Нишасти “Фаластин; дарди муштараки ҷаҳони ислом” дар Бишкек (тасовир)

Нишасти “Фаластин; дарди муштараки ҷаҳони ислом” бо ҳузури коршиносон ва фаъолони сиёсӣ ва динии кишварҳои мухталиф, донишҷӯёни мусалмон ва бархе шаҳрвандони фаластинии муқими Қирғизистон дар Бишкек баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Бишкек, нишасти “Фаластин; дарди муштараки ҷаҳони ислом” бо ҳузури коршиносони мазҳабӣ, фаъолони динии кишварҳои мухталиф, донишҷӯёни мусалмон ва бархе шаҳрвандони фаластинии муқими Қирғизистон дар Бишкек баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ҳозирон тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико марбут ба интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудсро фитнае ҷадид дар минтақа донистанд.

Кодир Маликов, коршиноси масоили мазҳабии Қирғизистон, дар ин нишаст изҳор дошт: “Дар ҳоли ҳозир саҳюнистҳо ба дунболи мутақоид кардани мусалмонони ҷаҳон ба беаҳаммиятии масъалаи Фаластин ва Масҷидулақсо ҳастанд ва дар ин ҷабҳа ба бархе муваффақиятҳо низ расиданд.”

Вай идома дод: “Имрӯз бисёре аз мусалмонон аз фишорҳои режими саҳюнистӣ ба мардуми Фаластин иттилоъ надоранд.

Ҳамчунин дар ин нишаст мустанадоте аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ нисбат ба мардуми Фаластин ба намоиш гузошта шуд ва суханронон таърих ва далоили ташдиди даргириҳо дар он минтақаро ба ҳозирон тавзеҳ доданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст масоили дохилии мусалмонони Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки суханронон ба вуҷуди қудратҳо бо ҳадафи густариши исломҳаросӣ ишора карданд.

Илова бар ин, дар ин нишаст, шикояте алайҳи режими саҳюнистӣ таҳия шуд ва ба додситони кулли Қирғизистон ирсол шуд.

Тасовире аз ин нишаст:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: