. Масалан, як навзод агар фоқиди як узв бошад, як инсони ноқисулхилқа аст ба маънии ин ки томмулхилқа нест. Аммо як навзоди томмулхилқа чун мумкин аст мароҳили роҳ рафтан ва сухан гуфтан ва олим шуданро дар оянда тай кунад ва феълан фоқиди он марҳила аст, як инсони ноқис аст ба маънии ин ки ба марҳилаи камоли мумкини худ нарасидааст. Пас, ду ҷараён аст: яке ин ки як шайъ аз лиҳози аҷзоъ ва аъзо ноқис ва нотамом бошад, дигар ин ки аз лиҳози мароҳили тараққӣ, ки барояш имкон дорад, пеш нарафта бошад.

Ва аз ин рӯ, дар мафҳуми камол мафҳуми “иртиқо” мундараҷ аст, бар хилофи мафҳуми тамом. Пас, вақте, ки масалан намоз мехонем ё хона месозем, намоз ва ё хона рӯ ба “тамом” меравад, аммо вақте, ки кӯдакем ва бузург мешавем ва ё ҳангоме, ки дарс мехонем, рӯ ба “камол” меравем. Ба назар мерасад дар ояти шарифа, ки мефармояд:

الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي

(“Имрӯз дини шуморо бароятон “комил” ва неъматҳои худро бар шумо “тамом” гардонидам…” (Сураи Моида, ояти 3)), ки ҳам калимаи “камол” ба кор рафта ва ҳам калимаи “тамом”, аз он назар аст, ки ҳар ду мафҳум содиқ аст. Аз тарафе худи дин ба унвони як ҳақиқати мутакомил бо таъйини таклифи амри раҳбарии маънавӣ ва иҷтимоӣ — ки ба манзилаи руҳи пайкараи дин аст — такомул ёфта ва ба авҷи камоли худ расидааст, ва аз тарафи дигар, аз он назар, ки дин “маҷмӯае” аст аз муқаррарот, ва мавзӯи раҳбарӣ ва имомат ба унвони як дастур расид ва таклифе аст дар ҷамъи таклифҳо, бо омадани охирин дастур татмим (тамом) шуда ва дигар ҳукме боқӣ нест.

Аз инҷо маълум мешавад, ки ҳар тавсиъа ва афзоишеро наметавон “такомул” номид. Масалан, агар шаҳре бузург шавад ва сирфан бар адади хона ва кӯча ва хиёбонҳояш афзуда шавад, тавсиъа ёфтааст, аммо такомул наёфтааст, вале агар ҳамон шаҳрро аз назари иҷтимои инсонҳо як “воҳид” дар назар бигирем ва низомоти зиндагии мардуми он шаҳр ҳолати беҳтар ва муносибтаре пайдо карда бошад ва ба истилоҳ, дараҷаи тамаддуни мардуми он шаҳр боло рафта бошад, дар ин сурат метавон гуфт, мутакомил шудааст ва дар воқеъ шаҳр яъне сохтмонҳо мутакомил нашудаанд, балки шаҳр ба маънии мадина яъне иҷтимои инсонҳост, ки мутакомил шудааст.

Такомулро бо таъбироти хоссе таъриф кардаанд аз қабили: боз шудан, шукуфтан, густарда шудан. Як ғунча, ки гул мешавад ва ё як кӯдак, ки инсони комиле мегардад, мисли ин аст, ки баста аст боз мешавад ва шукуфта мегардад ва тавсиъа меёбад. Вале инҳо ҳама осори такомуланд, на худи такомул, нахуст навъе таҳаввули такомулӣ дар дарун ва ҷавҳари шайъ рух медиҳад ва сипас ин осор падид меояд.

Бархе аз донишмандон қонунҳое барои такомул зикр кардаанд бидуни он ки лозим бидонанд дар моҳияти такомул баҳс кунанд. Ҳерберт Спенсер гуфтааст:

Нахустин асли қонуни такомул “тарокум” аст, яъне ин ки тӯдае аз маводд дар як ҷо ҷамъ шаванд ва гирд оянд; масалан силлулҳои аввалияи нутфа дар раҳим, ки мураттаб таксир мешаванд ва афзоиш меёбанд, марҳилаи “тарокум”-ро тай мекунанд. Қонуни дуввум “танаввӯъ” аст яъне ин ки аҷзоъи ҷамъшудаи ҳар дастае шакл ва вазифаи хосс пайдо кунанд ва навъе ихтилоф ва ноҳамҷинсӣ миёни онҳо пайдо шавад, ҳамчунон ки нутфа дар раҳим пас аз он ки муддате таксир ёфт ва анбӯҳе аз силлулҳо фароҳам шуд, ҳолати танаввӯъ ва узв-узв шудани он падид меояд ва ҳар қисмате узверо ташкил медиҳад. Қонуни севвум “интизом” аст, ки ҳамаи аъзо ва аҷзоъ бо ҳамаи ихтилоф ва танаввӯъ, як назми бахусусеро риоят мекунанд ва барои як ҳадафи воҳид кор мекунанд.”

Ҳақиқат ин аст, ки ҳамаи инҳо мазоҳир ва осори рушди як қувваи ҷавҳарӣ аст, ки муаррифи ҳақиқати шайъ мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат такомулро набояд маҳдуд ба ин маворид намуд.

Аз назари фалсафӣ, ҳар ҳаракате такомул аст, зеро ҳар ҳаракате хуруҷ аз қувва ба феъл аст, ва хуруҷ аз қувва ба феъл мусовӣ аст бо хуруҷ аз нақс ба камол. Хуруҷ аз нақс ба камол он ҷо, ки пойи нерӯи ҷавҳарии ҳаётӣ дар миён аст, тибқи хоссияти нерӯи ҳаётӣ, боз шудан ва густарда шудан ва ҷамъи маводд ва танаввӯъ ва интизомро дар пайи худ дорад, лузуме надорад, ки ҳар ҷо такомул бошад, ин осор низ мушоҳида шавад.

Ин ҷо ишколе ба азҳон мерасад, ва он ин ки: агар ҳар ҳаракате такомул бошад, лозим меояд, ки тамоми ҳаракатҳо иштидодӣ бошад, ва ҳол он ки баъзе аз ҳаракот назири ҳаракоти маконӣ ва вазъӣ, иштидодӣ нестанд. Масалан, ҳангоме, ки ҷисме аз нуқтае ба нуқтаи дигар интиқол меёбад ва ё ҳангоме, ки ба даври худ мегардад, ба ҳеч наҳв дар макон ва ё вазъи ӯ афзоише пайдо нашудааст. Пас, саҳеҳ нест, ки бигӯем ҳаракат мусовӣ бо такомул аст.

Ҷавоб ин аст, ки ҳаракат мусовӣ бо такомул аст, чизе, ки ҳаст, дар ҳаракоти маконӣ ва вазъӣ ҳамвора ду ҷараён дар канори ҳам ва ҳамроҳи ҳам рух медиҳад ва дар натиҷа иштидод рух намедиҳад. Он ду ҷараён яке такомул аст ва дигаре танаққус. Тавзеҳ ин ки: ҷисм ба воситаи буъд доштан ҳар гоҳ мехоҳад макон ё вазъи тозаеро ишғол кунад ва аз ҳолати билқувваи як макон ё як вазъ ба ҳолати билфеъли он макон ё вазъ дарояд, чорае нест аз ин ки макон ва вазъи аввалро раҳо кунад, то вазъ ва макони ҷадидро ҳиёзат намояд. Аз назари таҳсил ва иктисоби макони ҷадид ва вазъи ҷадид, такомул аст, вале чун макони собиқ ва вазъи собиқро муқорин бо ҳиёзати макон ва вазъи ҷадид раҳо мекунад, худ ба худ иштидод сурат намегирад. Иштидод ҳангоме сурат мегирад, ки шайъ зимни ҳиёзати ҳолати ҷадид ҳолати собиқро ҳифз кунад, аммо агар ҳолати собиқро дар ҳамон ҳол раҳо кунад, дар айни ин ки аз лиҳози ҳолати ҷадид аз қувва ба феъл ва аз нақс ба камол сайр кардааст, иштидод намеёбад. Маҷмӯъан мисли ин аст, ки дарҷо мезанад. Дуруст мисли ин аст, ки соҳиби сармояе зимни ин ки дар рӯз аз як муомилаи бахусусе суди вижае мебарад, аз муомилаи дигаре ҳамон маблағ зиён кунад. Натиҷа ин аст, ки дар мизони сармоя тағйире пайдо намешавад. Ё мисли ин аст, ки дар зарфи миқдори муайяне об мутаволиян бирезем ва аз як маҷрои хосс ҳамон миқдор об аз он тараф хориҷ шавад. Натиҷа ин аст (ки) миқдори об ҳамвора собит хоҳад буд.

Ба ҳар ҳол, ҳар ҷо ҳаракат ҳаст, такомул ҳаст, вале агар ҳаракат ва такомул дар ҷавҳари ашё воқеъ шавад, аҳёнан осори хоссе аз қабили боз шудан, густардагӣ, танаввӯъ, интизом, тавсиъа ва ғайра пайдо мешавад.

* * *

(4) Яке аз масоили марбут ба такомул ин аст, ки оё такомул ҳадаф дорад ё на? Албатта асли ҳадафдории табиат, ки онро “асли иллияти ғоӣ” меноманд, тобеъи асли такомул нест ва худ баҳси ҷудогонае метавонад бошад, вале аз он назар, ки ҷаҳонро мусовии ҳаракат ва ҳаракатро мусовии такомул донистем, баҳс дар ҳадафдории такомул ҳамон баҳс дар ҳадафдории ҷаҳон яъне асли иллияти ғоӣ ва ба истилоҳи ҷадид, “финолизм” хоҳад буд.

Чунонки медонем, Арасту ба иллатҳои чаҳоргона қоил аст, муддаӣ аст ҳар мавҷуди табиӣ ношӣ аз чаҳор омил аст: фоъил, ғоят, модда, сурат. Дар бораи иллатҳои чаҳоргонаи арастуӣ суханони зиёд ҳаст, махсусан дар бораи иллати ғоӣ, ва дар ин ҷо роҳи илоҳиюн аз моддигароён ҷудо мешавад. Бӯалӣ мегӯяд: “Баҳс дар ғоёт, олитарин бахши фалсафа аст”.

Аз тарафи дигар ҳукамо барои ҳаракат шаш рукн қоил мебошанд:

(1) Мо минҳу (мабдаъ);

(2) Мо илайҳи (ғоят);

(3) Мо ъанҳу (фоъил);

(4). Мо биҳи (мавзӯъ);

(5) Мо фиҳи (мақула);

(6) Мо ъалайҳи (замон).

Мегӯянд, ҳар ҳаракате хоҳ нохоҳ ниёзманд ба ин шаш чиз аст. Дар бораи ин шаш чиз баъд ба тафсил баҳс хоҳад шуд. Яке аз ин шаш чиз ғоят аст.

Пас, аз як тараф ба ақидаи арастуиҳо, ҳар мавҷуди табиӣ иллати ғоӣ дорад хоҳ аз тариқи ҳаракат ба вуҷуд омада бошад ва хоҳ аз тариқи дигар, ва аз тарафи дигар хусуси ҳаракат ниёзманд ба ғоят аст.

Ва аз он рӯ, ки мо дар баҳсҳои гузаштаи худ собит кардем, ки ҳаракат мусовӣ бо такомул аст, пас, аз назари мо баҳс дар ғоят доштани ҳаракат, зимнан баҳс аз ҳадафдории такомул низ ҳаст. Ва чун аз назари мо ҷаҳони табиат мусовии ҳаракат аст, пас баҳс дар ҳадаф доштани ҳаракат ва такомул айнан баҳс аз ҳадафдории ҷаҳон аст.

Албатта ин нукта бояд равшан шавад, ки дар бораи ҳадафдории такомул ду гуна баҳс метавон анҷом дод:

(1) Илмӣ;

(2) Фалсафӣ.

Агар аз ҷанбаи илмӣ бихоҳем баҳс кунем, бояд дар аҳволи мавҷудот махсусан мавҷудоти зинда таҷассус кунем, татаввурот ва авомилеро, ки мунҷар ба он татаввурот шудааст таҳти назар қарор диҳем, то амалан кашф кунем, ки оё табиат як ҷараёни ҳадафдореро тай мекунад ё на? Чунонки медонем, аз қадимулайём низоми мутқани хилқат ҳамвора далели қотеъе барои исботи асли иллияти ғоӣ ба шумор меомадааст, вале аз замоне, ки назарияи табаддулу татаввури анвоъ падид омад ва донишмандон як силсила усул ва навомиси табиӣ барои татаввури мавҷуди зинда кашф карданд, ин назар пайдо шуд, ки лузуме надорад барои тавҷеҳи низоми шигифтангези сохтмони мавҷудоти зинда асли иллати ғоиро дахолат диҳем. Аммо касоне, ки бештар дақиқ шудаанд, собит кардаанд бидуни дахолати асли иллияти ғоӣ, такомули мавҷуди зинда ба ҳеч ваҷҳ қобили тавҷеҳ нест ва ба истилоҳ, тарафдори асли такомули “ҳадафдор” шудаанд. Ин мабҳас, мабҳаси дилкаше аст. Баҳси илмӣ ва зистӣ дар бораи ҳадафдории табиат, баҳсест ҷолиб ва доманадор, вуруд дар он аз ҳудуди ин мақола хориҷ аст, мо шуморо ба китобҳое, ки дар ин замина навишта шудааст ирҷоъ мекунем аз қабили китоби “Сарнавишти башар” таълифи Лекомт ду Нуи (Lecomte du Noüy), тарҷумаи Абдуллоҳи Интизом ва китоби “Ҳаёт ва ҳадафдорӣ” таълифи Рувер (H.Rouvière) устоди колбадшиносии Донишкадаи пизишкӣ ва узви Фарҳангистони пизишкии Порис, тарҷумаи дуктур Аббоси Шайбонӣ.

Аммо роҳи фалсафии матлаб ҳамон аст, ки дар ин мақола тай шуда. Агар аз ин роҳ бихоҳем ворид шавем, таҳлили ақлонии моҳияти ҳаракат, моро ба ин натиҷа мерасонад бидуни ин ки ниёзманди таҷассуси аҳволи мавҷудоти зинда бошем.

Исботи фалсафии ғоят аз тариқи ҳаракат аз ин роҳ аст, ки:

Аввалан, чунонки қаблан собит шуд, ҳаракат дар зоти худ басити воҳид аст ва аҷзоъи он ҳама фарзӣ ва эътиборӣ аст. Агар ҳаракатро тақсим кунем ба аҷзоъ ва қисматҳое ба ҳасби масофат ё ба ҳасби замон, он аҷзоъ ва ақсом воқеан аз ҳам муҷаззо нестанд. Пас, ҳар ҳаракате як воқеият аст.

Сониян, ҳаракат ҳарчанд худ навъе феълият аст, зеро агар онро дар муқобили сукун қарор диҳем, феълиятест аз феълиятҳо, аммо ин тафовутро бо ҳамаи феълиятҳо дорад, ки омехта аст бо қувва. Шайъ модом, ки дар ҳаракат аст, билқувва аст ва феълияте пушти сар дорад. Аз ин рӯ ҳаракатро “камоли аввал” номидаанд, на камоли сонӣ, ва гуфтаанд “камоли аввал аст барои шайъи билқувва” яъне то шайъ ҳолати билқувва нисбат ба шайъи дигар, ки “камоли сонӣ” номида мешавад надошта бошад, наметавонад ҳаракат дошта бошад. Аз ин рӯ ҳаракат талаб аст, на матлуб. Ба иборати дигар, ҳаракат интиқол аз ҳолате ба ҳолати дигар аст, аммо худ ҳолате аз ҳолот нест. Фаразан онро “ҳолат” бидонем, бо соири ҳолот ин тафовутро дорад, ки василаи расидан ба як ҳолати дигар аст. Пас, ҳар гоҳ ҳаракатро ба унвони як воҳид дар назар бигирем, феълияте берун аз худро эҷоб мекунад. Пас, маҳол аст, ки худи ҳаракат милоки феълият ёфтани қувваҳои мавҷуд бошад. Ҳамчунин аст ҳар чизе — хоҳ араз ва хоҳ ҷавҳар — ки вуҷудаш мусовӣ бо ҳаракат бошад. Пас, ҳамвора он феълияте, ки шайъи билқувва хоҳони он феълият аст, воқеияте аст моварои ҳаракат, ки вусул ба он поёни ҳаракат аст ва шайъи мутаҳаррик ҳаракатро василаи вусул ба он қарор медиҳад ва ӯст ғоят ва мақсади мутаҳаррик ва ҳам ӯст камоли воқеӣ (камоли сонӣ)-и шайъи мутаҳаррик. Пас, ҳар ҳаракат ва такомул, ҷӯёи ғояте аст берун аз ҳаракат.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: