Ахбори таъйиднашуда аз таъйини волии ҷадиди Балх ва барканории Ато Муҳаммад Нур

Бархе аз манобеи хабарӣ эълом карданд, ки Ато Муҳаммад Нур аз мақомаш барканор шуда ва муҳандис Довуд ба унвони волии ҷадиди ин вилоят таъйин шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Tasnimnews, дар ҳоле, ки пеш аз ин ҳайати раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон эълом карда буд, ки раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ наметавонанд Ато Муҳаммад Нурро аз вилояти Балх барканор кунанд, аммо бархе аз манобеъ аз барканории вай хабар додаанд.

Бархе аз манобеъ дар дафтари матбуотии риёсати иҷроии давлати Афғонистон гуфтаанд, ки раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ муҳандис Довудро ба унвони волии ҷадиди Балх таъйин кардаанд.

Масъули матбуотии риёсати иҷроии давлати Афғонистон гуфт: “Ҳукумати ваҳдати миллӣ аз Ато Муҳаммад Нур хоста то вилояти Балхро тарк кунад. Дар ғайри ин сурат, риёсати иҷроии давлати Кобул ба гузинаҳои дигаре мутавассил хоҳад шуд.”

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ройзаниҳои ҳайати эъзомии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ба вилояти Балх натиҷа надодааст ва аъзои ин ҳайат бо ҳам ихтилофи назар доранд.

Бо ин ҳол, гузинаҳои эҳтимолӣ, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ барои барканории Ато Муҳаммад Нур ба кор хоҳад гирифт, мушаххас нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои таъйиднашуда низ вуҷуд доранд, ки мумкин аст Ато Муҳаммад Нур вазири хориҷаи Афғонистон шавад ва Салоҳуддин Раббонӣ барои раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ аз вазорати хориҷа истеъфо кунад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: