Шарҳи Маснавӣ (230)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (14)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 8

* * *

Он ба хок андар шуду кул хок шуд

В-ин намак андар шуду кул пок шуд.

Он ҷоне, ки авлиёро душман медорад, ба хоки сиёҳ фурӯ меравад ва яксара хок мешавад, вале ҷони авлиёуллоҳ монанди ин ки дар намак фурӯ рафта бошад, қалби моҳият мекунад ва ба куллӣ поку сапеду зоҳир мегардад.

Он намак, к-аз вай Муҳаммад амлаҳ аст,

З-он ҳадиси бонамак ӯ афсаҳ аст.

Ин покон бад-он намаке дармеоянд, ки Муҳаммад (с) аз он намакин гашт ва бар асари он ҳадиси намакин хушгуфтор шуд.

Амлаҳ: намакинтар, бонамактар. Афсаҳ: фасеҳтар, суханвартар.

Нукта: Онқуравӣ мӯътақид аст, ки ин байт ишора аст ба ду ҳадис аз ҳазрати Набӣ (с):

أنا أملح من أخي بوسف ويوسف أجمل مني

Ман аз Юсуф (а) намакинтарам, вале ӯ аз ман зеботар буд.” Ва:

أنا أفصح العرب

Ман фасеҳтарин марди араб ҳастам.” (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.798)

Бинобар ин, он намаке, ки руҳро аз ҳоле ба ҳоли дигар дармеоварад ва онро пок месозад, намаки маънавӣ аст, ки Муҳаммад (с) худро бад-он тавсиф намудааст.

Бинобар ин, манзур ин аст, ки душманони авлиёуллоҳ ва орифони ҳақиқӣ, фоқиди руҳу хоссияти ҳақиқӣ ҳастанд, балки танҳо колбаде беруҳ ва ҷисме бехоссияту беҳуда ҳастанд ва аз инсон будан фақат як лафзи холиро доранду бас. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1. с.620)

Ин намак боқист аз мероси ӯ,

Бо туанд он ворисони ӯ, биҷӯ.

Ин намаки маънавӣ аз мероси ҳазрати Муҳаммад (с) боқӣ мондааст, он ворисони пок ҳамакнун низ дар ҳузури ту ҳастанд ва ту метавонӣ он мероси маънавиро аз эшон талаб кунӣ.

Нукта: Он ворисон уламои ботинанд, чи мерос ҳамон аст, ки бе касбу машаққат ба даст ояд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.151)

Пеши ту шиста, туро худ пеш ку?

Пеш ҳастат, ҷони пешандеш ку?

Он авлиёуллоҳи раббонӣ аз ту дур нестанд, балки дар ҳузури ту нишастаанд, албатта пеши ҳақиқати ту ҳузур доранд, вале ту агар ҷони муҷаррадӣ, дигар пешу паси ту куҷост? Яъне ҷони муҷаррад ҷанбаи моддӣ ва ҷисмонӣ надорад, ки пешу пасу болову пойин дошта бошад. Ва модом ки дар доми ҳастии маҷозии худ асирӣ, ҷони мутлақу муҷаррад куҷост, яъне то вақте ки асири ҷисм ҳастӣ, ҷони латифу пок дар кор нест.

Шиста: нишаста.

Нукта: Ин ки авлиёуллоҳ дорои ҳақиқати навъия ҳастанд ва дар ҳар асру даврае қоим бар ҳидоят ва дастгирии халқанд, борҳо дар Маснавӣ зикр шудааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1. с.621)

Гар ту худро пешу пас дорӣ гумон,

Бастаи ҷисмиву маҳрумӣ зи ҷон.

Агар ту дар олами маъно барои худат самту ҷиҳат гумон кунӣ, ту вобаста ба ҷисм хоҳӣ буд, зеро ҷаҳон аз авсофи аҷсом аст, ва аз ин рӯ, аз ҷону олами маъно маҳрум хоҳӣ монд.

Зеру боло, пешу пас васфи тан аст,

Бе ҷиҳат, он зоти ҷони равшан аст.

Зеро поину боло ва пешу пас марбут ба ҷисм аст ва ҷони равшан ҷиҳат надорад, зеро руҳ муҷаррад аз модда аст.

Баргушо аз нури поки шаҳ назар,

То напиндорӣ ту чун кӯтаҳназар,

Ҳол агар майл дорӣ, ки ҷонро дарк кунӣ, пас ба чашми дил худро бо нури ҳақиқат бигушо, то дар ин бора, занну қиёс накунӣ ва роҳи шубҳаву гумон напӯӣ ва ҳамонанди кӯтоҳназарон напиндорӣ. (Яъне дар худ ба нури Ҳақ бибин, то дарёбӣ, ки ту дар зоти худ аз ҷисму авсофи ҷисм муназзаҳу пок ҳастӣ ва худро монанди кӯтаҳназарон, ки худро ба чашми сар мебинанд, мапиндор. Ҳол, агар ба чашми сирр ба худ назар кунӣ, мебинӣ, ки руҳу ҷони мутлақӣ. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.151))

Ки ҳаминӣ дар ғаму шодиву бас,

Эй адам, ку мар адамро пешу пас?

Ки ту ҳамин ғаму шодӣ ҳастӣ. Яъне мабодо монанди кӯтаҳназарон хиёл кунӣ, ки ҳақиқати инсон маҳдуд мешавад ба аҳволи оризӣ монанди ғаҳмо ва шодиҳо, ки ба шавоиби ҷисмонӣ олуда аст. Яъне хулоса фикр накунӣ, ки ҳақиқати инсон моддӣ ва маҳсус аст. Эй инсоне, ки ҳақиқати ту илоҳист! Ҳақиқати илоҳӣ куҷо пешу пасу ҷиҳат дорад?

Нукта: Дар инҷо “адам” ба маънои нестии маҳз нест, балки киноя аз олами илоҳӣ ва руҳи қудсии инсон аст, ки бар ҳасби зоҳир вуҷуд надорад. (Мукошифоти Разавӣ, с.155)

Рӯзи борон аст, мерав то ба шаб,

На аз ин борон, аз он борони Раб.

Борони раҳмати илоҳӣ фурӯ меборад, ва ту то фаро расидани шаби маргу фано ҳамчунон раҳ биспор ва он баҳраманд шав. Ин борон аз он боронҳои маъмулӣ нест, балки борони Парвардигор аст ва хоссияти он, зинда кардани дилҳост.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: