Низоми иқтисодии ислом (10)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши чаҳорум: Арзиши изофӣ (1)

Дар сафҳаи 50 (китоби “Усули илми иқтисод”) таҳти унвони “Арзиши изофӣ” мегӯяд:

Мо то ин ҷо дар мутолеа ва таҷзияву таҳлили қонуни арзиш, фақат системи иқтисоди содда тиҷориро дар назар гирифтем. Яъне системе, ки дар он, тавлидкунандагони каммоя молики васоили тавлид ҳастанд ва аз фурӯши маҳсули кори худ зиндагӣ мекунанд. Дар чунин системе мақсуд аз мубодилаи колое бо колои дигар он аст, ки яке аз эҳтиёҷоти онии мубодилакунандагонро бароварда созад.

Инак, ба мутолеаи қавонини идоракунандаи иҷтимои сармоядорӣ мепардозем.

Агар мубодилотеро, ки дар иҷтимои кунунӣ сурат мегирад, ба назари диққат бингарем, мебинем бо мубодилоте, ки дар иқтисоди соддаи қадимӣ сурат мегирифт, тавфири бисёр дорад.

Дар яке аз мағозаҳои як шаҳр дохил шавед…

Аз тарафи дигар, дар замони кунунӣ мебинем мақсуде, ки аз мубодилаи колоҳо мутасаввар аст ва низ формули ин мубодила, тағйир пайдо кардааст. Дар иқтисоди тиҷорӣ (-и содда) формули мубодила ин буд: “коло – пул — коло”… Вале дар иқтисоди тиҷории сармоядорӣ, ҷараёни мубодила бо пул шурӯъ мешавад ва ба пул хатм мегардад. Ва формули куллӣ ба ин сурат дармеояд: “пул – кало – пул” (аммо пули дуввум наметавонад мусовии пули аввал бошад, вагарна сармоядор иқдом ба чунин мубодилае намекунад)… Бад-ин тариқ формули хосси ҷараёни мубодила дар иқтисоди сармоядорӣ чунин мешавад: “пул – коло – пул + пул”.

Инак, ин пурсиш пеш меояд, ки ин маблағи изофӣ (пул) аз куҷо меояд?… Дар ваҳлаи аввал ин посух худ ба худ ба забон меояд, ки ин маблағи изофӣ — ё бино ба истилоҳи умумӣ, ин суд — аз изофа кардани баҳои аслии коло ба даст меояд. Ҳоло бояд мутолеа кунем ва бибинем ин посух то чӣ андоза мантиқӣ ва саҳеҳ аст?..

Дар ин ҷо лозим аст тазаккур дода шавад, ки баёни фавқ, ҳам шомили сармоядорӣ ба маънии корхонадорӣ аст ва ҳам шомили сармоядорӣ ба маънии тиҷорати куллӣ аст, зеро дар ҳар ду маврид ҷараёни “пул — коло – пул” аст ҳарчанд ин ду мухталиф ба назар мерасанд. Корхонадорӣ истисмори нерӯи коргар ба сурати харидани худи нерӯст, вале тиҷорат, дар даст гирифтани қимати бозор аст, ки аз тавлидкунанда матоъеро, ки тавлид карда мехарад, на нерӯи кори ӯро, ва матоъеро, ки лозим дорад ба қимати аъло ба ӯ мефурӯшад; восита аст миёни тавлидкунанда ва масрафкунанда, ва ба воситаи тасаллут бар бозор, маҳсули кори тавлидкунандаро, ки масрафкунанда низ ҳаст, ба худ ихтисос медиҳад. Дар оянда иншоаллоҳ дар фарқ миёни ин ду баҳс хоҳем кард.

(Баҳсашро чунин идома медиҳад, сафҳаи 51:)

Таҷзия ва таҳлили қонуни арзиш ба мо собит кард, ки баҳои коло дар ҷараёни навасоноти худ он қадр болову поин меравад, то худро бо сатҳи арзиш ва ё “замони иҷтимоъан лозим”, ки барои тавлиди он коло ба кор рафтааст ҳамсатҳ намояд. Дар пеш дидем ҳамин ки баҳои колое ба ҷиҳоте аз сатҳи арзиши он коло болотар меравад, тавлидкунандагон аз ҷиҳати суди фаровоне, ки дар тавлиди он коло мебинанд дар тавлиди он кӯшиши бисёр мекунанд ва ба қадре тавлиди он коло афзоиш меёбад, то дубора баҳои он аз сатҳи арзиш поинтар биафтад. Бад-ин ҷиҳат тавлидкунандагон аз тавлиди он даст бармедоранд ва ба тавлиди колоҳои дигаре мепардозанд.

Ин тағйироти баҳо, ки бо ҷазру мадди сармоя ҳамроҳ аст он қадр идома хоҳад дошт, то баҳо ва арзиши коло бо ҳам мутобиқат кунанд…

Дар ин ҷо аз қонуни арзаву тақозо ба унвони як қонуни таъйинкунандаи арзиши воқеӣ ном бурда шудааст. Мутобиқи назари боло, ҳамеша қимати бозор — магар истисноъан — қимати воқеӣ аст, яъне муодил аст бо баҳои коре, ки дар он коло масраф шудааст.

(Идома медиҳад, сафҳаи 52:)

Бинобар ин, навасоноти арзаву тақозо наметавонанд сарчашмаи манофеи тавлидкунандагонро ба мо нишон бидиҳанд, балки фақат метавонанд тағйироти ғайримутараққаб ва муваққатиро, ки дар тақсими ин манофеъ байни тавлидкунандагони мухталиф пеш меояд, барои мо баён намоянд… Шояд пайдоиши ин манофеъ натиҷаи он аст, ки фурӯшандагон ҳамеша колои худро ба қимати болотар аз арзиши он мефурӯшанд. Ин фарзия ҳам мантиқӣ ва саҳеҳ нест, чаро? Барои ин ки ҳеч тавлидкунанда ва ё бозаргоне вуҷуд надорад, ки ҳамеша фурӯшанда бошад…

Ҷавоб ин аст, ки ин дар сурате аст, ки бозаргон бихоҳад аз бозаргони дигар ё аз сармоядори дигар бихарад ва баъд ҳам ба бозаргони дигар бифурӯшад, дар сурате, ки бозаргон маъмулан восита аст миёни тавлидкунандаи ҷузъ ва масрафкунанда, ҳаддиақал восита аст миёни тавлид кунанда – ҳарчанд сармоядор бошад — ва масрафкунанда. Бозаргон ба воситаи дар инҳисор гирифтани бозори фурӯш ва ё ба воситаи адами қудрати масрафкунанда барои харидани биловосита аз тавлидкунанда, аз қудрати худ ва заъфи масрафкунанда суистифода намуда қиматро дар ихтиёри худ қарор дода ба ду баробари он чӣ харидааст мефурӯшад.

(Идома медиҳад, сафҳаи 52:)

Боре ҳар қадр ба худ заҳмат диҳем ва бихоҳем ба воситаи таҷзия ва таҳлили ҷараёни мубодила сарчашмаи судро биёбем, ҷуз итлофи вақт фоидаи дигаре надорад ва ба кучактарин натиҷае нахоҳем расид. Ҷараёни мубодила сарчашмаи суди тавлидкунандагон нест…

Албатта мубодила наметавонад арзиш эҷод кунад магар ба миқдори коре, ки восита анҷом дода. Он кор камман ва махсусан кайфан дорои арзиш аст. Тиҷорат, холӣ аз як нубуғ нест, вале дар матн кӯшиш шуда, ки тоҷирро рубояндаи изофаи арзиши тавлидкунанда муаррифӣ кунанд, зеро тибқи мафрузоти матн, бозор ҳамеша бозори воқеӣ аст ва қиматҳо табиӣ аст; дар сурате, ки қаблан ишора кардем, ки тоҷир қодир аст бозори маснуӣ эҷод кунад ва дар натиҷа масрафкунандаро истисмор намояд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: