Фалсафа ва равиши реализм (141)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (9)

Матни мақола

Озмоиш дар такомули ҷаҳон

Қонуни номбурда чунонки дар фалсафа мусаллам ва мавриди қабул аст, донишмандони улуми имрӯза низ ӯро пазируфтаанд; зеро озмоишҳое, ки дар мавриди инсон ва ҳайвон ва набот дар фунуни марбут ба онҳо анҷом гирифта нишон медиҳад, ки ин анвоъ дар як ҳол қарор нагирифта пайваста ба сӯи такомул такопӯ менамоянд ва эҳтиёҷот ва навоқиси табиии худро рӯз ба рӯз беҳтар таъмин мекунанд ва ҳамвора бо табиат мубориза доранд, ва махсусан кунҷковӣ дар зиндагонии мумтадд ва таърихии навъи инсон ва муқоисаи инсони имрӯза бо инсони аввалӣ, ин ҳақиқатро равшантар месозад. (1)

Вале бояд донист:

Мавриди ин озмоиш нисбат ба ҷаҳони паҳновари табиат чунон кучаку ночиз аст, ки пиндори мо аз андозагирии он забун мебошад, ва аз ин рӯй чунин озмоишро сарчашмаи як ҳақиқати фалсафӣ аз қабили сайри такомулии ҷаҳон намешавад қарор дод. Гузашта аз ин, ки қисмати муҳимми ин озмоиш мавзӯи пешрафти иҷтимоӣ аст, ки аз мавзӯи баҳси фалсафа басе дур аст. (2)

* * *

Таълиқот:

(1) Яке аз масоиле, ки дар қуруни ахир фавқулъода мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шудааст, такомули иҷтимои инсонӣ аст. Ҳамон тавре, ки фард рушд мекунад ва такомул меёбад, иҷтимоъ низ рушд мекунад ва такомул меёбад.

Рушду такомули иҷтимоъ ва ин ки зиндагии такомулёфтаи башарӣ аз аввал ба ин ҳолат, ки ҳаст набуда матлабе аст, ки аз қадим мавриди таваҷҷӯҳ будааст. Ибни Халдун дар фаслҳои мухталифи “Муқаддима”-и таърихи хеш бо исрори зиёд иддаъо мекунад, ки зиндагии шаҳрӣ ва маданӣ зоидаи зиндагии бадавӣ ва ваҳшиёна аст. Вай тибқи усули хосси худ қонунҳои интиқол аз зиндагии бадавӣ ба зиндагии шаҳрӣ ва татаввуротеро, ки табъан дар давраи баъд пайдо мешавад то мунтаҳӣ ба пирӣ ва сипас марг ва инҳидоми он мегардад, зикр мекунад.

Уламои ҷадид зиндагии башарро аз лиҳози навъи маош ба давраҳои сайёдӣ ва кишоварзӣ ва тиҷорат ва санъат, ва аз лиҳози низоми иҷтимоӣ ба давраҳои иштирокии аввалия ва бардадорӣ ва сармоядорӣ ва иштирокият (сотсиализм), ва аз лиҳози васила ва абзор ба аҳдҳои ҳаҷар, оҳан, атом, фазо тақсим кардаанд ва аз лиҳози навъи ҳукумат ва ғайра тақсимоти дигаре метавон кард. Ба ҳар ҳол, қадри мусаллам ин аст, ки зиндагии иҷтимоии инсон, бар хилофи зиндагии иҷтимоии ҳайвоноти иҷтимоӣ аз қабили занбӯри асал ва мӯрча ва мӯриёна, мутатаввир аст.

Ҳерберт Спенсер мегӯяд:

Ҳайати маданият монанди тани як шахс аст, ки барои вазоифи мухталифи зиндагӣ олот ва аъзои хосс дорад ва онҳо дар оғоз содда ва ғайримутанаввеъанд ва ҳар чӣ пеш меравад тӯлу тафсил пайдо мекунанд ва танаввӯъ меёбанд ва ҳамбастагии онҳо ба якдигар афзун мешавад ва ин ҳол дар муддате дароз пеш меояд. Дар оғоз хонаводаи кучак ташкил меёбад ва корҳои зиндагонӣ содда ва мухтасар аст. Сипас кам-кам ҷамъият инбисот пайдо мекунад ва деҳкадаҳо ва қасабот ва шаҳрҳо ва кишварҳо ва миллатҳо ва давлатҳои бузург сурат мегирад ва касбҳо ва пешаҳои ҷузъӣ мубаддал ба бозаргонӣ ва санойеъи бузург мешавад.”

* * *

(2) Яъне агар бихоҳем такомулро ба сурати як асли умумӣ барои ҳамаи ҷаҳон бипазирем, роҳи мунҳасир ин аст, ки аз тариқи фалсафаи куллӣ ва илми вуҷуд ворид шавем, ҳамчунон ки дар ин мақола ҳамин роҳ тай шуд. Ва аммо агар фалсафаи улоро ба баҳонаи ин ки як фанни сад дар сад таъаққулӣ аст ва танҳо назарияе қобили қабул аст, ки аз улум ва таҷрибиёт ва таҷассусоти улум реша бигирад, канор бигузорем, бояд ҳамеша аз ин асл ба унвони як асли умумӣ ва фалсафӣ чашм бипӯшем, зеро таҷрибиёт ва озмоишҳои башар нисбат ба мавориде, ки башар мехоҳад таъмим диҳад, он қадр ночиз аст, ки қобили тасаввур нест. Мо дар рӯи кураи кучаке ба номи “замин” зиндагӣ мекунем, ки нисбат ба ҷаҳони бузург зарраест, ки дар ҳисоб наяод. Таҷрибиёте дар мавриди махлуқоти ин замин анҷом медиҳем, ки он ҳам маҳдуд аст ба як идда афроди маъдуд. Агар бино бишавад, ки илҳомоти фикрии мо мунҳасиран аз ҳавосс ва озмоишҳои ҳиссӣ бошад, чӣ гуна мумкин аст битавонем доираи маълумоти худро то бениҳояти замонӣ ва маконӣ таъмим диҳем?!

Бархе аз фалосифаи Урупо ба куллӣ аз фалсафаи уло ва илми куллӣ рӯ гардонданд ва аз тарафи дигар чун аташи фалсафии худро наметавонистанд бо фаровардаҳои маҳдуди улуми ҳиссӣ фурӯ бинишонанд, ба фикр афтоданд, ки аз фаровардаҳои улум фалсафаи куллӣ ва умумӣ бисозанд. Аз он ҷумла Ҳерберт Спенсер аст. Вай мегӯяд:

Маърифат се дараҷа дорад: дараҷаи нахустин маърифате аст, ки тавҳид наёфта яъне маълумоте пароканда ва ҷузъист чунонки авом доранд. Дараҷаи дуввум маърифате аст, ки ниматавҳидёфта аст ва он улум ва фунун аст ҳамчун гиёҳшиносӣ ва ҷонваршиносӣ ва заминшиносӣ ва ситорашиносӣ ва монанди инҳо. Дараҷаи севвум, ки дараҷаи аълост маърифате аст, ки комилан тавҳид ёфта ва он фалсафа аст.”

Ба ақидаи Спенсер, ҳамин ки чанд қонуни илмӣ таҳти як қоидаи куллитар даромад, он қоидаро бояд “қоидаи фалсафӣ” номид. Аз муқоисаи усули такомули дорвинизм, ки мустақиман маҳсули таҷриба аст ва илмӣ ва зистшиносӣ аст, бо усули такомули Ҳерберт Спенсер, ки як силсила истинбототи куллитар аст аз маҳсулоти илмӣ, мафҳуми муддаои Спенсер равшан мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки ҳамон тавр, ки дар поварақиҳои ҷилди дуввуми “Усули фалсафа” гуфтаем, маҳдуд кардани илҳомоти фикрии башар ба он чи, ки аз роҳи ҳиссу таҷриба мерасад, мусталзими ин аст, ки на танҳо фалсафа надошта бошем, балки илм — яъне он чизе, ки Спенсер онро “дараҷаи дуввуми маърифат” номидааст — низ надошта бошем. Тафсили матлабро аз он ҷо бояд ҷустуҷӯ кард. Худи Ҳерберт Спенсер мутаваҷҷеҳ шудааст, ки таъмим додани таҷрибиёти маҳдуди заминӣ ба ҳамаи ҷаҳон бидуни иттико ба як қоидаи ғайритаҷрибӣ, газофе беш нест. Мегӯяд:

Ин ҳукм, ки бар ҷараёни амри олам ва сайри такомулии ҷаҳон мекунем албатта назар ба таҷориб ва машҳудоти мост ва то андозае содиқ аст, ки мушоҳидот ва таҷрибиёти мо метавонад фаро бигирад, яъне роҷеъ ба ҷаҳоне аст, ки дар он зист мекунем ва ба ҳиссу шуҳуди мо дармеояд ва барои муддате аз гузашта ва оянда, ки ҳиссу таъаққули мо аз рӯи қароин ва аморот метавонад бар он иҳота кунад, вагарна ҳукми мутлақ намекунем.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: