Барканории Ато Муҳаммад Нур; рӯёрӯии ҷадиди Ашраф Ғанӣ бо тоҷикҳо

Бо вуҷуди ин ки ҳайати раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон дар бораи барканории Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балх ҳушдор дода буд, аммо Арги риёсати ҷумҳурии ин кишвар бо таъйини волии ҷадид барои Балх, вориди рӯёрӯии ҷадиде бо тоҷикон шудааст.

Аз аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ гузоришҳои мутаъаддиде аз барканории эҳтимолии Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балх мунташир шуд ва дар ниҳоят ин мавзӯъ мавриди таъйиди сарпарасти дафтари сухангӯи риёсати ҷумҳурии Афғонистон қарор гирифт.

Шоҳ Ҳусайн Муртазавӣ дар сафҳаи расмии Фейсбуки худ навишт: “Ато Муҳаммад Нур истеъфоеро, ки муддатҳо пеш ба риёсати ҷумҳурии Афғонистон дода буд, акнун мавриди таъйиди Ашраф Ғанӣ қарор гирифта ва фарди ҷадиде ба унвони волии Балх таъйин шудааст.”

Ҳамчунин идораи ургонҳои маҳаллии риёсати ҷумҳурии Афғонистон низ бо судури баёнияе эълом кард, Ашраф Ғанӣ муҳандис Довудро ба унвони волии ҷадиди Балх таъйин кардааст.

Ба гузориши Tasnimnews, арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ҳоле барои Балх волии ҷадиде таъйин кардааст, ки ҳайати раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ зимни эъломи ҳимояти қотеъ аз волии Балх, дар бораи барканории Ато Муҳаммад Нур ба Ашраф Ғанӣ дар ин бора ҳушдор дода буд.

Дар музокироте, ки рӯзи ҷумъа байни 30 узви аршади Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ аз ҷумла Салоҳуддин Раббонӣ бо Ато Муҳаммад Нур, дар Балх тасмим гирифта шуд, ки дар сурати барканории Ато Муҳаммад Нур аз сӯи Ашраф Ғанӣ, Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ бо давлати Афғонистон қатъи ҳамкорӣ карда ва ҳаводорони ин ҳизб алайҳи давлат қиём кунанд.

Аммо Ашраф Ғанӣ ба ҷои ин ки аз дари таъомул ва мусолиҳа бо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ворид шавад, Ато Муҳаммад Нурро барканор кард ва истеъфономаеро дастовези худ қарор дод, ки дар музокироти соли гузашта бар асоси шарту шуруте аз Ато Муҳаммад Нур гирифта буд.

Рӯзномаи “Иттилооти рӯз” низ ба нақл аз манобеи наздик ба Ато Муҳаммад Нур менависад: “Ато Муҳаммад Нур қасди канорагирӣ аз вилояти Балхро надорад ва истеъфономае, ки Ашраф Ғанӣ онро пазируфтааст, фоқиди эътибор буда ва марбут ба музокироти сиёсии соли гузашта аст.”

Ҳамчунин ҳайати раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон низ фаҳмондааст, ки қасди канор омадан бо истеъфои иҷбории Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балх бо Арги риёсати ҷумҳуриро надорад, бино бар ин, Абдуллоҳ низ бар сари дуроҳӣ қарор гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир кашмакаш байни Ато Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ, барои Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ таъйинкунанда маҳсуб мешавад, зеро вай, ки яке аз раҳбарони ин ҳизб ба шумор меравад, бо Арги риёсати ҷумҳурӣ вориди мубориза шудааст, ба ҳамин далел бархе аз коршиносон шикасти Ато Муҳаммад Нур дар баробари Ашраф Ғаниро ба масобаи сароғози заволи қудрати Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ медонанд.

Аз сӯи дигар, ҳукумати ваҳдати миллӣ танҳо бо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ дар ҷанг нест, балки бо соири аҳзоби мунтақид дар шарқу ҷануби Афғонистон низ дасту панҷа нарм мекунад, ки метавон аз гирдиҳамоии бузург дар Қандаҳор бо ҳузури беш аз 100 намоянда ва аҳзоби бузурги сиёсӣ ба таври намуна ном бурд.

Ба назари бархе аз коршиносон, бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот, ин ки Ашраф Ғанӣ ба барканории Ато Муҳаммад Нур иқдом кардааст, ба далели ҳимояти қотеъонаи нерӯҳои хориҷӣ ба хусус Омрико аз Арги риёсати ҷумҳурӣ аст.

Нерӯҳои хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Балх дар гузашта низ монеъи фуруди ҳавопаймоии женерол Дӯстум, муовини аввали риёсати ҷумҳурии Афғонистон шуда буданд ва ҳамчунин аз парвози Ато Муҳаммад Нур ба Қандаҳор мумониъат карданд, дар натиҷа ба назар мерасад, ки Ашраф Ғанӣ дар тақобул бо Ато Муҳаммад Нур аз ҳимояти нерӯҳои хориҷӣ бархӯрдор аст.

Бархе дигар аз коршиносон низ, ки ҳамвора аз саҳлангории давлати Афғонистон дар мубориза бо гурӯҳи теруристии ДОЪИШ интиқод мекунанд, барканории Ато Муҳаммад Нурро аз вилояти Балх, бахше аз барномаи нерӯҳои хориҷӣ барои интиқоли ДОЪИШ ба шимоли Афғонистон медонанд.

Бисёре аз мунтақидони ҳукумати ваҳдати миллӣ ва ҳатто намояндагони афғон ва бархе аз мақомоти давлатӣ, аз интиқоли ҷангҷӯёни ДОЪИШ аз Ироқ ва Сурия ба шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Бо ин вуҷуд, бояд мунтазир монд, ки Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон ин бор низ монанди гузашта бо роҳандозии чандин эътироз, гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот, ба ин иқдоми Ашраф Ғанӣ посух хоҳад дод ва ё поро фаротар аз он гузошта ва бо баргузории Луия Ҷирга барои ҷойгузинии ҳукумати ваҳдати миллӣ ё давлати муваққат иқдом хоҳад кард?

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: