Перейти к содержимому

“Мо аз тамоми гузинаҳо барои муқобила бо риёсати ҷумҳурии Афғонистон истифода мекунем”

Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон дар вокуниш ба барканории Ато Муҳаммад Нур, дар баёнияе эълом кард, ки агар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар бораи тағйири волии Балх таҷдиди назар накунад, ин ҳизб аз тамоми гузинаҳо барои бархӯрд бо ҳукумати ваҳдати миллӣ истифода хоҳад кард.

Салоҳуддин Раббонӣ, раҳбари Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ бо судури баёнияе мавзеъи ниҳоии ин ҳизб дар бораи барканории Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балхро эълом кард.

Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ дар ин баёния, ба Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳушдор дод, ки бояд дар тағйири волии Балх таҷдиди назар кунад, дар ғайри ин сурат Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ аз тамоми гузинаҳои мумкин барои бархӯрд бо ҳукумати ваҳдати миллӣ истифода хоҳад кард.

Дар ин баёния, барканории Ато Муҳаммад Нур ғайриқобили қабул эълом шуда ва масъулияти авоқиби ногувори он низ ба ӯҳдаи Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон гузошта шудааст.

Бар асоси ин баёния, агар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ин иқдоми инҳисорталабонаи худ, ки бо суистифода аз ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат мегирад, таҷдиди назар накунад, ин ҳизб аз тамоми гузинаҳои эҳтимолӣ истифода хоҳад кард.

Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ин ҳизб шароити “маъқул” ва “воқеъбинона”-ро ба Арги риёсати ҷумҳурӣ пешниҳод карда, аммо онҳо ба ҷои тафоҳум, роҳи тахосум ва моҷароҷӯиро дар пеш гирифтаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ дар интихоботи гузашта, бо вуҷуди тақаллуби густарда, бо дарки вазъияти ҳассоси Афғонистон бо ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ мувофиқат кард, аммо бо вуҷуди замонати Созмони Милал ва Омрико, Арги риёсати ҷумҳурии ин кишвар ба таъаҳҳудоти худ амал накарда ва ба дунболи инҳисори қудрат аст.

Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ таъкид кард, ки Ато Муҳаммад Нур аз аъзои аршади ин ҳизб аст ва Ҷамъияти Исломӣ яке аз тарафҳои аслии ташкилдиҳандаи ҳукумати ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад.

Бар асоси ин баёния, иқдомоти якҷонибаи бидуни тавофуқи тарафи мутақобил, асли мушорикатро нақз мекунад ва мабнои машрӯияти ҳукумати ваҳдати миллиро аз байн мебарад.

Ин ҳизб ҳушдор дод, ки нақзи тамоми мавориди тавофуқнома ва иқдомоти якҷониба, Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистонро водоштааст, то аз ҳаққи мардуми ин кишвар дар баробари ҳукумати ваҳдати миллӣ дифоъ кунад.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом кард, ки бо истеъфои Ато Муҳаммад Нур мувофиқат кардааст.

Аз сӯи дигар бархе аз расонаҳо ва аъзои Ҳизби Ҷамъият гуфтанд, ки Ашраф Ғанӣ истеъфономаи қадимиро дастовез қарор додааст.

Матни комили баёнияи Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистонро дар инҷо мушоҳида кунед:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: