Барои Тоҷикистон, инсонсозӣ муҳимтар аз хонасозӣ аст

Ба муносибати солрӯзи вафоти ҳазрати Мавлоно

Сайидюнуси Истаравшанӣ

17 декабр солрӯзи даргузашти ҳазрати Мавлонои Балхӣ аст. Дар ин навиштор, намехоҳам ба муаррифии Мавлоно бипардозам ва дар бораи шарҳи зиндагии ӯ бинависам. Боварам ин аст, ки бештари тоҷикон бо шарҳи ҳоли ӯ ошноянд. Асосан, дар робита бо Мавлоно, мо беш аз ин ки огоҳ ба зиндагиномаи вай бошем, бояд бо афкор ва андешаҳояш, ки созанда ҳастанд ошно бошем ва ба онҳо амал кунем.

Ба ҳамин далел, дар ин ҷустор, мехоҳам бо такя бар андешаҳои Мавлоно дар бораи ИНСОН ва ин ки инсон аз назари Мавлоно чист, дар бораи як мавзӯи бисёр муҳим барои имрӯзамон — ки яке ду рӯз пеш ваъдаи онро дода будам — баҳс ба амал оварам. Ва он мавзӯъ, зарурати “сохтани инсони тоҷик” аст.

* * *

Иҷоза бидиҳед, баҳсамро бо тарҳи як муқаддима шурӯъ кунам, ва он ин ки: имрӯз бе тардид дағдағаи ҳар тоҷике – мувофиқу мухолиф, диндору бедин, олиму оммӣ – ин аст, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил, “обод ва пешрафта бошад” ва шаҳрвандонаш аз як “зиндагии шоистае” бархӯрдор бошанд. Дар ин шакке нест ва ҳеч тоҷике ёфт намешавад, ки хилофи онро мӯътақид бошад. Вале дар айни ҳол, дар ин ки “ободӣ ва пешрафт” ба чист ва “зиндагии шоиста” барои инсон кадом аст, дидгоҳҳо метавонад мухталиф бошад.

Ба сухани дигар, бо ин ки ҳамагон дар Тоҷикистон дар асли “обод ва пешрафта гардидан” ва “зиндагонии шоиста доштан” иттифоқи назар доранд, вале дар ин ки “ободӣ ва пешрафт” ва “зиндагии шоиста” оё танҳо ба ин аст, ки масалан вақте касе вориди шаҳри Душанбе мешавад, дар он биноҳои баландошёна ва осмонхарош ва зебо бибинад, одамҳои сокин дар ин шаҳрро мураттабу ороставу покиза бибинад ва шоҳиди мошинҳои лукс ва охирин мудел дар ин шаҳр бишавад, порку тафреҳгоҳҳо ва мағозаҳои ончунонӣ дар он мушоҳида кунад, ва хулоса, Душанберо чунон бибинад, ки гӯӣ пойтахти Жопунро дида бошад; оё “ободӣ ва пешрафт” ва “зиндагии шоиста” барои як кишвар ва мардумонаш, танҳо ба ҳаминҳост, ё на, чизҳои муҳимтари дигаре низ ҳастанд, ки то набошанд, наметавон гуфт, ин кишвар “обод ва пешрафта” аст ва мардумонаш “зиндагии шоиста” доранд, дар ин маврид дидгоҳҳо метавонад гуногун бошад.

Ҳол, назари дастандаркорони кишварӣ, мисли раисиҷумҳур ва вузаро ва устодони донишгоҳ (бештарашон, на ҳамаашон), кормандони Окодемии улум, рӯзноманигорон ва хулоса нухбаҳои кишвар ва ҳамчунин шумори қобили таваҷҷӯҳе аз шаҳрвандони кунунии Тоҷикистон дар ин замина кадом аст? Яъне, онҳо “обод ва пешрафта будан”-и кишвар ва “зиндагии шоиста” барои тоҷикистониҳоро дар чӣ чизе мебинанд?

Донистани ин воқеият, ба назарам чандон душвор нест. Яке ду рӯз пеш, ҷаноби Ҳафиз Бобоёров дар як ёддошт, ба матлаби бисёр ҷолибе ишора намуд. Ӯ дар ҳошияи баҳси “Бедил ва корманди илм”, бо баёни ин ки “ман ин системаро муддати қариб 20 сол аз дохилаш шинохтаам”, хотирнишон кард: “Дар ошкоргӯии ин “ходими илм” аққалан ду мушкилии асосии система фош гардидааст: якум, ҷудоӣ ва ҳатто душманӣ дар байни илмҳо. “Ходими илм” мегӯяд, ӯ мутахассиси илмҳои дақиқ аст ва барояш фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ беаҳамият мебошанд. Ҳатто бовар дорад, ки фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ барои рушду инкишофи ҷомеа зарур нестанд.” Феълан коре ба мушкили дуввумӣ надорем.

Аз гуфтори ин корманди илм – ки ба гуфтаи ҷаноби Бобоёров, андешаи хосси вай набуда, балки бештари кормандони илм ва дастандаркорони кишварӣ чунин меандешанд – метавон ба суҳулат ва осонӣ дидгоҳи онҳоро дар бораи “ободӣ ва пешрафт” ва “зиндагии шоиста” истинбот кард. Онҳо фикр мекунанд, ободӣ ва пешрафти кишвар ба ин аст, ки масалан Тоҷикистон аз назари иқтисодӣ, ҳарчи зудтар ба пойи кишваре мисли Куреи ҷанубӣ (ба унвони намуна арз мекунам) бирасад, ва барои ноил омадан ба ин ҳадаф, бояд рӯи улуми ба истилоҳ “дақиқ” мисли физик, шимӣ, ҳандаса ва риёзӣ ва ғайра мутамаркиз шуд, на улуме мисли фалсафа ва ҷомеашиносӣ, ки бароямон на корхона месозад, на мошин тавлид мекунад, на мушак (ракета) месозад, балки як мушт назарияҳо ва дидгоҳҳои зеҳнӣ ва “сафсата” беш нестанд, ки ба дарди ҷомеа намехӯранд.

Мутаассифона, якчунин тасаввуре, на танҳо хосси кормандон ва дастандаркорони кишварӣ аст, балки шумори қобили таваҷҷӯҳе аз мардуми оддӣ низ (дар натиҷаи таҳти таъсири афкори нухбаҳои ҷомеа қарор гирифтан) чунин меандешанд. Шумо дар ҳамин фазои маҷозӣ мебинед, вақте як баҳси фалсафӣ ва ё ҷомеашиносӣ ё динӣ матраҳ бишавад, андак нестанд афроде, ки ба шумо ин эродро матраҳ мекунанд, ки ин матолиб, ки мегӯӣ, оё шиками мардумро сер мекунад? Яъне, тараф фақат ба дунболи он аст, ки шикамаш сер бошад, аммо ин ки масалан забони модариаш ба номе дигар хонда шавад ва таърихаш таҳриф шавад, барояш кучактарин аҳаммияте надорад. Зеро, аз назари вай, забонаш чӣ “тоҷикӣ” хонда шавад ё “форсӣ”, дар вазъи шикамаш аз назари серӣ ва гуруснагӣ тағйире эҷод намешавад.

Ин тарзи тафаккур бисёр хатарнок аст, ки вақте дар як ҷомеа ниҳодина шавад, он ҷомеа ба тадриҷ аз дарун мепӯкад ва фурӯ мерезад; мардумони он ҷомеа ба муште одамони беҳувият табдил хоҳанд шуд, ки аз зиндагӣ ҳадафе ҷуз таъмини мояҳтоҷи шикам ва ду ваҷаб поинтар аз шикам нахоҳанд дошт.

* * *

Ҳол, маншаи ин тарзи тафаккур чист? Яъне, аз куҷо нашъат гирифта?

Сарчашмаи ин тарзи тафаккур, тасаввури тараф дар бораи ИНСОН аст. Аз назари вай, инсон ҷуз як “чорпои оқил” нест ва тафовути инсон бо як чорпо дар ин аст, ки одамӣ аз нерӯи таъаққул бархӯрдор аст ва чорпо аз он маҳрум аст, дигар ҳеч. Ва ҳамон тавр, ки чорпо ҳадафаш таъмини мояҳтоҷи шикам ва зери шикам аст ва дигар дағдағае надорад, ҳамин тавр инсон низ ҳадафе ҷуз таъмини эҳтиёҷоти шикам ва ду ваҷаб поинтар аз шикам надорад. Ва хулоса, маншаи ин тарзи тафаккури хатарнок, тасаввури мо дар бораи ИНСОН ва моҳияти ӯст.

Инак, суол ин аст, ки воқеан ИНСОН чист? Моҳият ва чистии ИНСОН кадом аст? Оё фақат ҳамин ҷасади моддӣ ва гӯшту пӯсту устухон аст мисли соири ҳайвонот бо ин тафовут, ки ақл дорад ва дорои андеша ва фикр аст? Ё чизе фаротар аз он аст? Ва агар чизе фаротар аз он аст, кадом илму фанн аст, ки ӯҳдадори баҳсу гуфтугӯ дар бораи он аст?

Баҳс дар бораи чистӣ ва моҳияти ИНСОН, баҳси бисёр доманадор аст, дар як мақола наметавон ҳамаи ҷанбаҳои онро баррасӣ кард. Ва илме ҳам, ки ӯҳдадори баҳс дар бораи ИНСОН аст, фалсафа аст; ҳамон донише, ки аз назари бисёре аз кормандони илм дар Тоҷикистон, “барои рушду инкишофи ҷомеа зарур нестанд”.

Дар ин мақола, чунонки дар боло ёдовар шудам, ба суроғи Мавлоно меравем, то бибинем, ИНСОН аз назари ҳазрати Мавлоно чист?

* * *

Инсон аз назари Мавлоно

Агар аз Мавлоно бипурсем, ки инсон чист, ӯ дар посух намегӯяд инсон мавҷудест, ки мехӯрад, меошомад, мехобад, бо ҷинси муқобил меомезад ва албатта аз нерӯи ақл ҳам бархӯрдор аст. Ҷавобаш ин нест. Ва ҳатто таърифи роиҷ дар миёни фалосифаи куҳанро, ки мегӯянд, инсон “ҳайвони нотиқ” аст-ро қабул надорад. Нотиқ яъне тафаккуркунанда. Зеро тибқи ин таъриф, миёни Фиръавн ва Мӯсо (а) масалан, дар асли инсоният тафовуте вуҷуд надорад; тафовуташон фақат ба ин аст, ки Фиръавн инсоне бад аст, вале Мӯсо инсоне хуб. Мавлоно ин таърифро қабул надорад.

Аз назари Мавлоно, Фиръавн ва Мӯсо, дар моҳият, ду зоти ҷудогона ҳастанд; на зоти воҳид, ки дар сифатҳо бо ҳам ихтилоф дошта бошанд. Ба сухани дигар, аз назари Мавлоно, одамҳо дорои як моҳияти муштарак нестанд, ки битавон таърифи ҷомеъе барояшон пайдо кард. Бар хилофи соири мавҷудот мисли “дарахт” ё “саг” ва ё “санг”, ки дорои моҳияти муштарак ҳастанд. Як саг аз ҳамон оғози ба дунё омадан, як саг аст. Як дарахт аз ибтидо як дарахт аст. Аммо инсон аз назари Мавлоно чунин нест.

Агар аз Мавлоно бипурсед: ман чистам? Посух медиҳад: ту ба ман бигӯ дар бораи чӣ меандешӣ, то бигӯям чистӣ.

Агар дар бораи ҳақиқат меандешӣ, ту ҳақиқатӣ, агар дар бораи Худо меандешӣ, ту мисоли Худо ҳастӣ. Аммо агар дар бораи коре меандешӣ, ки кори як саг аст, ту саг ҳастӣ. Агар фикрат фақат хӯрдану ошомидану омезиш кардан бошад, ту як ҳайвон ҳастӣ:

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ

В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.

Дар Девони Шамс низ дар рубоъие мегӯяд:

То дар талаби гавҳари конӣ, конӣ

То дар ҳаваси луқмаи нонӣ, нонӣ

Яъне ту агар дар ҷустуҷӯи як маъдани заминӣ ва як ҷамод ҳастӣ, ҷамодӣ, ва агар фикрат фақат сер кардани шикам бошад, ту ҳамон чизе ҳастӣ, ки вориди шикамат мешавад, яъне нон масалан.

Ин нуктаи рамз агар бидонӣ, донӣ

Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.

Яъне ҳар чиро ҷустуҷӯ мекунӣ, ту ҳамон ҳастӣ.

Одамӣ дид асту боқӣ пӯст аст,

Дид он аст, он ки диди Дӯст аст.

Инсон дар ҳақиқат дида аст ва мобақӣ пӯст аст. Ва он дидае дида аст, ки Худоро бибинад.

Тавзеҳи матлаб ин, ки: ҳар мавҷуде, ки офарида мешавад ва по ба арсаи ҳастӣ мегузорад, моҳияташ ҳамон аст, ки офарида шуда, ба ҷуз инсон. Зеро инсон пас аз офарида шудан, ин ки чӣ бошад ва чӣ гуна бошад, барояш тоза оғоз мешавад. Ва ба сухани дигар ва ба гуфтаи шаҳид Мутаҳҳарӣ, “инсон он чизе нест, ки офарида шудааст, балки он чизест, ки худаш бихоҳад бошад; он чизест, ки маҷмӯи омилҳои тарбиятӣ ва аз он ҷумла ирода ва интихоби худаш, ӯро бисозад.”

Албатта, дар ғарб низ дар қарни 19 ва 20, шуморе аз фалосифа ба ҳамин бовар расиданд, яъне эгзистонсиёлистҳо. Мактаби Эгзистонсиёлизм (Existentialism = Экзистенциализм), яке аз охирин мактабҳои фикрӣ ва фалсафаии ғарбӣ аст. Ин мактаби фалсафӣ мегӯяд:

Инсон як вуҷуди бемоҳият аст ва худ бо интихоби роҳи худ, ба худ моҳият мебахшад.”

Ба ғайр аз Мавлоно, Мулло Садро (Садрулмутааллиҳин) низ назараш ҳамин буд. Ӯ дар “Асфор” мегӯяд:

Инсон навъ нест, анвоъ аст, балки ҳар фард аҳёнан ҳар рӯз навъе аст ғайр рӯзи дигар.”

* * *

Пас, натиҷа ин ки: мо тоҷикҳо барои он ки кишвар ва ҷомеаамон “обод ва пешрафта” бошад ва аз “зиндагии шоиста” бархӯрдор бошем, илова бар ин ки ба ҷанбаҳои зоҳирии инсон таваҷҷӯҳ кунем, ки албатта зарурат доранд, мисли ин ки аз назари иқтисодӣ пешрафта бошем ва аз қофила ақиб намонем, ҳамчунин бояд ИНСОН бошем. Инсон будан, ба ҳамин осонӣ ва роҳатӣ муяссар нест. Ва муқаддимаи инсон будан ҳам, шинохти инсон аст, яъне шинохти худамон аст, ки чистем?! Ва улуме, ки ӯҳдадори ин масъала ҳастанд, улуми инсонӣ (гуманитарӣ) ҳастанд, ба хусус фалсафа ва улуми динӣ.

Ин нуктаро ҳам дар поён лозим аст ёдовар шавам, ки вақте мегӯем, таваҷҷӯҳ ба улуми инсонӣ зарурат доранд ва ба ҷанбаи инсонии инсон таваҷҷӯҳ намоем, бад-ин маъно нест, ки ба улуми “дақиқ” (ба гуфтаи он корманди илм) бетаваҷҷӯҳ бошем. Ҳаргиз! Суитафоҳум пеш наояд. Исботи чизе ҳаргиз нафйи ғайри онро намекунад. Бояд ҳар ду дар як ҷомеаи солим мавриди таваҷҷӯҳ бошанд. Инро борҳо дидам, ки вақте шумо бар матлабе таъкид мекунед, каҷфаҳмҳо таъкиди шумо бар он чизро ба маънои нафйи ғайри он тафсир мекунанд. Ба унвони намуна, вақте ба қарори ҳукумат дар масъалаи адами ҳузури навҷавонон ба масоҷид эътироз шуд, як идда каҷфаҳм фарёд сар доданд, ки: ислом ба масъалаи омӯзиш бештар таъкид карда ва гуфтааст, тафаккур ибодат аст!

Хуб, ин чӣ рабте ба ин дорад, ки навҷавони мусалмон ба масҷид омада намозашро бо ҷамоат бихонад?! Оё Паёмбари Акрам (с), ки фармуданд, тафаккур ибодат аст, лузуман гуфтаанд, ки ба масҷид наойед?! Оё ин ду қобили ҷамъ нест?!

Гузашта аз ҳамаи инҳо, асосан як баҳси бисёр муҳимми дигар матраҳ аст, ки оё метавон улуми инсонӣ (гуманитарӣ)-ро аз улуми “дақиқ” (ба қавли он корманд) ҷудо ангошт? Яъне, оё имкон дорад дар улуми “дақиқа” бидуни таваҷҷӯҳ ба улуми инсонӣ пешрафт ҳосил шавад?! Ин худаш як баҳси ҷудо ва бисёр дилкаш аст, ки дар фурсати дигар баён хоҳем кард.

Ба ҳамин миқдор аз баҳс иктифо мекунам, мақола як каме тӯлонӣ шуд ба назарам.

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бишнав аз най..., Маснавии Маънавӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: