Ҳамлаи бесобиқаи рӯзномаҳои саудӣ ба Ардуғон

Рӯзномаи давлатии Уккози Арабистон бо ҳамлаи шадид ба раисиҷумҳури Туркия навишт: “Байни Ардуғон ва Эрон тафовуте нест ва ҳар ду хоҳони маҳви кишварҳои арабии халиҷи Форс ҳастанд.”

Ба навиштаи рӯзномаи Уккоз, аз замони пирӯзии Раҷаб Тайиб Ардуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия, масъалаи эҳёи имперотурии Усмонӣ аз руъёҳои аслии вай будааст, ки дар суханрониҳои мухталиф ба он ишора мекунад. Аммо Ардуғон дар тайи масире, ки мунтаҳӣ ба чунин ҷойгоҳе барои кишвараш шавад, қадамҳои дурусте барнадошт. Барои намуна, ба ҷои барқарории равобити наздик бо давлатҳои араб ва халиҷи Форс, дар ҷараёни инқилоби Миср мавзеъи мухолиф бо Ассисиро баргузида ва аз Ихвонулмуслимин дифоъ кард.

Ин рӯзномаи давлатии Арабистон овардааст: “Илова бар ин ки аз узвияти Туркия дар НАТО истифодаи лозимро накард ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ночор шуд барои мубориза бо теруристҳои ДОЪИШ дар Риққа, вориди эътилоф бо курдҳои Сурия шавад, дар ин миён, Ардуғон доиман курдҳои дохили Туркияро таҳдид ба ҷанг мекард.”

Уккоз дар идомаи ҳамла ба Ардуғон, ба Эрон низ ҳамлавар шуда ва менависад: “Вақте дар ниятҳои воқеии Ардуғон таъаммул мекунем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки тафовути зиёде байни тарҳҳои ӯ ва тарҳҳои “тавсиаталабона”-и форсҳо нест. Ҳадафи аслии ҳар ду, маҳви миллатҳои минтақаи арабӣ ва халиҷи Форс барои ҳукумат кардан бар ин кишварҳост ва ин амр ҳаргиз муҳаққақ нахоҳад шуд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: