Перейти к содержимому

“Баҳси ман аз табори хештан аст”

Посухи Дориюши Раҷабиён ба мақолаи хабаргузории “Ховар” таҳти унвони “Забони тоҷикӣ ба ҳувияти тоҷикӣ бегона нест”

Баростӣ, аз хабаргузории “Ховар” (бо вуҷуди ин ки бунгоҳи вазине нест) интизори посухи дархуреро доштам. Зеро ба ҳар рӯй, хабаргузории расмии як давлат аст. Ва интишори мақолае бо имзои мустаъор (“Фаридун Ориёӣ”) бо муҳтавое беандоза пуч аз як бунгоҳи хабарии расмӣ дар ҳар кишваре баъид аст.

Ба ҷои пардохтан ба якояки нукоти иддиъоҳои масхараи ҷанобон “Фаридун Ориёӣ” беҳтар аст худамро раҳо кунам ва ба осори бузургоне, ки дар он мақолаи зиддитоҷикон омада, ғӯтавар шавам:

Лоиқ Шеръалӣ:

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун,

Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун.

Лоиқ Шеръалӣ, бар хилофи “Фаридун Ориёӣ” (номи тақаллубӣ) тоҷике буд, ки забони худро порсӣ медонист ва дар тамҷиду сӯгаш месуруд:

Бе Рӯдакӣ шеъри мо бурун аз дар шуд,

Даврони ҳадиси форсӣ дигар шуд.

Айнӣ чу гузашт, ҷумла айнӣ карданд,

Ҳайҳот, бубин, ки наългар заргар шуд.

Устод Лоиқ ба ҳамин ноогоҳоне чун “Фаридун Ориёӣ”, ки бар миллати худ пушт кардаанд, мегуфт:

Кавдано, баҳс баҳси Эрон нест,

Баҳси ман аз табори хештан аст.

Оташи форсии ту – табхол,

Оташи форсии ман сухан аст!

Ин бебасарони сиёсатзада, ки як мавзӯъи ҳувиятиро сиёсӣ кардаанд, ҳатто як байтро пайдо накардаанд, ки баёнгари иддиъояшон бошад. Чанд байтеро дар тавсифи «дарӣ» овардаанд, ки сирфан сифати забони порсӣ ба маънои «дарборӣ» аст ва дар мақолаи пешин бар ин нукта таъкиди музоъаф шуд. Куҷост таъкид бар «тоҷикӣ»?! Нест. Чун «забони тоҷикӣ» як истилоҳи сиёсии Кремлин аст, ки воқеъияти вуҷудӣ надорад. Забони мову шумо, ки инҷо менивисему мехонем, чизе ҷуз ПОРСӢ нест.

Бобоҷон Ғафуров, ки замоне раҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон буд, дар гуфтугӯ бо як рӯзноманигори эронӣ (Сируси Ъалинажод) мегӯяд: «Хатари бузурги дигаре ҳам ҳаст, ки бояд ёдовар шавам. Дар Ҳинд ва дар Покистон дар гузашта шумори бисёре аз мардум ба форсӣ сухан мегуфтанд, вале ҳамвора теъдоди форсизабонон каму камтар мешавад ва ин хатари бузурге аст. Акнун танҳо насли гузашта каму беш ба забони форсӣ суҳбат мекунад ва наслҳои тоза нисбат ба ин забон бегонаанд. Масалан, ман ёд дорам панҷоҳ соли пеш мардуми Кашмир ҳама ба забони форсӣ суҳбат мекарданд, аммо ҳоло дигар касоне, ки ба форсӣ сухан мегӯянд, андаканд. Дар гузашта дар Афғонистон ҳам нисбат ба Тоҷикистон ва форсизабонони ин кишвар равише эъмол мешуд, ки хушоянд набуд. Забони форсӣ рафта-рафта маҳдуд мешуд ва ин маҳдуд кардан ба таври маснӯъӣ ва аз рӯи ъамд анҷом мегирифт, вале хушбахтона, давлати кунунӣ ба раҳбарии Сардор Муҳаммад Довудхон роҳи тозае пеш гирифтааст ва дубора роҳро барои забони форсӣ ҳамвор кардааст.

Мо тоҷикҳо наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем. Бояд ҳамаи инҳоро бо якдигар муттаҳид кард. Ҳарчи робита ва бархӯрди донишмандон дар байни мо дар миқёси ҷаҳонӣ зиёдтар шавад, ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз ин иртибот (бештар) баҳра хоҳанд гирифт».

То замоне ки ҳанӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия андак-андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд. Ин иттиҳоди, ба истилоҳ, форсизабонони Осиёи Миёна сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад«.

Инҳоро Бобоҷон Ғафуруф — Қаҳрамони Миллии Тоҷикистон ба дур аз чашми Шӯравии тоҷиккуш гуфтааст. Ва инро ҷанобони «Фаридун Ориёӣ» бояд аз бар кунанд.

Оё «соҳибон»-и имрӯзи Тоҷикистон бар даҳони Бобоҷон Ғафуруф ҳам мезананд, ки забони миллии Тоҷикистонро порсӣ медонист?!

Ҷанобон «Фаридун Ориёӣ» маро ба сиёсӣ кардани мавзӯъ муттаҳам кардаанд, аммо ба Парвардигор савганд, ки сиёситар аз дидгоҳи ин ховариёни сиёсатзада ҳеч дидгоҳеро дар мавриди забон нахондаам. Ба ин бетарбиятон бояд омӯзиши бисёр содае дод, ки забони ман ҳувияти ман аст, ва ҳеч касе, он чи Фаридуни Ориёӣ бошаду чи Фаридуни Тӯронӣ ё Фаридуни Қунғуротӣ, ҳаққи дахолат дар таъйни ҳувияти маро надорад.

Ман тоҷик ҳастам, яъне эронӣ. Забони модариам як ном бештар надорад, ки порсӣ аст. Пас Шумо, ҷанобон «Фаридун Ориёӣ»-ҳо, беҳтар аст ба ҷои ин корҳо ба фикри гузори Тоҷикистон ба хатти худаш (порсӣ) бошед.

Оё манзури шумо расмият додан ба «тоҷикӣ» набуд?! Ҳатто ҳамаи шоъирони барӯманди Тоҷикистон бо садоқати қалбу қаламу калом дар ситоиши «забони порсӣ» сурудаҳое доранд, аммо таҳмили сусиёлистӣ-кумунистии “тоҷикӣ”, ки имрӯза таҳмили “халқи демукротик” шуда, бар ҷони он бузургворон корсоз нашуда. Ва ҳаргиз ҳам нахоҳад шуд. Ҳаргиз қарор нест ҳама мисли ту фикр кунанд. Ин ки як масъалаи равшани зистшинохтист.

Пас бо ҳувияти мани тоҷики порсигӯ коре надошта бош, туе, ки худат ва ҳувиятатро бар душманони Рӯдакию Фирдавсӣ фурӯхтаӣ… Мутаассифам!

Аммо боз ҳам:

Зинда бод порсӣ!

Поянда бод Тоҷикистон!

Манбаъ: Гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: