Одил Ҷубайр: “Риёз нақшаи роҳе барои оддисозии равобит бо Исроил дорад”

Вазири хориҷаи Арабистон эълом кардааст, ки Риёз як нақшаи роҳ барои барқарории равобити оддӣ бо Исроил дорад.

Одил Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ, дар мусоҳиба бо шабакаи France24 гуфт: “Арабистони Саудӣ ва Исроил феълан ҳеч гуна равобити расмӣ надоранд, аммо Риёз як нақшаи роҳ бар асоси тарҳи ибтикории арабӣ барои барқарории равобити оддӣ бо Телавив дорад.”

Вазири хориҷаи саудӣ дар ин мусоҳиба ин масъаларо рад кард, ки Арабистони Саудӣ ба Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин фишор ворид карда бошад, то ё тарҳи Вошингтун барои ҳаллу фасли бӯҳрони Ховари Миёнаро бипазирад ё истеъфо кунад.

Ҷубайр дар бораи авзоъи Байтулмуқаддас гуфт: “Мавзеъи мо дар бораи Байтулмуқаддас ҳамвора бисёр шаффоф будааст. Мо ба роҳкори ташкили ду давлат бар асоси қатъномаҳои Созмони Милал ва тарҳи ибтикории сулҳи арабӣ эътиқод дорем. Мо бар ин боварем, ки дар поён, як давлати фаластинӣ дар марзҳои 1967 хоҳем дошт, ки пойтахти он Байтулмуқаддас хоҳад буд. Ин мавзеъи мо будааст, ин мавзеъи мо боқӣ хоҳад монд.”

Вай таъкид кард: “Мо бар ин боварем, ки давлати Тромп барои дастёбӣ ба сулҳ байни исроилиҳо ва аъроб, ҷиддӣ аст.”

Вай изҳор дошт: “Пеш аз он ки Тромп тасмимаш дар бораи Байтулмуқаддасро бигирад, Арабистони Саудӣ бо интишори баёнияе эълом карда буд, ки чунин тасмиме нақзи қавонини байналмилалӣ ва ҳамин тавр қатъномаҳои Созмони Милал аст ва ба нақши Омрико ба унвони миёнҷигари раванди сулҳ, латма хоҳад зад.”

Тарҳи сулҳи арабӣ марбут ба соли 2002 аст ва ҳадафи он, ба эътиқоди Риёз, ҳаллу фасли бӯҳрон байни Фаластин ва Исроил аст.

Охирҳои моҳи ноябр Яъқуб Ноҷил, мушовири собиқи нахуствазири “Исроил” гуфт: “Арабистони Саудӣ эҳтимолан бо ҳар гуна тавофуқ байни Исроил ва Фаластин мувофиқат хоҳад кард, то битавонад равобити наздиктаре бо Телавив дошта бошад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: