Боздошти 9 нафар дар Юнон ба иттиҳоми талош барои терури Ардуғон

Хабаргузории Онотулии Туркия ба нақл аз мақомоти амниятии Юнон эълом кард: “9 узви гурӯҳи теруристи DHKP-C, ки қасд доштанд дар ҷараёни сафари ахири Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ба Отен (Афина), ӯро терур кунанд, боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, масъулони амниятии Юнон гуфтаанд, ки асноди ба даст омада аз 9 узви боздоштшудаи ин гурӯҳи теруристӣ нишон медиҳад, ки онҳо қасди терури Ардуғонро доштаанд.

Бино ба эъломи ин расона, тибқи асноди пулиси Юнон, онҳо мехостаанд бо истифода аз рокет ва бомбҳои дастсоз ба корвони раисиҷумҳури Туркия дар ҷараёни сафари ахири вай ба Отен (Афина) ҳамла кунанд.

Бино ба гузориши Онотулӣ, охирҳои моҳи ноябр пулиси Юнон тайи амалиёте, 9 шаҳрванди туркияии узви ин гурӯҳро дар се хона дастгир карда ва ба мақомоти қазоӣ таҳвил дод, ки яке аз онҳо омили ҳамла ба дафтари марказии Ҳизби адолат ва тавсиа ва ҳамчунин вазорати додгустарӣ дар соли 2013 ва дигаре молики як қоиқи ҳомили муҳиммот аз ҷазираи Сокиз ба Туркия буд, ки дар Юнон боздошт шуд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон раисиҷумҳури Туркия 7 декабри соли ҷорӣ ба Отен (Афина) сафар кард, ки сафари вай аввалин сафари як раисиҷумҳури Туркия ба Юнон пас аз 65 сол буд.

Ин сафар, ки бо ҳадафи беҳбуди равобит миён ду кишвар сурат гирифт, бо таниши лафзии мақомоти ду кишвар дар дидорҳои расмӣ ҳамроҳ буд.

Туркия ва Юнон, ки ҳар ду узви НАТО ҳастанд, бар сари моликияти бархе ҷазоири дарёи Мармара ва Эже ва низ дар хусуси Қибрис ихтилофи амиқ ва дерина доранд.

Ихтилофоти ду кишвари Юнон ва Туркия пас аз пинҳон шудани ҳашт низомии Туркия ва аз авомили кудетои 15 июли 2016 ва худдории Юнон аз истирдоди онҳо ба Туркия, амиқтар шудааст.

Ин низомиён пас аз шикасти кудетои ахир бо як фарванд болгарди низомии Туркия ба ҷазирае дар Юнон дар дарёи Эже пинҳон шуда ва дар хоки кишвари Юнон эъломи паноҳандагӣ карданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: