Перейти к содержимому

Оё ин мо ҳастем, ки Исломро “дине бомудоро” нишон медиҳем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду се рӯз пеш, яке аз дӯстони маҷозиамон, ки барояш эҳтиром қоилам, зери як ёддошти кӯтоҳи банда, матлабе навиштанд, ки ҷо дорад посухе муфассал ба он навишта бишавад, банда он вақт фурсат надоштам бинависам, зеро бо яке ду ҷумла намешуд посухи он дода шавад, ниёз ба як мақолаи муфассал дошт, ки имшаб бароям ин фурсат даст дод ва навиштам.

Ибтидо лозим аст, он ёддошт ва назари дӯстамонро биёварам, сипас ба баёни матлаб мепардозам.

Инак, он ёддошти банда:

Бештари уламо ва донишмандони имрӯзи ҷаҳон эълом кардаанд, ки: идеулужӣ ва роҳи ДОЪИШ рабте ба Ислом надорад, балки як қироат ва бардошти нораво, носаҳеҳ ва воруна аз ин ойини пок аст. Бо ин ҳисоб, чаро касоне ёфт мешаванд, ки исрор доранд бигӯянд, Ислом ҳамон ДОЪИШ, ва ДОЪИШ ҳамон Ислом аст?! Тоза, ин афрод муддаъӣ ҳастанд, ки тарафдори ҳамзистии мусолиматомези пайравони адёни ҷаҳонӣ ва тамаддунҳо ҳастанд, на даргирӣ ва ҷанг миёни онҳо...”

Ва аммо назари дӯстамон:

Домуллои азиз, магар ДОИШ зидди Ислом аст? ДОИШ, ба ману Шумо ё кулли ҷаҳон маъқул набошад ҳам, имрӯз шамшери бараҳнаи Ислом аст. Шариатро ҷорӣ мекунад. Барои Ислом мисли мусулмонони ибтидоӣ меҷангад, ҷиҳод мекунад. Ё биёед набошад кулли торихи Исломро хати бутлон кашем, ки “мо толерантем”? Мантиқи мусулмонони имрӯзро намефаҳмам. Кӯшиш мекунанд, ки ба Ислом ҷомаи насороӣ пӯшонанд. О дар дини Масеҳ Худо гуфта буд, ки “Худоро дӯст доред”, дар Каломи Шариф беш аз 90 бор такрор кард, ки “битарсед аз Худо”. Корҳои Воҷибалвуҷуд ягон ҳикмате дорад. Агар ин тартиб якеро доишу дигареро суннию шиаю … гуфта, аз Ислом берун шумурдан гирем, пас ягон мусулмон намемонад ку…” (С.Б.)

* * *

Посухи матлаби ин дӯстамон аз қарори зайл аст (дар чанд нукта хулоса мекунам):

1) Касоне, ки ақоиду афкори доъишиҳоро айни Ислом мепиндоранд, чӣ аз ноҳияи ин дӯстамон бошад ва чӣ аз ноҳияи дигарон (ки имрӯзҳо андак ҳам нестанд), далели ин пиндор, яке аз ин ду чиз аст (шиққи севвуме надорад): ё ин ки тараф бо Ислом ошност (ҳарчанд андак) ва медонад, ки Ислом бо ақоиду рафтори амсоли доъишиҳо синхияте надорад, вале тараф бо Ислом сари душманӣ дорад ва мехоҳад ба ҳар роҳе ин динро сиёҳ нишон бидиҳад, бинобар ин, ақоиду афкору рафторҳои хушунтаомези амсоли ДОЪИШ барояш беҳтарин дастак аст, то онҳоро алам кунад ва ҷору ҷанҷол роҳ андозад, ки: айюҳаннос! Ислом ҳамин аст, ки мебинед!

Ва ё ин ки, на, иллати ин пиндор аз сари душманӣ бо Ислом нест, балки бандаи Худо бо маорифи исломӣ хуб ошно нест.

Ҳол, мо чун ҳусни ният ба дӯстамон дорем, фарзро бар ин мегирем, ки эшон бо Ислом сари душманӣ надоранд ва балки ин пиндорашон ба далели адами ошноӣ бо Ислом аст. Пас, бо ҳамин фарз, ба посухи ин пиндор мепардозем.

* * *

2) Вақте мегӯем, ДОЪИШ ва амсоли он рабте ба Ислом надоранд, ин ҳарф на аз ҳавост ва на ба хотири он аст, ки Ислом ба гунае будааст ва мо хостаем онро ба гунае дигар ба намоиш гузорем. Ҳаргиз чунин нест! Балки Исломи мо аз ин гуна тарзи тафаккур безор аст, ҳам ба шаҳодати манобеи исломӣ (хусусан Қуръон ва суннат), ва ҳам ба шаҳодати уламо ва муҷтаҳидони исломӣ, аз садри Ислом то ба имрӯз.

Зеро инҳироф (аз роҳ бероҳа шудан) дар ҳар дине (на танҳо Ислом) ва дар тӯли торих рух дода. Яъне инҳироф дар дин, як чизи тозае нест. Бинобар ин, барои он ки бидонем, фалон ақида ва ё рафтор — ки соҳибонаш ба номи дин анҷом медиҳанд – оё бархоста аз матни он дин аст ва ё ин ки инҳироф аз он, мо барои донистани он, меъёр дорем. Ва меъёри мо, чунонки арз шуд, манобеи исломӣ (хусусан Қуръон ва суннат) аст.

Ва агар гуфта шавад, ҳар касе бардоште аз матни дин дорад ва бардошташ барои ӯ ҳуҷҷат аст ва аз ин рӯ, бардошти як доъишӣ, худаш як навъ бардошт аз дин аст ва бардошти дигарон ҳам як навъи дигар аз бардошт. Посухи ин ишкол он аст, ки: дар ҳар матне (на танҳо матни дин), наметавон ҳар бардоштеро қобили қабул донист, балки замоне метавон як бардоштро маъқулу мақбул шумурд, ки бо заруриёти он матн дар тазодд набошад. Заруриёт яъне бадеҳиёт, яъне равшантарин масоил, ки ҳеч ду нафаре пайдо намешавад, ки дар онҳо ду гуна назар иброз бидорад.

Масалан, мумкин аст бардошти Маснавипажӯҳон аз ин байти Мавлоно, ки мегӯяд:

Маснавии мо дукони ваҳдат аст,

Ғайри воҳид ҳар чӣ бинӣ, он бут аст.

— мухталиф бошад. Масалан, яке бигӯяд, манзури Мавлоно аз “ваҳдат” дар инҷо “ваҳдати вуҷуд” аст, ва яке дигар бигӯяд, на, муродаш “ваҳдати шуҳуд” аст. Ин ихтилофи бардошт маъқул аст.

Вале оё мумкин аст Маснавипажӯҳон дар хусуси байти зерини Мавлоно, ки дар бораи бархе аз сӯфиён аст ва мегӯяд:

Ходиъи дарданд дармонҳои жож,

Раҳзананду зарситонон расми бож.

— бардошташон мухталиф бошад? Масалан, яке пайдо шавад ва бигӯяд, бар асоси ин гуфтор, метавон гуфт, ки Мавлоно аз беху бун бо сӯфигарӣ ва мактаби тасаввуф мухолиф будааст, чаро ки мегӯяд, онҳо “раҳзананду зарситонон расми бож”? Оё якчунин бардоште қобили қабул аст?

Ҳаргиз на! Зеро пеши Маснавипажӯҳон ин аз заруриёт ва аз равшантарини масоил аст, ки Мавлонои Балхӣ як сӯфӣ ва як ориф буд. Ин ҷост, ки меоянд ва муроди Мавлоно дар ин байтро тавзеҳу ташреҳ мекунанд, ки масалан манзураш сӯфиёни дурӯғин аст.

Пас, наметавон ҳар бардоштеро саҳеҳ ва дуруст ангошт, на танҳо дар масоили динӣ, балки дар ҳар заминае.

* * *

3) Бо таваҷҷӯҳ ба матлаби боло, вақте мегӯем, ақоиду афкору рафтори ифротгароёнаи доъишиҳо хилофи заруриёти дини мост, бад-он ҷиҳат аст, ки чун барҷастатарин сифати Паёмбари меҳрубони мо (с), ки дар Қуръони Карим зикр шудааст, “раҳмат” (меҳрубонӣ) аст он ҷо, ки мефармояд:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ

Ва туро (эй Муҳаммад!) ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем.” (Сураи Анбиё, ояти 107)

Яъне, ту эй Муҳаммад, мояи раҳмат ва меҳрубонӣ ва таҷассуми раҳмат ва меҳрубонӣ барои оламиён ҳастӣ!

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ

Пас, ба баракати раҳмати илоҳӣ, бо онон нармхӯ ва пурмеҳр шудӣ, ва агар тундхӯ ва сахтдил будӣ, қатъан аз пиромуни ту пароканда мешуданд…” (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Ин ки мегӯем, дини мубини Ислом дини бомудоро ва дини тасоҳулу тасомуҳ аст, инро аз ҷайбамон нагуфтаем, инро ба хотири розӣ кардани дигарон ба ин ки моро “меҳрубон” ва “бомудоро” бихонанд нагуфтаем, балки Паёмбари азизамон (с) ба ин ҳақиқат тасреҳ кардаанд он ҷо, ки фамудаанд:

بُعِثْتُ بِالْحَنِيفِيَّةِ السَّمْحَةِ، أَوِ السَّهْلَةِ، وَمَنْ خَالَفَ سُنَّتِي فَلَيْسَ مِنِّي

Ман бо дине “ҳаниф”, “самҳа” ё “саҳла” фиристода шудам, ва касе, ки бо суннати ман мухолифат кунад, аз ман нест.” (Таърихи Бағдод, ҳадиси 2354) Албатта, ҳамин мазмун дар ривоятҳои дигаре низ бо лафзҳои дигар омада.

Дини ҳаниф яъне дини яктопарастӣ. “Самҳа” яъне богузашт. Решаи тасомуҳ “самҳа” аст. Мефармоянд, ойине, ки ман ба он фиристода шудаам, ойини богузашт ва ботасомуҳ аст. Ва аммо “саҳла” яъне осон. Решаи тасоҳул “саҳла” аст. Мефароянд, дине, ки ман ба он фиристода шудаам, дини осонгир ва ботасоҳул аст, на сахтгир. Вожаи русии “толерантность”, ки шумо ёдовар шудаед, ба форсӣ дақиқан ҳамон аст, ки дар ин ҳадис омада. Яъне, тасомуҳ ва мудоро.

Бинобар ин, агар мо мегӯем, Исломи азизи мо аз ақоиду афкору рафторҳои хушунатбори амсоли ДОЪИШ безор аст, барои он гуфтаем, ки чун ҳеч синхияте бо таълимоти исломӣ надорад ва балки дуруст хилофи таъолими исломӣ аст.

* * *

4) Нуктаи чаҳорум дар бораи “ҷиҳод”. Бале, дини мо ҷиҳод ҳам дорад. Ва бо ин ки “ҷиҳод” дар форсӣ ба маънои “кӯшиш” ва “талош” аст, вале ҷанг аз мисдоқҳои талошу кӯшиш аст. Дар ин шакке нест. Дини мо, дар айни он ки асосаш бар раҳмат ва меҳрубонӣ устувор аст чунонки арз шуд, вале ҷиҳод ба маънои ҷанг, дар он ҳаст.

Ва далелаш ҳам ин аст, ки дини Ислом, дини воқеънигар (реалист) аст, на хаёлпардоз, сару кораш бо воқеиятҳои зиндагии башар аст. Ва воқеияти башар ин аст, ки (чӣ мо бихоҳем ва ё нахоҳем) дар мавориде бояд биҷангад, чорае надорад. Масалан, вақте мутаҷовиз ба шумо таҷовуз мекунад ва бар саратон ҳуҷум меоварад, дини мо намегӯяд, бо мутаҷовиз меҳрубон бош, балки мегӯяд, бояд ӯро сари ҷояш нишонӣ, то дигар ғалате накунад. Дини мо дине нест, ки бигӯяд, вақте касе ба як тарафи чеҳраат силӣ зад, ту тарафи дигари онро барояш бинеҳ, то боз бизанат! Ҳаргиз! Дини мо дине нест, ки инсонро ба хорӣ ва зиллат бикашонад.

Ҳол, ҷиҳоде, ки Ислом мегӯяд, чӣ мавқеъе бояд бошад? Ба ин оят, ки аз нахустин оятҳои фармон ба ҷиҳод ба маънои ҷанг аст, таваҷҷӯҳ бифармоед:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ. الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِن دِيَارِهِمْ بِغَيْرِ حَقٍّ إِلَّا أَن يَقُولُوا رَبُّنَا اللَّهُ

Ба касоне, ки ҷанг бар онон таҳмил шудааст, рухсат (-и ҷиҳод) дода шудааст; чаро ки мавриди зулм қарор гирифтаанд, ва албатта Худо бар пирӯзии онон тавоност. Ҳамон касоне, ки баноҳақ аз хонаҳояшон берун ронда шуданд. (Онҳо гуноҳе надоштанд) ҷуз ин ки мегуфтанд, Парвардигори мо Худост!..” (Сураи Ҳаҷ, ояти 39-40)

Пас, пурвозеҳ аст, ки “ҷиҳоде”, ки Ислом аз он мегӯяд, метавон онро ба забони имрӯз “дифоъ” номид. Ояти мавриди назар, ки аз нахустин оятҳо дар мавриди ҷиҳод аст, тасреҳ мекунад, ки вақте ҷанг бар шумо, эй мусалмонон, таҳмил шуд ва мавриди ситам қарор гирифтед ва бе ҷиҳат аз хонаву кошонаатон ронда шудед, шумо иҷоза доред силоҳ ба даст гиред ва аз худатон ва аз киёнатон ва аз зану баччаатон дифоъ намоед.

Хуб, оё ин номаъқул аст?! Равшан аст, ки дифоъ аз номус, дифоъ аз ватан, дифоъ аз зану бачча ва дифоъ аз худ, ин як амри бадеҳӣ аст ва ба ҷуз инсони фурӯмоя касе мункири он нест. Асосан, оё боре шуда аз худатон бипурсед, ки чаро ҳамаи кишварҳо ва ҷавомеъ артиш доранд? Оё корашон номаъқул аст? Пурравшан аст, ки дунё аз одамони шарур холӣ набуда ва нест ва ҳамеша ва дар тӯли таърих одамони шарур ва ҳайвонсифат вуҷуд доштаанд, ки ба дигар кишварҳо бе ҷиҳат лашкар кашида ва мардумони бегуноҳро ба хоку хун кашидаанд. Дар ин сурат, вазифаи инсони оқил ва ҷомеаҳое, ки ба худашон эҳтиром қоиланд, чист? Оё дар муқобили мутаҷовиз сар хам мекунанд, ё барои дифоъ аз киёни худ меҷанганд?

Ҷиҳод моҳияташ ҷуз ин нест. Ислом намехоҳад мусалмонон хору залилу сарафканда бошанд, балки мехоҳад мусалмонон азиз ва сарбаланд бошанд. Ва лозимаи иззату сарбаландӣ он аст, ки ту ҳамеша барои дифоъ аз худат, дифоъ аз ватанат, дифоъ аз киёнат, дифоъ аз номусат омода бошӣ… Дини мо ин аст. Аммо касоне, ки мӯътақиданд, бояд бо мутаҷовиз меҳрубон буд, бигузор бошанд, динашон нӯши ҷонашон!

* * *

5) Ин ки дар боло гуфтам, инҳироф дар дин як чизи тоза нест, балки дар ҳамаи адён аз ҷумла Ислом иттифоқ афтода, инро ҳатто Паёмбари азизамон (с) бароямон хабар додаанд. Ба ин ривоят, ки Наъим ибни Ҳаммод дар китоби “Фитан”-и худ аз ҳазрати Алӣ (к) нақл карда, таваҷҷӯҳ бифармоед:

عَنْ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: إِذَا رَأَيْتُمُ الرَّايَاتِ السُّودَ فَالْزَمُوا الْأَرْضَ فَلَا تُحَرِّكُوا أَيْدِيَكُمْ وَلَا أَرْجُلَكُمْ، ثُمَّ يَظْهَرُ قَوْمٌ ضُعَفَاءُ لَا يُؤْبَهُ لَهُمْ، قُلُوبُهُمْ كَزُبرِ الْحَدِيدِ، هُمْ أَصْحَابُ الدَّوْلَةِ، لَا يَفُونَ بِعَهْدٍ وَلَا مِيثَاقٍ، يَدْعُونَ إِلَى الْحَقِّ وَلَيْسُوا مِنْ أَهْلِهِ، أَسْمَاؤُهُمُ الْكُنَى، وَنِسْبَتُهُمُ الْقُرَى، وَشُعُورُهُمْ مُرْخَاةٌ كَشُعُورِ النِّسَاءِ، حَتَّى يَخْتَلِفُوا فِيمَا بَيْنَهُمْ، ثُمَّ يُؤْتِي اللَّهُ الْحَقَّ مَنْ يَشَاءُ

Замоне, ки парчамҳои сиёҳро дидед, дастону пойҳои худро ҳаракат надиҳед (яъне аз ҷои худ ҳаракат накунед; ба ин маъно, ки даъвати онҳо ботил аст ва набояд ба кӯмаки онон биштобед). Сипас гурӯҳе заъиф зоҳир мешаванд, ки ба онон таваҷҷӯҳ намешавад; қалбҳояшон монанди оҳан сахт аст, онҳо дорои давлат ҳастанд, ба ҳеч аҳду паймоне вафо намекунанд, ба сӯи ҳақ фаро мехонанд, дар ҳоле, ки аҳли он нестанд, номҳояшон куния аст (мисли Абӯубайда, Абӯбакр, Абӯлвалид, Абӯ.. Абӯ..) ва нисбатҳояшон шаҳру рустоҳост (Чеченӣ, Шомӣ, Ӯрдунӣ, Бағдодӣ ва ғайра…), мӯи сари онон мисли мӯи сари занон раҳост, то ин ки дар байни худ ихтилофи назар пайдо мекунанд ва сипас Худованд ҳақро ба касе, ки бихоҳад медиҳад.”

Ва ҳатто дар даврони хилофати ҳазрати Алӣ (к) низ иддае зуҳур карданд, ки ҳамаи мусалмононро бидуни истисно кофир мехонданд, ҳатто ҳазрати Алӣ (к)-ро низ кофир медонистанд ва алайҳи он ҳазрат шамшер кашиданд ва ҳазрат ҳам ҳамаи он мунҳарифҳоро нобуд сохт. Номи ин гурӯҳ дар таърих ба “Хавориҷ” маъруф аст.

Аҷиб он ки ин гурӯҳ бисёр хушкмуқаддас буданд ва миёнашон қориёни Қуръон ҳам зиёд буд ва фикр мекарданд, Исломро фақат онҳо фаҳмидаанд, на Алӣ (к) ва на соири саҳоба. Дар бораи онҳо омадааст, ҳазрати Алӣ (к) Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро ба сӯи онҳо фиристод, то насиҳаташон кунад ва даст аз лаҷоҷат ва нафаҳмӣ бардоранд. Вақте Ибни Аббос аз назди онҳо баргашт, ҳазрат пурсид, онҳоро чӣ гуна ёфтӣ? Ибни Аббос гуфт: бар қавме ворид шудам, ки:

لهم جباه قرحة لطول السجود، وأيد كثفنات الإبل، عليهم قمص مرحضة وهم مشمرون

Пешониҳояшон аз зиёдии саҷда захмӣ шуда ва дастонашон мисли зонуи шутур баста шуда ва либосҳои кӯҳнаи зоҳидона ба тан доранд ва аз ҳама болотар, қиёфаи бисёр мусаммам доранд…” (Ал-ъиқдул-фарид, 2/389)

Яъне гурӯҳе, ки ба Ислом алоқаманд буд, ба Ислом мӯъмин ва мӯътақид буд, аммо фақат зоҳири Исломро мешинохт, бо руҳи Ислом ошно набуд, гурӯҳе, ки ҳар чӣ фишор меовард, фақат рӯи масалан намоз хондан буд, на рӯи маърифат, на рӯи шиносоии аҳдофи исломӣ. Як гурӯҳи муқаддасмаоб ва зоҳидмаслак, ки пешониҳояшон аз зиёдии саҷда пина баста буд, кафи дастҳо ва сари зонуҳояшон аз бас, ки дар рӯи заминҳо сарҳоро ба саҷда гузошта буданд ва дастҳо ва зонуҳоро рӯи хокҳо қарор дода буданд ва саҷдаҳои бисёр тӯлонӣ карда буданд, пина баста буд… Бо ин ҳама, фикру андешаашон хароб буд ва мунҳариф буданд. Якчунин гурӯҳҳое дар таърихи Ислом кам набуданд. Ва бузургони дини мо бо онҳо мубориза ва решаашонро хушк карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: