Перейти к содержимому

Эътилофи шиъа ва суннӣ дар дифоъ аз Қудс Омрикоро барошуфта кард

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Посухи Омрико ба нишасти сарони Созмони ҳамкории исломӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе ба даъвати Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия барои муқобила бо фармони таҳрикомези Дунолд Тромп дар мавриди яҳудисозии Қудс, хеле фаврӣ ва ҳатто сареътар аз ҳадди интизор буд. Ники Ҳейли, намояндаи Омрико дар Созмони Милал гуфт: “Пас аз тасмими мо дар бораи Қудс, осмон ба замин наомад ва мо бидуни ҳеч диранге дар ин замина гом бармедорем.”

Ҳейли, ки дар нажодпарастӣ ва хусуматаш бо кишварҳои арабӣ ва мусалмонон, аз Тромп ҳам пешӣ гирифтааст, мавҷи ҳуҷум алайҳи Эрон ва ҳамроҳ кардани дигар кишварҳо бо Омрико дар ин заминаро ба роҳ андохт, ки ҳеч далеле — ғайри фитнаангезӣ ва фароҳам кардани заминаи ҷанги мазҳабӣ, ки минтақаро ба оташ бикашад — барои он вуҷуд надорад, то мобақии пули шайхнишинҳои халиҷро ба ҷайб зада ва нафти анборшудаи онҳоро барои чанд даҳаи оянда захира кунад.

Намояндаи Омрико дар СММ гуфт: “Омрико мадорике дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад мушаке, ки ба фурудгоҳи Риёз партоб шуд эронӣ будааст.” Вай афзуд: “Рафтори Эрон дар минтақа бадтар шуда ва оташи даргириҳо дар минтақаро шӯълавар мекунад.”

Ҳадафи аслӣ аз баёни ин изҳороти таҳрикомез, инҳирофи афкори умумии арабӣ ва исломӣ аз ҷинояти Омрико дар Қудс ва тарафдории комил аз режими ишғолгари Исроил ва сиёсатҳои он дар тавассул ба зӯр барои таҳмили як воқеият аст.

Дар Яман ҷанги беамон аз қариб ба се сол пеш то кунун ҷараён дорад, ки эътилофи арабӣ ба фармондеҳии Арабистон дар он ҳазорон тонн муҳиммот, мушак ва ҳавопаймоҳои мудернро, ки бо садҳо милёрд дулор аз Омрико харидорӣ карда ба кор гирифтааст. Табиӣ аст, ки тарафи дигар (Ҳусиҳо) ба ҳар манбаъе барои таъмини силоҳ ва дифоъ аз худ паноҳ биёварад, хоҳ мувофиқ ё мухолиф бошем.

* * *

Хашми Омрико, ки Ҳейли маъмури ибрози он буда ва тамаркузи Омрико бар мушаки Ҳусиҳо, ки фурудгоҳи Малик Холид дар шимоли шаҳри Риёзро ҳадаф гирифт, ба чанд далел бозмегардад:

1) Нахуст ин ки: нишасти Истонбул, ки беш аз 57 раҳбар ва вазири хориҷа дар он ҳузур доштанд, бар ваҳдати исломӣ ва тамоюл барои муқобила бо ҷонибдории комили Омрико аз режими ишғолгари Исроил ва дифоъ аз муқаддасоти исломӣ ва масеҳии Байтулмуқаддас таъкид дошт;

2) Дуввум ин ки: як эътилофи суннӣ-шиъӣ моварои мазоҳиб дар натиҷаи ҳамбастагии бесобиқа байни Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия бо Ҳасан Руҳонӣ, ҳамтои эронии он шакл гирифтааст. Ин эътилоф нақшаи Омрикоро аз байн мебарад, ки ба дунболи ба роҳ андохтани ҷанги шиъа-суннӣ ё кашондани арабҳои суннӣ ба хусус шайхнишинҳо ба ин ҷанг дар канори Омрикост;

3) Севвум ин ки: мушаки болистики Ҳусиҳо, ки ба ҳадафи худ расид, дар фурудгоҳи байналмилалии Риёз фуруд омад ва мӯҷиби таваққуфи парвозҳо ва ҳолате аз тарсу ваҳшат шуд, нишонаи нокомии сомонаи падофанди ҳавоии “Патриот”-и Омрико дар раҳгирии он аст; масъалае, ки зарбае вайронгар ба санъати низомии Омрикост ба хусус, ки ҳафт мушаки “Патриот”, ки ҳар кадом се милюн дулор ҳазина дорад, барои раҳгирии он мушак — ки чанд ҳазор дулор бештар ҳазина надорад — шиллик шуда ва натавониста ҳадафи худро сарнагун кунад (бино ба он чи дар гузориши вежаи рӯзномаи Ню-йорк Тоймз омадааст).

Эрон ин иттиҳоми Омрикоро рад карда ва онро таҳрикомез ва ғайримасъулона хонд, ки ҳеч поя ва асосе надорад ва шавоҳиде, ки Ҳейли аз он сухан мегӯяд, ҷаълӣ ва сохтагӣ аст. Мо гумон наме‍кунем, ки такзиби иттиҳоми Омрико аз сӯи Эрон ҳеч бозтобе дошта бошад ва моро ба ёди такзибияи Ироқ дар замони режими Саддом Ҳусайн ба вуҷуди ҳар гуна силоҳи куштори ҷамъӣ дар зарродхонаи ин кишвар меандозад ва бақияи достон ҳам, ки мушаххас аст.

* * *

Давлати кунунии Омрико ба шикасти бузурге, ҳам дар дохили ин кишвар ва ҳам беруни он мубтало шудааст. Дар дохили Омрико, муттаҳиди Тромп курсии ҷумҳурихоҳонро дар интихоботи иёлати Алабама аз даст додааст ва дар беруни Омрико, муттаҳидони урупоии Вошингтун худро аз тасмими Тромп дар бораи яҳудисозии Қудс канор кашиданд ва Куреи шимолӣ ҳам, ки худро як кишвари атомии болистик муаррифӣ ва таҳдид кард, ки дар сурате ки дар маърази ҳар таҷовузе қарор гирад, умқи Омрикоро мушакборон мекунад.

Тромп бар табли ҷанг алайҳи кишвари исломӣ мекӯбад, он ҳам бар асоси ағрози нажодпарастона, ва мехоҳад муттаҳидонаш аз байни кишварҳои исломии ҳошияи халиҷи Форс дар нӯки пайкони ҳамлаи он бошанд, то ҳазинаи ҷангро аз маҳалли хазонаҳои онҳо таъмин кунад. Ҳейли ба вузуҳ аз талоши кишвараш барои ташкили эътилофи байналмилалӣ барои муқобила бо “хатари” Эрон сухан мегӯяд ва дар ин ҷо трожедии бузурге пинҳон аст.

Омрико ҳеч чизе аз ин ҷанг оидаш намешавад, аммо мутмаиннан мусалмонон ва ба хусус кишварҳои арабӣ дар канори муттаҳиди ҷадиди исроилии онҳо ҳезум ва қурбониёни оташи ҳар ҷанге мешаванд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: