14 раъйи мувофиқ, 1 раъйи мухолиф; Омрико қатънома дар бораи Байтулмуқаддасро вето кард

Намояндаи Омрико дар Созмони Милал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи Фаластин, бо дифоъ аз мавозеъи Дунолд Тромп дар қиболи Байтулмуқаддас, таъкид кард, ки Вошингтун иштибоҳи давлати қаблии Омрико дар мавзӯъи музокироти созишро такрор нахоҳад кард.

Николай Младенов, намояндаи Созмони Милал дар умури Ховари Миёна, дар ин ҷаласа дар бораи иқдоми ахири раисиҷумҳури Омрико дар ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ сухан гуфт. Ӯ гуфт, ки Созмони Милал мӯътақид аст, ки мавзӯи Байтулмуқаддас бояд дар музокироти байни ду тарафи фаластинӣ ва исроилӣ мушаххас шавад ва қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи ин мавзӯъ бояд муроъот шавад.

Неки Ҳейли, намояндаи Омрико дар Созмони Милал ҳам сухан гуфт. Вай гуфт, ки ман дар ин шӯро вақти аъзои Шӯрои амниятро дар бораи сӯҳбат дар бораи пойтахти як кишвар намегирам.

Неки Ҳейли аз қатъномаи қаблии Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи маҳкумияти шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ, ки бо раъйи мумтанеъи давлати қаблии Омрико тасвиб шуд, ба шиддат интиқод кард.

Намояндаи Омрико дар Созмони Милал бо дифоъ аз мавозеъи давлати феълии Омрико дар қиболи Байтулмуқаддас, иддао кард, ки давлати Дунолд Тромп дар мавзӯи Фаластин, “бетараф” аст.

Ҳейли, дар бахше аз суханонаш, режими саҳюнистиро “бодавомтарин демукросӣ дар минтақа” хонд ва таъкид кард, ки давлати Омрико бори дигар “иштибоҳи” давлати собиқи ин кишвар дар ҳамвор кардани роҳ барои тасвиби қатънома алайҳи ин режимро такрор нахоҳад кард.

Намояндаи Миср дар Созмони Милал аз “иқдоми якҷониба” дар бораи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ интиқод кард ва чунин иқдомотеро “муғойир бо қавонини байналмилалӣ” хонд.

Вай аз ҳамаи аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал хост ба қатъномаи пешниҳодии Миср дар бораи мухолифат бо ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ раъйи мусбат диҳанд.

14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милал ба қатъномаи пешниҳодии Миср раъйи мусбат доданд, аммо Омрико бо вето, монеъ аз тасвиби он дар Шӯрои амният шуд. Ин қатънома бо эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ мухолифат мекард.

Неки Ҳейли, ки кишвараш танҳо кишваре буд, ки раъйи манфӣ ба қатънома дод, пас аз вето шурӯъ ба суханронӣ кард. Вай бо дифоъ аз иқдоми Омрико дар ветои ин тарҳ, муддаӣ шуд, ки ветои мазкур мутобиқ бо қатъномаҳои пешини Шӯрои амният будааст.

Ҳейли афзуд, ки “Уршалим (Байтулмуқаддас) пойтахти Исроил аст.”

Ӯ бо лаҳне қулдурмаобона хитоб ба дигар аъзои Шӯрои амният гуфт, ки Омрико иҷоза нахоҳад дод, ки кишваре дигар барояш тасмимгирӣ кунад ва “ҳокимияташро зери суол бибарад”.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: